Мамнӯъгоҳи фарҳангӣ
Мамнӯъгоҳ - маҷмаъаи ёдгориҳои маданияти моддӣ ва табиӣ мебошад, ки дар ҳифзи давлат гирифта шудааст. Мамнуъгоҳҳо муфофиқи ҳадафашон - таърихию бостонӣ, мамнӯъгоҳи фарҳангӣ, табиӣ ва ғайра мебошанд.
Вазифаҳои мамнӯъгоҳи фарҳангӣ ҷамъ кардан, нигоҳ доштан, омӯхтан, барқарор кардани ёдгориҳои меъморӣ, корҳои ҳафриётӣ, консерватсия, азнавсозии ёдгориҳои кофташуда, оммавигардонии ёдгориҳои маданияти моддӣ ва маънавӣ, ба омӯхтани фарҳанг ва таърихи халқи тоҷик ҷалб намудани оммаи васеи халқ, ба ташаккул ёфтани ҷаҳонбинии илмию фарҳангии мардум мусоидат намудан, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани худшиносии миллӣ, зиндагардонии анъанаҳои миллӣ,ташвиқу тарғиб байни мардум оид ба аҳамияти ёдгориҳои меъморию бостонӣ ва ҳифзи онҳо ва ғ. мебошанд.[1]
Дар Тоҷикистон мамнӯъгоҳҳои таърихию бостонӣ ва фарҳангӣ дар ноҳияи Ҳисор — Қалъаи Ҳисор ва ноҳияи Восеъ — Хулбук ташкил карда шудаанд.
Инчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муқимов Р., Мамаджанова С. Энсиклопедия памятников.- Душанбе, 1981
- Муқимов Р., Сабзов У. Архитектурные памятники Гиссарской долины. - Душанбе, 2014.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Ҳисор/. -Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 380
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |