Jump to content

Маздаясно

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Маздаясна)

Маздаясно (порсӣ: مزدیسنا ), зардуштия, зартуштия ё дини Зардушт — ойини бостонии эрониён, ки дар нимаи аввали ҳазорсолаи 1 то мелод ташаккул ёфта, бо номи асосгузораш Зардушти Спитамон машҳур шудааст. Зардуштия яке аз динҳои яктопарастӣ дар ҷаҳон, дорои сохтори мушаххас ва аҳкоми динӣ бар пояи ахлоқ мебошад.

Ҷаҳонбинии зардуштӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Худо дар Маздаясно

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зардуштия, ки бар асоси Авесто бунёд шудааст, Аҳура Маздоро Худованди яккаву танҳо мешиносад ва ҳар файзу баракатеро, ки ба инсон мерасад, аз ӯ медонад; деву карапан (ифрит)-ҳо сазовори ситоиш нестанд, зеро ба инсон танҳо гумроҳӣ меоранд; гетӣ, ки дар он файзу баракоти бешумор, ростӣ, андешаи нек, тавоноӣ, ҷовидонӣ ва амсоли инҳо вуҷуд дорад, мазҳари Аҳура Маздост; мардум бояд ҳамарӯза барои навсозӣ ва ислоҳоти зиндагии саодатбори худ бикӯшанд ва бо хираду пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек, бо ободу зебо кардани сарзамину кишварҳо, бо шинондани дарахтон, шудгори замину коштани тухми ғалладона, ром кардани ҳайвоноту тарбияи инсони нек, таблиғи ростиву донишписандӣ ва адлу дод Аҳура Маздоро хушнуд кунанд ва бар зидди дурӯғ, ҷаҳолат, бемориҳо, пиндори бад, гуфтори бад ва кирдори бад ва амсоли инҳо, ки хосси Аҳриман ва ёрони ӯст, мубориза баранд.

Ислоҳоти динии Зардушт барои тавлиди давлати пуриқтидор ҳамчун заминаи идеологӣ хидмат кард. Дар ибтидо сарварони замон тарғиботи Зардуштро напазируфтанд, ки ин дар «Готҳо» хеле равшан акс ёфтааст: «Ба кадомин марзу бӯм рӯй оварам? Ба куҷо, ба кадом сарзамин биравам? Сипоҳиён ва пешвоён аз ман дурӣ гузинанд ва барзгарон мояи хушнудии ман нагарданд. Фармонравоёни дурӯғпарасти кишвар ба ман ситеза варзанд» (Яснои 48, 1). Тарғиботи ӯ минбаъд тарафдорони зиёд пайдо намуда, ҳамчун ғоя ба мутамаркизияти империяи бузурги Ҳахоманишиён хидмат кард. Зардушт кӯшид ба ҷои эътиқодҳои парокандаи қабилавӣ, ки ба мутамаркизонии давлат монеъ мешуданд, низоми мураттаби диниро танзим кунад.

Худи зардуштия дар заминаи ҳамин эътиқодҳои ибтидоӣ (маздоия, меҳрпарастӣ ва ғ.) ташаккул ёфтааст. Зардушт Аҳура Маздоро ба дараҷаи Худои муқтадиру офаридгор бардошт, вале аз таъсири анъанаҳои динии пешин дур шуда натавонист. Дар ташаккули идеологияи зардуштия тазодди амиқи ҷамъият, хусусан муборизаи шадиди қабилаҳои муқимӣ бо кӯчманчиён, ғуломон бо ғуломдорон ва шароити ноҳамвори табиат таъсири амиқ гузошт. Ҳамаи ин аҳкому таълимоти зардуштия дар Авесто баён шудааст. Дар «Готҳо» Аҳура Маздо офаридгори ягона буда, Спентамайню (ҳомии некӣ, нуру рӯшноӣ ва ҳама мавҷудоти муфид) ва Анграмайню (Аҳриман; ҳомии бадӣ, зулмат ва мавҷудоту падидаҳои палид) ду зот аз офаридаҳои аҳурамаздоӣ ҳастанд, ки инкишофи ҷаҳонро раҳнамоӣ мекунанд. Онҳое, ки пайрави Спентамайнюанд, ростӣ, некӣ ва нурро пазируфтаанд ва онҳое, ки бадию зулматро интихоб кардаанд, пайрави Анграмайнюанд. Инсон дар интихоби ин ду зот соҳибихтиёр аст ва вобаста ба интихоби худ тақдири ояндаи хешро муайян мекунад. «Чун ин ду гавҳар ба ҳам расиданд, аз гавҳари нахустин кохи пуршукӯҳи ҳастӣ барафрошта шуд ва аз дуввумин сафои тираи нестӣ бунён гирифт» (Ясно 30, 3-4). Ин ду гавҳар — Спентамайню ва Анграмайню дар ҳама падидаву зуҳуроти олам таъсири баробар доранд. Спентамайню аз Офтоб, Моҳ, сайёраву ситораҳо, падидаҳои нек, ҳайвоноту рустаниҳои муфид пуштибонӣ мекунад, Анграмайню зимистон ва жолаи харобиовар, арвоҳи палид, мору каждум (хрифастра) ва дӯзахро дастгирӣ мекунад. Баъд «ҳар як аз он ду гавҳар мардумро ба оин ва кеши хеш фаро хонд» (Ясно, 31, 12). Дар ин миён некандешон гавҳари ростинро баргузиданд ва бадандешон гавҳари дурӯғинро" (Ясно, 30,3).

Донишмандон ба зардуштия ду давраро нисбат медиҳанд: гоҳонӣ ва сосонӣ. Оини зардуштияи гоҳонӣ аз Аҳура Маздо ҳамчун офаридгори некӣ ёд мекунад, ки ҷаҳони минӯӣ ва моддиро офарид. Ҷаҳони моддӣ ҷилвае аз ҷаҳони минӯӣ аст ва ҳар чиз дар ин ҷо намунае дар он олам дорад. Тамоми бадиҳо ба Анграмайню нисбат дода мешаванд, аммо сифати офарандагӣ ба ӯ тааллуқ надорад. Бино бар ин, муҳаққиқон ба яктопарастии оини зардуштияи гоҳонӣ қоиланд. Дар даврони Сосониён зардуштия бо боварҳои муғон даромехта, ба як дини санавӣ табдил ёфт, яъне ду офаринанда — Аҳура Маздо ва Аҳриман дар баробари ҳам қарор гирифтанд ва дар канори Аҳура Маздо теъдоде аз худоёни бостонии Эрони Бостон дубора эҳё шуданд, мас., Митра, Аноҳито, Баҳром ва дигарон. Изофа шудани яздонҳои мазкур кори эътибору парастишро печидатар кард, аз ин рӯ, ниёз ба як табақаи рӯҳонӣ эҳсос шуд. Муғон, ки як қавми модҳо буданд, ин ҳирфаро ба худ ихтисос доданд; оинҳои сахту душвор ва маросими тӯлониву печидаи ниёишӣ ин динро аз ҳамаписандӣ дур ва фишори рӯзафзуни мубадон мардумро аз зардуштия гурезон кард, бидъатҳои гуногун пайдо шуданд ва мазҳабҳое чун зурвония, монавия ва маздакия аз он ба вуҷуд омада, мардум ба оинҳои дигар моил шуданд. Дар натиҷа зардуштия заиф гирдид.

