Марҳабо Ҷабборӣ
Марҳабо Ҷабборова | |
Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
|
аз 23 ноябри 2013 | |
|
|
Таваллуд | 19 январ 1958 (66 сол) |
Ҳизб | ҲХДТ |
Фаъолияти илмӣ | |
Фазои илмӣ | забоншиносӣ |
Марҳабо Ҷабборӣ (Ҷабборова Марҳабо Тухтасуновна; 19 январи 1958, Конибодом, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — омӯзгор ва сиёсатмадор, доктори илмҳои филология, профессор. Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013—2016).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Марҳабо Ҷабборова 19 январи соли 1958 дар шаҳри Конибодом дар хонаводаи омсӯзгор ва Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Ҳабиба Каримова ба дунё омадааст. Соли 1980 Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Ленинободро бо тахассуси муаллими забон ва адабиёти рус хатм кардааст.
Хонавода
[вироиш | вироиши манбаъ]Оиладор ва соҳиби 3 фарзанд аст.
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Марҳабо Ҷабборӣ баъд аз хатми донишкада дар соли 1980 то соли 2001 дар якчанд муассисаи таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Хуҷанд (он замон Ленинобод), Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, ба ҳайси омӯзгор ифои вазифа кардааст.
Солҳои 2001—2003 ҳамчун ноиби ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар бахши илм ва солҳои 2003—2010 ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолият кардааст.
Аз 16 марти соли 2010 вакили парлумон ва раиси Кумитаи илм, маориф ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон буд.
Дар солҳои 2013—2016 муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Ҳоло ӯ ба ҳайси омӯзгор дар макотиби олии Душанбе ифои вазифа карда истодааст.
Ордену ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо «Ордени Шараф дараҷаи I», «Аълочии маорифи Тоҷикистон», Ифтихорномаҳои Вазоратҳои фарҳанг ва маориф сарфароз шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сомонаи Фараж(пайванди дастнорас)