Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев
Сурат
Таърихи таваллуд 15 феврал 1937(1937-02-15) (87 сол)
Таърихи даргузашт 24 ноябр 2004(2004-11-24)

Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев (Муҳаббатшоев Мазҳабшо Муъминшоевич; 15 феврали 1937, деҳаи Намадгут, ноҳияи Ишкошим — 28 ноябри 2004, Душанбе) — рӯзноманигори тоҷик. Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев 15 феврали соли 1937 дар деҳаи Намадгути ноҳияи Ишкошим дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Аввал дар мактаби ҳафтсолаи ба номи В.И Ленини зодгоҳашон ва баъдҳо мактаби миёнаро солҳои 1953—1956 дар мактаб-интернати ба номи С. М. Кирови шаҳри Хоруғ хатм кард. Пас аз хатми мактаб соли 1956 нусхахони (корректори) Нашриёти давлатии Тоҷикистон (ҳоло нашриёти «Ирфон») буд.

Солҳои 1956—1961 дар шуъбаи забон ва адабиёти тоҷики факултаи таъриху филологияи УДТ ба номи В. И. Ленин таҳсил кард.

Рӯзноманигорӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти журналистиашон аз соли 1958 ҳангоми донишҷӯӣ ба ҳайси котиби масъули рӯзномаи «Ба қуллаҳои дониш» (нашрияи УДТ ба номи В. И. Ленин) ва ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Дар посбонӣ» (Нашрияи Вазорати корҳои дохилии ҶСС Тоҷикистон 1961) оғоз ёфтааст. Баъдҳо солҳои 1962—1963 котиби масъули рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» буд.

Солҳои 1975—1977 дар факултаи журналистикаи Академияи илмҳои ҷомеашиносии назди КМ КПСС-и шаҳри Москва таҳсил карда онро бо дипломи аъло хатм кард.

Минбаъд 1977—1981, ҷонишини муҳаррири барномаҳои сиёсии Радиои Тоҷикистон, Сармуҳаррири барномаи «Ахбор» ва намоишҳои ҷамъиятию сиёсии Телевизиони Тоҷикистон, 1981—1986 аввал котиби масъул ва ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон», ҳоло («Адабиёт ва санъат») кор кард.

Солҳои 1986—1995 сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» буд[1].

Соли 1986 ҳамзамон ҷонишини якуми раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва узви Раёсати олии Иттифоқи журналистони СССР интихоб шуд.

Аз соли 1996 то соли 1998, то ба нафақа баромаданашон ёвари Президенти Тоҷикистон буд.

Мазҳабшо Муҳаббатшоев тӯли солҳои 2001—2002 мудири шуъбаи сиёсӣ ва узви ҳайати мушовараи ҳафтаномаи «Тоҷикистон», 2002—2004 ба ҳайси коршиноси сиёсӣ дар намояндагии созмони Интернюс-NETWORK дар Тоҷикистон ва ноиби продюссери барномаи телевизионҳои мустақили кишварҳои Осиёи Марказӣ — «Осиёи Кушода» ва омӯзгори стандартҳои муосири журналистика дар бозомӯзиҳои Интернюс-NETWORK дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Ӯ яке аз созмондиҳандагони Бунёди байналмилалии забони тоҷикии форсӣ буда, 14 октябри соли 1999 дар Анҷумани муассисони ин Бунёд узви Раёсат ва аз соли 2002 Раиси Бунёди забони тоҷикии форсӣ интихоб шуд.

Соли 1995 ташкилоти байналмилалии амрикоӣ Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоевро аз байни сармуҳаррирони рӯзномаҳои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ «Беҳтарин сармуҳаррир» ҳисобида, номашонро ба Энсиклопедияи (қомуси) "Кӣ кӣ ҳаст — беҳтарин муҳаррирон дар асри ХХ " ворид намуд.

Ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (1988), Олмон (1989), Финляндия (1992), Белгия (1989), Эрон (1992,1996), Афғонитсон (1992, 2001) сафарҳои хидматӣ ва эҷодӣ кард.

Соли 1989 вакили Конференсияи Х1Х умумииттифоқии ҳизби коммунист дар шаҳри Москав буданд, ки ин конференсия гузаштан аз системаи тоталитарӣ ба ҷомеаи шаҳрвандиро эълон кард.

Соли 1987 аз ҳавзаи интихоботии Роҳатии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) депутати Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 11) интихоб шуд.

Ифтихороту ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои хидматҳои арзандаашон бо медалҳои «Барои меҳнати шоён» (1984), «Ветерани меҳнат» (1986), ва медали ҷашнии «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба ифтихори 100 солагии зодрӯзи В.И Ленин» (1970), ду Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (1974, 1977) ва унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997) қадрдонӣ шудааст.

Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев аз соли 1989 Шаҳрванди ифтихории Иёлати Небраскаи ИМА буд.

Барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2000), Ҷоизаи «Сухан»-и маҳфили фарҳангии «Боргоҳи сухан» дар соҳаи журналистика (соли 2005, пас аз марг) мебош. Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев аз соли 1965 узви Иттифоқи журналистон СССР, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аз соли 1994 узви Конфедератсияи байналмилалии Иттиҳодияҳои журналистони ИДМ буд.

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Мазҳабшоҳ Муҳаббатшое 28 ноябри соли 2004 дар синни 67 солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт, ва дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]