Майда (суруд)
Зоҳир
“Майда”, майдо - “Майда” суруди меҳнатиест, ки аз пушти галагов ҳангоми кӯфтани гандуми даравида аз ҷониби хирманкӯбӣ суруда мешавад. Чун кори хирман сангин аст, кишоварз якмаром аз қафои говони корӣ ҳаракат мекунад, барои хаста нашудани худ ва говони корӣ суруд мехонад. Сурудҳои «Майда» матни муайян надоранд. Он тавассути нақарот аз жанрҳои гуногуни назми шифоҳӣ таркиб меёбад. Майдо бештар дар минтақаҳои марказӣ ва ҷануби Тоҷикситон маъмул мебошад. Дар вилояти Хатлон, водии Рашт нимфаъол аст.[1][2]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 12
- ↑ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ - Душанбе: "Ирфон", 2014, - С. 62