Матлуба Мирзоюнус
Хоҷаева Матлуба Юнусовна | |
Акс:Мирзоюнус Матлуба.jpg | |
Таърихи таваллуд | 7 сентябр 1958 (66 сол) |
Зодгоҳ | шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | адабиётшинос |
Ҷойҳои кор | муассисаи давлатии таълимӣ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филологӣ,(1995) |
Унвонҳои илмӣ | профессор (2000), Узви пайвастаи Академияи илмҳои иҷтимоӣ ва педагогии Россия (2010) |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
Ҷоизаҳо | Медали 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Мирзоюнус Матлуба (Хоҷаева Матлуба Юнусовна; 29 майи 1951, Хуҷанд, вилояти Ленинобод) — адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ (1995), профессор (2000), узви пайвастаи Академияи илмҳои иҷтимоӣ ва педагогии Россия (2010).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Матлубаи Мирзоюнус соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, баъди хатми факултети забон ва адабиёти руси Институти давлатии педагогии Ленинобод (алҳол ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров, 1980) дар аспирантураи Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи А. Горкийи АФ СССР таҳсилро давом додааст. Рисолаи номзадиаш ба таҳаввули адабиёти муосири халқҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон бахшида шуда, зери раҳнамоии адабиётшиноси номвар, профессор З. Г. Османова дифоъ гардидааст. Фаъолияти илмӣ-омӯзгории М. Мирзоюнус дар кафедраи адабиёти рус ва хориҷии ИДПЛ ба номи С. М. Киров оғоз ёфта, сипас бо кафедраи адабиёти тоҷик иртибот ёфтааст. Солҳои 1992—1995 дар докторантураи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил карда, бо раҳнамоии академик Муҳаммадҷон Шукуров дар мавзӯи «Сабки фардӣ ва тамоюлҳои услубӣ дар насри муосири тоҷикӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намуд. Мавсуф солҳои 1995—1997 дар вазифаи профессори кафедраи адабиёти тоҷик, аз соли 1997 мудири каедраи журналистика ва назарияи тарҷума, солҳои 2008—2011 декани факултети филологияи тоҷик буд. Соли 2011 директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои гуманитарӣ ва солҳои 2012—2016 ба сифати муовини ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ фаъолият намуд. Аз соли 2016 ҳамчун профессори донишгоҳ ва ходими пешбари пажӯҳишгоҳи илмҳои гуманитарӣ фаъолияти омӯзгорӣ ва тадқиқиашро идома медиҳад.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Профессор Матлубаи Мирзоюнус дар таҳия ва нашри «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб»-и Фахрии Ҳиравӣ, «Девон»-и Абулфазли Сирати Бухороӣ, «Тазкират-уш-шуаро»-и Ҳоҷӣ Абдулазими Шаръӣ, мунтахаби «Сабкшиносӣ»-и Баҳор, ашъори Рӯдакӣ, Ҳофиз, Камол, Гурухсор, Фарзона, Гёте, Пушкин, Цветаева, Ахматова ва дигарон хидмати муҳими матншиносӣ анҷом додааст. Таҳия ва нашри китоби «Абдураҳим Ҳоҷибоев: Осор ва пайкор» оид ба корномаи нахустин раиси Шӯрои комиссарони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рисолаи ҷудогонаи арзишманди ин чеҳраи сиёсӣ таҳти унвони «Тоҷикистон» (ба забони русӣ) низ аз ҷусторҳои муҳим ва ташаббусҳои ҷолиби таваҷҷуҳи профессор М.Мирзоюнус ва гурӯҳи ҳамкоронаш мебошанд. Профессор М. Мирзоюнус иштирокчии силсилаи конфронсу ҳамоишҳои бонуфузи илмии байналмилалӣ буда, ба ин муносибат ба кишварҳои Русия, Испания, Олмон, Амрико, Афғонистон, Эрон, Молдова, Эстония, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва ғайра борҳо сафар кардааст. Ҳамзамон дар ташкили чорабиниҳои илмӣ ва ҳамоишҳои байналмилалии «Ҷойгоҳи Мавлоно Румӣ ва Гёте дар муколамаи фарҳангҳо», «Ҷойгоҳи Рӯдакӣ ва забони тоҷикӣ дар муколамаи фарҳангҳо», «Ҷойгоҳи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар муколамаи фарҳангҳо» ва ғайра саҳми бевосита гузоштааст. Дар мактаби илмии профессор М. Мирзоюнус беш аз 20 нафар муҳаққиқи ҷавон оид ба масаъалаҳои мухталифи нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ, адабиёти гузаштаву муосир, тарҷума ва равобити адабӣ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ кардаанд. Ӯ довари расмӣ ва ғайрирасмии даҳҳо рисолаи номзадиву докторӣ мебошад. Аз соли 2011 то 2019 сармуҳаррири маҷаллаи илмии «Номаи Донишгоҳ» буд. Матлубаи Мирзоюнус Корманди шоистаи Тоҷикистон, барандаи медали «20-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷиикистон», узви пайвастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи тилоии Пушкин, Ҷоизаи адабии Камоли Хуҷандӣ, Ҷоизаи Шаҳриёр, Ҷоизаи «Олими сол»-и донишгоҳ, аъзои ҳайати таҳририяи якчанд маҷаллаҳои бонуфузи илмии хориҷӣ ва дохилӣ, муовини раиси Шӯрои муттаҳидаи ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ, раиси Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси филология дар заминаи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мебошад.