Офариниши олам

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тибқи оини зардуштия, бунёд ва таърихи оламро, ки аз чор даври 3000-солӣ иборат аст, муборизаи хайру шар, нуру зулмат ташкил медиҳад. Дар охири давраи чорум паёмбари охирини Аҳура Маздо, «наҷотбахш» — Сушиёнт ё Саошианта (муродифи Маҳдӣ) омада, аз ғалабаи неруи некӣ бар бадӣ башорат медиҳад. Дар зардуштия олам дар шаш навбат ё замон (паҳлавӣ: госонбор) офарида шудааст. Аҳура Маздо дар нахустин госонбор (40 рӯз) осмон, дар дуввумин госонбор (60 рӯз) об, дар севвумин госонбор (75 рӯз) замин, дар чаҳорумин госонбор (30 рӯз) гиёҳу рустанӣ, дар панҷумин госонбор (80 рӯз) ҷонварон ва дар госонбори шашум (75 рӯз) одамро офарид. Мувофиқи кайҳоншиносии зардуштия олам курашакл тасаввур мешавад. Замин низ ҳамвор набуда, шакли доираро дорад ва дар маркази осмон муаллақ аст. Осмон, замин, об ва ҳар чизи дигаре, ки даруни он аст, ба шакли тухм аст. Осмон болои замин монанди тухми мурғ бо дасткории Офаридгор муназзам шудааст. Шабоҳати Замин дар миёни Осмон монанди зарда аст миёни тухм. Об дар миёни Замину Осмон ҳамчун об дар тухм аст. Дар Замин аввал филиззот, баъд наботот ва ниҳоят ҳайвонот офарида шудаанд. Махлуқи олии олам одам аст. Ба ақидаи зардуштиён, инсон аз ду унсур ё ҷузъ — ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ иборат аст. Унсури ҷисмонӣ баъди фавт дар олами гетӣ ва унсури рӯҳонӣ ҷовид дар олами миноӣ мемонад. Рӯҳи одамӣ подоши аъмолеро, ки дар ин ҷаҳон ба ҷо овардааст, дар он дунё дармеёбад. Фаришта Геушурван корномаи зиндагии одамро бодиққат менависад ва тамоми афъол, аъмол ва афкорашро ҳисоб мекунад. Мувофиқи аҳкоми зардуштӣ баъди марг рӯҳи одамӣ бояд аз болои пули чинвот гузарад. Агар аъмоли солиҳа бар гуфтору кирдори зишти инсон бартарӣ дошта бошад, ӯ ба осонӣ аз болои олами Аҳриман гузашта, ба олами саодати ҷовид, олами Аҳура Маздо меравад. Дар акси ҳол, ба азобу кулфати оташи сӯзони аҳриманӣ гирифтор мешавад. Вале агар кас «гоҳ андеша, гуфтор ва кирдори нек ва гоҳ андеша, гуфтор ва кирдори бадро пайрав бошад… дар рӯзи пасин бо бозхости Аҳура Маздо ба ҳаместакон (барзах) равад» (Ясно, 47, 4). Одамӣ махлуқи Аҳура Маздо бошад ҳам, озод ва фоили мухтор аст, ҷазою сазои рӯҳ барои аъмоли дунёӣ ба худи инсон вобаста аст. Ӯ метавонад мувофиқи иродаи худ дар муборизаи байни нуру зулмат ширкат варзад, вале масъулият барои интихоби қувваҳои некию бадӣ ба зиммаи худи одам аст.

То офариниши олами моддӣ Аҳура Маздо як силсила махлуқоти рӯҳонӣ — шаш Амшоспандон офарид, ки ба ӯ ҳам дар масъалаҳои офариниш ва ҳам дар муборизаи зидди Аҳриман ёрӣ мерасонданд. Доираи амали ҳар як Амшаспента чунин муайян шудааст: 1) Воҳумана — фариштаи андешаи нек; 2) Ашаваҳишт — ростӣ ва дурустӣ; 3) Хшатриявайра — қудрат ва салтанати комил; 4) Спентаармайти — ибодат ва судбахш, духтари Аҳура Маздо; 5) Ҳоурватат — камол, балоғат ва тандурустӣ; 6) Амеретат — бақо, абадият ва ҳаёти ҷовидонӣ. Парастиши Амшоспандон на танҳо барои муътақидони зардуштӣ, балки барои худи Зардушт низ ҳатмист. Онҳо дар андеша, гуфтор ва кирдор яксонанд. Дар тақвими зардуштӣ ба Амшоспандон моҳи муайян ва рӯзи махсуси ҳар як моҳ бахшида шудааст. Дар муборизаи хайр бар шар эзидҳо (арвоҳи пок) мақоми хос доранд. Эзиди аввалин нигаҳбони нуру Осмон, худои ғалаба Митра ё худ Меҳр мебошад. Парастиши Митра дар зардуштия аз эътиқодҳои қадими Шарқ иктисоб шудааст. Дар Авесто (Меҳр-Яшт) Митра ҳомии ахлоқи ҳамидаю ростӣ ва душмани дурӯғ тавсиф шудааст.

Ба эзидҳо нӯшокии мафтункунанда — ҳаома (муродифи саомаи ҳиндӣ) низ мансуб аст. Садақаи ҳаома ба мардум ибодати асосӣ дар зардуштия аст. Мувофиқи аҳкоми зардуштия, ҳаома инсонро аз наҷосат пок мекунад, арвоҳи бадро меронад, бахту саодат ва тандурустӣ меорад, душманонро сарнагун мекунад. Ҳаома ба занону писарони номвару порсо зӯру неру медиҳад, ба ростон покӣ ва фарзонагӣ мебахшад (Ясно, 9, 19-27). Ниҳоят, ҳаома дурдорандаи марг аст.

Дар Авесто (Фарвардин Яшт) манбаи ҳама мавҷудот гурӯҳи севвуми арвоҳи муқаддас — фравашҳо (паҳлавӣ — фроваҳар, фурӯҳар, фар) — рӯҳи мурдагон ва зиндаҳо дониста шудааст. Фравашҳо дар тамоми олам интишор ёфта, ба зиндаҳову мурдаҳо, ҳайвоноту рустанӣ, эзидҳо ва ҳатто Аҳура Маздо мансубанд. Хонаҳо, ҷамоа, ноҳияҳо, обу замин ҳама фраваши худро доранд. Тавассути онҳо табиат зинда, обҳо ҷорӣ ва фарзандон тавлид мешаванд, дар замин гиёҳу рустаниҳо месабзанд, одамону ҳайвонот ба ҳаракат медароянд. Аҳура Маздо ба туфайли фравашҳои тавоно осмонеро, ки оғоз ва анҷоми он дида намешавад, дар болои замин нигоҳ медорад. (Фарвардин Яшт, 1, 2-3). Фраваш аз ибтидо бо инсон ҳамроҳ гашта, то охири умр ӯро ҳифз мекунад. Инсон фравашҳоро ба ёрӣ мехонад, барои онҳо қурбонӣ, ибодат ва парастиш мекунад. Баъди фасоди мавҷуди ҳифзшаванда фраваш дар олами миноӣ мемонад. Фраваш қувваи ботиниест, ки ҳаракатро ба амал меорад. Худи ҳаракат натиҷаи амали фравашҳост. Мувофиқи анъанаи зардуштӣ, ҷирмҳои осмонӣ — Офтоб, Моҳ, ситораҳо дар оғоз беҳаракат буданд ва ҳаракати онҳо низ аз амали фравашҳо оғоз шуд. Фравашҳо нисбат ба олам муқаддам набуда, баъди офариниши олам ба вуҷуд омадаанд.

Аҳкоми зардуштия ситоиши Рашну (яздони адл), Арта (ҳомии оташ) ва Ардви (илоҳаи об, яке аз манбаъҳои зиндагӣ)-ро талаб мекунад. Оташ низ ҳамчун рамзи нур ва манбаи гармӣ сутуда мешуд. Баъдтар ин анъанаи зардуштия дар байни мардуми ноогоҳ боиси «оташпарастӣ» ном гирифтани ин оин гардид. Фирдавсӣ дар ин бора мегӯяд:

Магӯед, к-оташпарастон буданд,
Парастандаи пок Яздон буданд.

Ибодати зардуштӣ инчунин дуохонӣ, сурудани матнҳои динӣ (Готҳо) ва қироати Авесторо дар бар мегирад. Ба эзидҳо, дар муқобили ҳама шайъиёту рӯҳониёти поку нек Аҳриман ва девҳои сершумор (таҷассуми тамоюли бади инсонӣ ва ҳодисаҳои харобиовари табиат) муқобилат мекунанд. Тазодди некӣ ва бадӣ дар зиддияти Арта (таҷассуми нур, ҳақиқат, тантанаи ҳаёт) ва Друҷа (таҷассуми зулмат, дурӯғ, қашшоқӣ) Армаити ва Айшма низ зоҳир мешавад. Муборизаи некӣ бо бадӣ, нур бо зулмат ниҳоят бо ғалабаи пурраи хайру нур анҷом меёбад.

Рукни асосии таълимоти ахлоқии зардуштия пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек мебошад. Ба он душмата («пиндори бад»), ҷуҳма («гуфтори бад») ва ҷувармата («кирдори бад») муқобиланд. Зардуштия пайравони худро ба покӣ ва ростии рӯҳ, ҷисм, аносир, маскан ҳидоят карда, парҳезро аз пиндору гуфтору кирдори бад талаб мекунад. Таълимоти иҷтимоии зардуштия ба рушди кишоварзӣ ва чорводорӣ, афзудани захираҳои моддӣ диққати махсус медиҳад. Фаъолияти амалии одам бояд ба афзоиш ва тараққӣ додани сарватҳои зиндагӣ нигаронда шуда бошад. Бахту саодати мардум аз кишоварзӣ, пеш аз ҳама, истеҳсоли гандум, вобаста аст. Аноҳито ҳомии кишоварзию заминдорист. Дар айни ҳол одам бояд чорводориро низ инкишоф диҳад.

Дар зардуштия се навъи таҳорат вуҷуд дорад: 1. Подёб — маъмултарин равиши таҳорат; рӯзона анҷом шуда, дар ин равиш дасту рӯй ва пойро мешӯянд. Ҳангоми шустушӯ таҳораткунанда номи Аҳура Маздоро ба забон меорад ва дуои «ашам ваҳу» мехонад. Подёб пас аз бедор шудан аз хоб, пеш аз хӯрдани хӯрок ва пеш аз хондани намозҳои рӯзона анҷом дода мешавад. 2. Ноҳин — таҳорати махсуси кӯдаконе, ки ба синни балоғат мерасанд; ба ин манзур барои онҳо маросими «навзуд» барпо мешавад. Ҳангоми аввалин маросими «сидрапӯшӣ» ва издивоҷ низ ин навъи таҳорат анҷом дода мешавад. 3. Баршанум — сахттарин навъи таҳорат, махсуси касоне аст, ки бо ҷасад сару кор доранд ё гуноҳи бузургеро муртакиб шудаанд. Мубадон ҳангоми расидан ба мақоми баландтар бояд ин навъи шустушӯйро анҷом диҳанд. Баршанум дар макони махсусе анҷом мешавад ва 9 шабонарӯз давом карда, зимнан чандин фасли Ясно хонда мешавад; таҳораткунанда ҳангоми таҳорат бояд дар маърази нури хуршед қарор гирад.

Дар зардуштия пеш аз хӯрдани хӯрок дуои махсус хонда, сипас хӯрок дар хомӯшии тамом истеъмол мешуд, зеро ҳангоми хӯрокхӯрӣ суҳбат кардан гуноҳ ба шумор мерафт. Шустани дастону даҳон ва хондани дуои хос пас аз хӯрдани хӯрок яке аз муҳиммоти зардуштия ба шумор мерафт.

Намозҳои рӯзона дар зардуштия: суруши божи сари шаб — дуое, ки пеш аз хоб ва рафтан ба рахти хоб хонда мешуд; суруши бож ё найранги дастшӯ — дуое, ки пеш аз бедорӣ ва ҳангоми шустани дасту рӯй хонда мешуд; хуршедниёиш — намозе, ки се бор дар рӯз — субҳгоҳ, зуҳр ва ҳангоми ғуруби хуршед хонда мешуд; меҳрниёиш низ се бор дар рӯз бе фосила, пас аз хуршедниёиш хонда мешуд. Ҳангоми саҳар намози дигаре, ки «ҳушбом» ном дорад, низ адо мегардид. Ғайр аз инҳо, «найранги куштӣ бастан» ба ҳангоми бастани камарбанд (куштӣ), пас аз бархостан аз хоб, пас аз қазои ҳоҷат ва ғизо хӯрдан хонда мешуд. Намозҳои дигар: моҳи ниёиш — се бор дар моҳ хонда мешуд (ҳангоми моҳи комил, моҳи нима ва ҳилолмоҳ); обонниёиш — дар рӯзи даҳуми ҳар моҳ хонда мешуд; дар рӯзҳои чаҳорум, даҳум, сиюм ва охири ҳар сол дуои «даҳмонофарин» хонда мешуд. Ҳангоми шурӯи коре, харид, хостгорӣ низ дуоҳои кӯтоҳ хонда мешуданд.

