Jump to content

Масҷиди Гавҳаршод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Масҷид
Масҷиди Гавҳаршод
Кишвар
Сабки меъморӣ Меъмории исломӣ
Таркиб хишт[1][2] ва Гач[2]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Масҷиди Гавҳаршод (форсӣ: مسجد گوهرشاد‎) — масҷид дар шаҳри Машҳади Эрон.

Масҷиди Гавҳаршодро бо дастури Гавҳаршод (завҷаи ҳокими Хуросон Шоҳрух, аз хонадони Темуриён) солҳои 1405-18 меъмори маъруфи хуросонӣ Қавомуддини Шерозӣ сохтааст. Он ҷузъи маҷмааи мақбараи ҳазрати Имом Ризо (а) мебошад. Масҷид бо сабки чаҳорайвонӣ бино ёфта, дар мобайн саҳн (ҳавлӣ)-и васеъ (50х55 м) дорад. Катибаҳои сершумори ин бино аз тармим шудани он дар давраҳои Сафавиён, Афшориён, Қоҷориён ва Паҳлавиён шаҳодат медиҳад. Дар давраҳои охир низ гунбаду айвонҳои он ҳамроҳ бо маҷмааи мақбараи Имом Ризо (а) комилан тармим ва бозсозӣ шудаанд. Дар ду тарафи айвони асли (ҷанубӣ)-и он 2 манораи кошикорӣ қарор доранд. Дар ин айвон катибае сабт шудааст, ки таърихи нигоришаш соли 821 ҳ. қ. (1418 м.) мебошад. Қисмате аз ин катиба ба хатти Бойсунқур буда, қисматҳои дигари он муталлиқ ба давраи Сафавиён аст. Дар катибаи Бойсунқур номи меъмори ин бинои машҳур «Қавомуддини Шерозӣ» омадааст. Дар ин бино катибаҳои дигаре низ ҳастанд, ки дар асрҳои 18, 19 ва 20 нигошта шудаанд. Дар пушти айвони ҷанубӣ (самти қибла) гунбази кошикорӣ воқеъ аст. Айвони шимолии бино бо равоқи Доруссиёда (мазор), аз маҷмааи оромгоҳи ҳазрати Имом Ризо (а), пайваст аст. Атрофи саҳнро ғурфаҳо ва айвончаҳои дутабақа фаро гирифтаанд. Дигар қисматҳои бино хобгоҳ (шабистон) мебошанд. Сатҳи намоҳои бино кошикорианд. Меҳроби бузурги он низ тазйиноти зебое аз кошиҳои ранга дорад.

  • دائرۃ المعارف فارسی. جلد دوم (بخش اول). تهران، ١٣۸٧ ؛
  • دانشنامۀ دانش گستر. جلد ١٥. تهران، ١٣۸۹ هـ. ش.ر