Лутфӣ Зоҳидова
Лутфӣ Зоҳидова | |
|---|---|
| Лутфӣ Зоҳидова | |
| Таърихи таваллуд: | 6 ноябр 1925[1] |
| Зодгоҳ: | Душанбе ҶШС Тоҷикистон |
| Таърихи даргузашт: | 10 октябр 1995 (69 сол) |
| Маҳалли даргузашт: | |
| Шаҳрвандӣ: | |
| Касб: | раққосаи балет |
| Ҷоизаҳо: | |
Лутфӣ Зоҳидова (6 ноябри 1925 — 10 октябри 1995) — нахустин раққосаи балети ҶШС Тоҷикистон буд. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон. Ҳунарпешаи халқии СССР(1957). Зоҳидова дар саҳнаи Театри давлатии опера ва балети тоҷик ҳунарнамоӣ кардааст. Барои иҷрои нақши Лайлӣ (дар балети «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Сергей Баласанян) бо ҷоизаи Сталин (ҷоизаи давлатии СССР) (1949) сарфароз гардидааст. Бо орденҳои «Парчами сурхи кор» ва «Нишони ифтихорӣ» арҷгузорӣ шудааст.[2][3]
Лутфӣ Зоҳидова нахустин бор дар балети тоҷик «Лайлӣ ва Маҷнун», ки 7 ноябри соли 1947 дар саҳнаи Театри давлатии опера ва балети тоҷик иҷро шуда буд, ҳунарнамоӣ кардааст. Балетмейстер Ғаффор Валаматзода, дирижёр Л. Левин, рассом Е. Чемодуров; дар нақшҳо: Лайлӣ – Л. Зоҳидова, Маҷнун (Қайс) – М. Қобилов, Ибни Салом – Рафаэл Толмасов, Навфал – М. Ҳасанов. Гурӯҳи эҷодкорон – С. Баласанян, Ғ. Валаматзода, Е. Чемодуров, Л. Зоҳидова, М. Қобилов бо ҷоизаи Сталин (ҷоизаи давлатии СССР) (1949) сарфароз гардонида шуданд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Народные артисты СССР. В 2-х тт. / Авторы-составители М. В. Музалевский и В. Л. Иванов. — М.: РИЦ «Кавалер», 2007.
- Лутфӣ Зоҳидова // Конибодом. Энсиклопедия. – Душанбе, 2005. – С.103.
- Зоҳидова Лутфӣ // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1988. – ҷ.1. – С.473- 474.Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1988. – ҷ.1. – С.473
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Захидова Лютфи // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Сомонаи вазорати фарҳанги Тоҷикистон
- ↑ ЭАСТ, ҷ.1.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 6 ноябр
- Зодагони соли 1925
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Даргузаштагони 10 октябр
- Даргузаштагони соли 1995
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Ҳунарпешагони халқии ИҶШС
- Ҳунарпешагони халқии ҶШС Тоҷикистон
- Барандагони Мукофоти сталинӣ
- Википедия:Мақолаҳои бесурат дар бораи синамогарон
- Википедия:Синамогарон бидуни IMDb
- Ҳунарпешагони хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон
- Раққосаҳои балети театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ
- Ҳунарпешаи театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