Дар зардуштия шаш навъи ҷашни марбут ба офаринишҳои шашгонаи Аҳура Маздо вуҷуд доштааст: 1. Мидевразмгоҳ, гоҳанбори офариниши осмон аз 11 то 15-уми урдубиҳишт. 2. Мидевразмгоҳ, гоҳанбори офариниши об аз 11 то 15-уми тирмоҳ. 3. Ибтийшаҳимгоҳ, гоҳанбори офариниши замин аз 26 то 30-юми шаҳривар. 4. Аёсаримгоҳ, гоҳанбори офариниши гиёҳ аз 26 то 30-юми меҳр. 5. Мидёримгоҳ, гоҳанбори офариниши ҷонварон аз 16 то 20-уми дай. 6. Ҳамаспадмадамгоҳ, гоҳанбори офариниши инсон, панҷ рӯзи биҳизак. Ҳар гоҳанбор панҷ рӯз давом мекард. Меҳргон дуввумин иди бузург аст, ки ба зардуштия нисбат медиҳанд. Ҷашни Сада дар шаби 11-уми баҳман барпо мешуд, ки оташафрӯзӣ аз маросими он аст. Ҷашни Испандормуз ё муздгирон иди махсуси занон буд, ки дар панҷуми исфанд баргузор мешуд ва мардон ба занон ҳадяҳо медоданд.

Дар зардуштия хок, об, оташ ва ҳаво муҳтарам дониста шуда, ҷасади одам нопок ба шумор меравад ва бо он ин чаҳор унсурро олуда намекунанд. Ҷасад дар маконҳои саркушод («истудон» ва «дахма») берун аз шаҳр гузошта шуда, туъмаи парандаҳову дарандаҳо мешуд. Дар Язду Кирмони муосир зардуштиён ҷасадҳоро дар тобутҳои оҳанӣ андохта, дафн мекунанд, то бо таҷзия шудан хок олуда нагардад.

Омӯзаҳои зиндагӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зардуштия баробарии зану мардро дар ҳама масоили зиндагӣ эътироф мекунад. Зардуштия танҳо никоҳи яка ба якаро раво мешуморад. Дар давраи ҳукмронии Сосониён зардуштия пурра ба дини давлатӣ табдил ёфт ва баъди истилои араб боз 3-4 аср нуфузи худро нигоҳ дошт, вале бо интишори ислом дар Шарқи Миёна таъсири худро аз даст дод. Зардуштиёни муосир — порсҳо дар Мумбай ва габрҳо дар Эрон (Язду Кирмон) аксари расму таомули зардуштияро нигоҳ доштаанд. Қисмҳои боқимондаи Авесто маҳз ба туфайли онҳо то замони мо расидаанд.

Ҷиҳатҳои мухталифи аҳкоми зардуштия ба яҳудия, масеҳият, ислом, гностисизм, фирқаҳои масеҳии павликианӣ ва қаторӣ таъсир расондаанд.

  • Погодин А. А. Религия Зороастра. СПб., 1903;
  • Струве В. В. Родина зороастризма // Советское востоковедение. Т. 5. 1948;
  • Gnoli Gherardo. Zoroaster’s Time and Homeland: A Study on the origins of Mazdeism and Related Problems. Instituto Universitario Orientale, Seminario di Studi Asiatici, (Series Minor VII), Naples, 1980;
  • Ғафуров Б. Ғ. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна. Ҷ. 1. Д., 1983;
  • Бойс М. Зороастрийцы. Верования и обычаи. М., 1988;
  • Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ. Д., 2006;
  • Бобо-Назар Ғаффор. Кеши зардуштӣ. Д., 2011.
  • وستانامه مینوی آیین زرتشت. از گزارش ابراهیم پور داود. تهران، ١٣٤٣ ش.؛
  • اوستا. جلد ١٢. تهران، ١٣٧٠ ش.؛
  • اوشیدری جهانگیر. دانشنامۀ مزدیسنا. تهران، ١٣٧١ ش.؛
  • دانشنامۀ دانشگستر. جلد ٩. تهران، ١٣٨٩ ش.؛
  • .آئین دین زرتشتی. بمبی، ١٣٩١ ش