Jump to content

Марғузор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Марғузор
Макон
Кишвар
МинтақаВилояти Суғд

Марғзор (Марғузор) — кӯлест дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар нишебии шимолии қаторкӯҳи Ҳисор, дар водии қисми болооби дарёи Шинг шохоби рости дарёи Моғиён, Ҳавзаи Зарафшон воқеъ гаштааст. Дар миёни мавзеи «Ҳафткӯл» кӯлҳои Марғузор ё Ҳафт нозанини Шинг бо хусусиятҳои худ фарқ мекунад. Кӯлҳои Марғузор аз ҳафт кӯли фирӯзаранг иборат буда, силсиламонанд тавассути водии васеи дарёи Шинг ҷорӣ мешавад. Сабаби Марғузор ном гирифтани мавзеи «Ҳафткӯл» дар он аст, ки кӯли аз ҳама калонттарин дар инҷо «Марғузор» ном дошта, дарозиаш — 4,5 км, чуқуриаш 45 метр ва ҳудуди умумиаш 1,16 км² – ро ташкил медиҳад.[1] Баландии кӯл 2139 м аз сатҳи баҳр буда, масоҳати сатҳи кӯл 1,16 км тӯлаш 2650 м, бараш ба ҳисоби миёна 423 м, ҷойи аз ҳама чуқураш 46,7 м буда, ҳаҷми об 29 млн. м мебошад. Манбаи асосии кӯл оби дарёчаест, ки аз кӯли Ҳазорчашма 2 км болотар аз Марғзор ҷорист. Ғайр аз он ба кӯл боз 4 дарёча мерезад, ки манбаи онҳо чашмаҳои кӯҳӣ мебошанд. Кӯли Марғзор дар натиҷаи канда шудани кӯҳпора ва банд шудани маҷрои Шинг ба вуҷуд омадааст.[2]

Шоҳидон мегуянд, ки дар гузашта сатҳи об боз ҳам баландтар будааст ва аз сабаби боло шудан аз дарғот сатҳи он 25 метр коҳиш ёфтааст. Дар аёми баҳору тобистон гирду атрофии он аз ҳисоби гулу гиёҳҳо кабуди кабуд мешавад, аз ин хотир онро Марғзор номидаанд. Ҷои писандидаи сайёҳон аст. Мардум дар болои он деҳаи Оби ҳаёт ва канораш деҳаи Чакиро обод кардаанд. Аз ин кӯл пулакчамоҳи шикор кардан мумкин аст.[3]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Аз 7 мӯъҷизаи «Ҳафткӯл» то «Ниагара» – и Фон(тоҷ.). farazh.tj (2018). 18 июни 2025 санҷида шуд.
  2. Ҳомидов Д.Р. Таҳқиқи забоншиносии гидронимҳои мавзеъҳои таърихии тоҷикнишин/Рисолаи докт. илми филол. — Душанбе, 2018. — С. 123-124. — 470 с. (тоҷ.)
  3. ТОҶИКИСТОН АЗ АФЛОК АСТ»/ТВ "Сафина". 29 июли 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 апрели 2016.