Лутфӣ Кабирова
Лутфӣ Кабирова | |
|---|---|
| Лутфӣ Раҳимҷоновна Кабирова | |
| Номи пурра | Лутфӣ Раҳимҷоновна Кабирова |
| Таърихи таваллуд | 7 октябри 1932 |
| Зодгоҳ | Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС |
| Таърихи даргузашт | 19 майи 2013 (80 сол) |
| Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
| Солҳои фаъолият | 1954—2013 |
| Кишвар |
|
| Пеша(ҳо) | овозхон, операхон |
| Навъи садо | сопрано |
| Сабк | мусиқии классикӣ, опера |
| Ҷоизаҳо |
|
Лутфӣ Раҳимҷоновна Кабирова (7 октябри 1932, Самарқанд — 19 майи 2013, Душанбе) — овозхони опера (сопранои лирикӣ-драмавӣ), Ҳунарпешаи халқии ИҶШС (1977).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Лутфӣ Кабирова хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (1949) ва Консерваторияи давлатии Маскав (1954) мебошад. Аз соли 1954 ӯ ба ҳайси солисткаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият намудааст.
Овози Лутфӣ Кабирова васеъ, дилнишин, тобишнок, хушифода ва таъсирбахш буд. Ҳунарпеша ҳиссиёти ботинӣ ва олами маънавии қаҳрамонони худро табиӣ ва фасеҳ ифода мекард.
Маҷалла ва муҳаққиқон маҳорати ӯро чунин баҳо додаанд:
«Овозаш фораму ҷарангдор буда, услуби овозхониро дар ҳамаи регистрҳо моҳирона истифода намудааст. Ӯ тавассути овозхонӣ ҳолатҳои гуногуни қаҳрамонон ва шӯру ғалаёни ботинии онҳоро амиқу равшан ифода месозад».— Н. Нурҷонов[1]
Образҳои саҳнавӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Кабирова дар операҳои классикии русу Ғарб як силсила образҳои барҷаста офаридааст:
- Мария, Татяна, Лиза («Мазепа», «Евгений Онегин» ва «Модкаи қарамашшоқ»-и П. Чайковский, 1957, 1958, 1962);
- Дездемона, Леонора («Отелло» ва «Трубадур»-и Ҷ. Верди, 1966, 1967);
- Чио-чио-сан (операи ҳамноми Ҷ. Пуччинӣ, 1971).
Дар операҳои тоҷик низ нақшҳои хотирмон офаридааст:
- Нисо («Бахтиёр ва Нисо»-и С. Баласанян, 1954);
- Гулрӯ («Пӯлод ва Гулрӯ»-и Шарофиддин Сайфиддинов, 1957);
- Сурма («Домоди номдор»-и С. Урбах, 1961);
- Малоҳат («Бозгашт»-и Я. Сабзанов, 1976).
Дар операҳои композиторони шӯравии рус нақшҳои зеринро иҷро намудааст:
- Анхела («Духтари Куба»-и К. Листов, 1963);
- Наталия («Дони ором»-и И. Дзержинский, 1975);
- Катерина («Духтари ромшуда»-и В. Шебалин, 1959, 1976).
Дар опереттаҳо низ ба бозёфтҳои эҷодӣ ноил гардид, аз ҷумла Силва ва Маритса (аз опереттаҳои ҳамноми И. Калман). Дар барномаи консертии ӯ арияҳо аз операҳо ва сурудҳои композиторони тоҷик, рус ва дигарон ҷой доштанд. Кабирова ба мамлакатҳои Полша, Эрон, Олмон, Белгия, Дания, Австрия, Туркия ва дигар кишварҳо сафарҳои ҳунарӣ дошт[1].
Ҷоизаҳо ва унвонҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҳунарпешаи халқии ИҶШС (1977);
- Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон;
- Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат;
- Медалҳо ва Грамотаҳои Ифтихории Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон[1].
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б. Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С. 163—164. — 480 с. — ISBN 978-999-47-43-90-2.
- Народные артисты СССР. В 2-х тт. / Авторы-составители М. В. Музалевский и В. Л. Иванов. — М.: РИЦ «Кавалер», 2007.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 3 Обидпур Ҷ. (2019). зери назари Б. Қобилова, ed. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ. Душанбе: Аржанг. pp. 163—164. ISBN 978-999-47-43-90-2. Unknown parameter
|lang=ignored (|language=suggested) (help)
- Зодагони 7 октябр
- Зодагони соли 1932
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Самарқанд
- Даргузаштагони 19 май
- Даргузаштагони соли 2013
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Pages with citations using unsupported parameters
- Овозхонҳои Тоҷикистон
- Овозхонҳои тоҷик
- Ҳунарпешагони халқии ИҶШС
- Ҳунарпешагони халқии ҶШС Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ
- Ҳунарпешазанҳои театри Тоҷикистон