Лутфӣ Зоҳидова
Лутфӣ Зоҳидова | |
---|---|
Лутфӣ Зоҳидова | |
Санаи таваллуд: | 6 ноябр 1925 |
Зодгоҳ: | Душанбе ҶШС Тоҷикистон |
Санаи марг: | 10 октябр 1995 (69 сол) |
Маҳалли марг: | Душанбе |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | раққосаи балет |
Мукофотҳо: | Дорандаи ҷоизаи Сталин (ҷоизаи давлатии СССР) (1949) орденҳои "Парчами Сурхи Меҳнат" ) ва "Нишони фахрӣ" |
Лутфӣ Зоҳидова (6 ноябри соли 1925 — 10 октябри 1995) — аввалин раққосаи балети ҶШС Тоҷикистон. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон. Ҳунарпешаи халқии СССР(1957). Зоҳидова дар саҳнаи Театри давлатии опера ва балети тоҷик ҳунарнамоӣ намудааст. Барои иҷрои партияи Лайлӣ (дар балети «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Сергей Баласанян) бо ҷоизаи Сталин (ҷоизаи давлатии СССР) (1949) сарфароз гардидааст. Бо орденҳои "Парчами сурхи меҳнат" ва "Нишони фахрӣ" мукофотонида шудааст.[1][2]
Лутфи Зоҳидова бори аввал дар балети тоҷик «Лайлӣ ва Маҷнун», ки 7 ноябри соли 1947 дар саҳнаи Театри давлатии опера ва балети тоҷик гузошта шуда буд, ҳунарнамоӣ намудааст. Балетмейстер Ғаффор Валаматзода, дирижёр Л. Левин, рассом Е. Чемодуров; дар нақшҳо: Лайлӣ – Л. Зоҳидова, Маҷнун (Қайс) – М. Қобилов, Ибни Салом – Рафаэл Толмасов, Навфал – М. Ҳасанов. Гурӯҳи эҷодкорон – С. Баласанян, Ғ. Валаматзода, Е. Чемодуров, Л. Зоҳидова, М. Қобилов соҳиби – ҷоизаи Сталин (ҷоизаи давлатии СССР) (1949) гардидаанд
Адабиёт[вироиш]
- Народные артисты СССР. В 2-х тт. / Авторы-составители М. В. Музалевский и В. Л. Иванов. — М.: РИЦ «Кавалер», 2007.
- Лутфӣ Зоҳидова // Конибодом. Энсиклопедия. – Душанбе, 2005. – С.103.
- Зоҳидова Лутфӣ // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1988. – ҷ.1. – С.473- 474.Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1988. – ҷ.1. – С.473
Эзоҳ[вироиш]
Пайвандҳо[вироиш]
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 6 ноябр
- Зодагони соли 1925
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Даргузаштагони 10 октябр
- Даргузаштагони соли 1995
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Википедия:Мақолаҳои бесурат дар бораи синамогарон
- Википедия:Синамогарон бидуни IMDb
- Ҳунарпешагони халқии ҶШС Тоҷикистон
- Ҳунарпешагони халқии ИҶШС
- Ҳунарпешагони хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон
- Раққосаҳои балети театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ
- Ҳунарпешаи театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон