Матлубахон Сатториён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сатториён Матлубахон Амонзода
Сатторова Матлуба Амонҷоновна
аз 29 январи 2024
Пешгузашта Зулфия Давлатзода
3 ноябри 2020 — 29 январи 2024
Пешгузашта Ширин Исматуллозода
Ҷонишин Дилрабо Мансурӣ

Таваллуд 19 сентябр 1972(1972-09-19) (51 сол)
Ҳизб
Таҳсилот
Дараҷаи илмӣ номзади илмҳои филология[d] (2004)
Унвони илмӣ дотсент
Ҷоизаҳо

Матлубахон Сатториён (Сатториён Матлубахон Амонзода, пештар Сатторова Матлуба Амонҷоновна; зод. 19 сентябр 1972, ноҳияи Хуҷанд, вилояти Суғд) — ходими давлатӣ ва сиёсатмадори тоҷик, номзади илмҳои филология (2004). Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020—2024). Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз январи 2024).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Матлубахон Сатториён 19 сентябри соли 1972 дар ноҳияи Ғафуров таваллуд шудааст. Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи С. М. Кирови Хуҷандро бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик дар соли 1994 хатм кардааст[1].

Соли 2004 дар мавзӯъи «Хусусиятҳои лексикографияи форсӣ-тоҷикии нимаи дуюми асри 19 ва ибтидои садаи 20: (Дар асоси маводи Фарҳанги Низом)» рисолаи номзадиашро дифоъ кардааст[2].

Хонавода[вироиш | вироиши манбаъ]

Оиладор, соҳиби ду фарзанд[3].

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Матлубахон Сатториён солҳои 1994—2002 танзимгар, муаллима, сармуаллимаи кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, солҳои 2002—2003 муовини декан, сармуаллимаи кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, солҳои 2003—2008 сармутахассис, муовини мудири шуъбаи илм, сармуаллими кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кор кардааст.

Солҳои 2008—2011 раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, аз январ то августи соли 2011 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Табошар, солҳои 2011—2014 раиси шаҳри Истиқлол, солҳои 2014[4]—2018[5] раиси шаҳри Гулистон ва солҳои 2018—2020 раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд[6].

Матлубахон Сатториён аз 3 ноябри соли 2020[7][8][9] то 29 январи соли 2024 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон буд[10].

Аз 29 январи соли 2024 вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст[1].

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2011 бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2017 бо медали «Хидмати шоиста» қадр шудааст[11].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Сатториён М. А.. Президенти Тоҷикистон (29 Январ 2024).
  2. Особенности персидско-таджикской лексикографии второй половины XIX и начала XX вв. (на примере "Фарханги Низом)". disserCat (2004).
  3. Сатториён Матлубахон Амонзода. SugdNEWS (17 августи 2017). 4 ноябри 2020 санҷида шуд.
  4. Таъиноти кадрӣ. Президенти Тоҷикистон (12 феврали 2014).
  5. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд озод намудани Сатториён М. А.. Президенти Тоҷикистон (12 Декабри 2018).
  6. Матлубахон Сатториён Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб карда шуд(тоҷ.)(пайванди дастнорас — таърих). Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд (15 Декабри 2018). 4 ноябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 феврали 2020.
  7. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Сатториён М. А.. Президенти Тоҷикистон (3 ноябри 2020).
  8. В Таджикистане сформировано новое правительство: кто ушел и кто пришел(пайванди дастнорас — таърих). Радио «Свобода» (3 ноябри 2020). 3 ноябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 ноябри 2020.
  9. Новые лица в Правительстве Таджикистана. Кто они?. SugdNEWS (5 ноябри 2020). 27 Январ 2024 санҷида шуд.
  10. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Сатториён М. А.. Президенти Тоҷикистон (29 Январ 2024).
  11. Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (17 феврали 2022).