Марҳабо Ҷабборова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Марҳабо Ҷабборова
муовини сарвазири ҷумҳурии тоҷикистон

Таваллуд

1958
ш.Конибодом

Марҳабо Ҷабборова - Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Марҳабо Ҷабборова 19 январи соли 1958 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таваллуд шудааст.

Маълумоташ олӣ, соли 1980 Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти рус бо дипломи аъло хатм кардааст. Доктори илмҳои филологӣ, профессор.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1980 ба сифати муаллими Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои муаллими кафедраи забони русӣ, аспирант, муаллими калон, дотсент, муовини декан оид ба тарбияи факултаи забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе кор кардааст.

Солҳои 1996-2003 дар вазифаи дотсент, профессор, ноиби ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия оид ба илм ва то соли 2010 дар мансаби ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз марти соли 2010 ба ҳайси раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият менамояд.

Бо ордени «Шараф» дараҷаи 1 сарфароз гардида, аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Оиладор ва соҳиби 3 фарзанд аст.

Бо фармони президенти Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2013 муовини сарвазири Тоҷикистон таъин гардид.

Забонҳои хориҷи - русӣ, англисиро озод медонад.

Пайвандҳо[вироиш]