Осори илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Профессор Матлубаи Мирзоюнус муаллифи беш аз 300 асари илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва публитсистӣ дар заминаи адабиётшиносӣ, адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, нақди адабӣ, равобити адабӣ ва тарҷума, матншиносӣ ва сарчашмашиносӣ мебошад.
Китобҳо (Монографияҳо)
[вироиш | вироиши манбаъ]- Своеобразие автобиографического жанра в литературах народов Средней Азии (50-70 гг.): Диссертация на соискание ученой степени кандидата филологических наук.-Москва: Наука, 1985.-194 с.-1,25 п. л. (АН СССР, Ордена дружбы народов Институт мировой литературы имени А. М. Горького).
- Своеобразие автобиографического жанра в литературах народов Средней Азии: Автореферат на соискание ученой степени кандидата филологических наук.-Москва: Наука, 1985.-20 с.-1,25 п. л. (АН СССР, Ордена дружбы народов Институт мировой литературы имени А. М. Горького).
- Дар ҷустуҷӯи ҷони сухан: Маҷмӯаи мақолаҳо / Муҳаррир Насриддинов А.-Хуҷанд: Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил, 1993.-80 с.-4,7 ҷ. ч.
- Масъалаҳои сабкшиносӣ: Рисола / Муҳаррири масъул Шукуров М.-Хуҷанд: Омор, 1994.-223 с.-13,9 ҷ. ч.
- Таҳқиқи услуби осори адабӣ: Рисола / Муҳаррири масъул Шукуров М.-Хуҷанд: Омор, 1994.-230 с.-14,4 ҷ. ч.
- Масъалаҳои сабки фардӣ ва ҷараёнҳои услубии насри муосири тоҷикӣ (солҳои 70-ибтидои 90-ум): Рисола барои дарёфти унвони илмии доктори илмҳои филологӣ.-Душанбе: Академияи улуми Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 1995.-361 с.- 3,0 п. л.
- Проблемы индивидуального стиля и стилевых течений в таджикской прозе 70-начала 90-х годов: Автореферат на соискание учёной степени доктора филологических наук.-Душанбе: АН РТ, Института языка и литературы имени Рудаки, 1995.-50 с.-3,0 п. л.
- Сиришке дар лола… (Нигоҳе ба зиндагӣ ва ашъори Робиаи Балхӣ): Аз силсилаи «Хубони порсигӯ» / Муҳаррир Самеев А.-Хуҷанд: Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил, 1998.-158 с.-9,9 ҷ. ч.
- Шукуфаи андӯҳ (Нигоҳе ба зиндагӣ ва ашъори Фурӯғи Фаррухзод): Аз силсилаи «Хубони порсигӯ» / Муҳаррир Самеев А.-Хуҷанд: Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил, 1999.-232 с.-7,25 ҷ. ч.
- Пушкин и Восток: Монография / Ходжибаева Б., Мирзоюнус М. / Ответственный редактор Дун А. З.-Худжанд: Государственное издательство имени Рахима Джалила, 1999.-190 с.-11, 25 п. л.
- Шамъи Тироз (Нигоҳе ба зиндагӣ ва ашъори Маҳастӣ): Аз силсилаи «Хубони порсигӯ» / Муҳаррир Аъзамов С.-Хуҷанд: Ношир, 2001.-324 с.-20,3 ҷ. ч.
- Ҳамзоди тӯфон (Нигоҳе ба рӯзгор ва осори Гулрухсор): Аз силсилаи «Хубони порсигӯ» / Муҳаррир Аҳмадзода Ю.-Душанбе: Адиб, 2007.-256 с.-8 ҷ. ч.
- Голубая родина Фирдуси… Таджикистан в русской литературе 20-80-х годов ХХ-го века: Монография / Ходжибаева Б., Мирзоюнус М. / Редактор Самеев А.-Худжанд: Ношир, 2010.-382 с.-19 п. л.
- Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо: Маҷмӯаи мақолоти адабиётшиносӣ / Муҳаррири масъул Салимӣ Н. / Муҳаррир Аъзамзод С.-Хуҷанд: Ношир, 2016.-515 с.-29,9 ҷ. ч.
- Сабкшиносии насри муосир. -Хуҷанд: Нури маърифат, 2018. — 420 с.
- Творческое взаимодействие писателей Центральной Азии. — Худжанд: Ношир, 2018. — 332 с.
- Пушкин и Восток (соавтор Б.Ходжибаева). Второе дополненное издание. — Худжанд: Нури маърифат, 2018. — 312 с.
Китобҳои дарсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Николай Гаврилович Чернышевский: Методические рекомендации по изучению творчества.-Ленинабад, 1988.-3 п. л.
- Учебный материал к курсу «Литература народов СССР» (Туркменская литература) / Абдувалиева М. М., Ходжаева М., Пронин А. / Редактор Ходжибаева Б. А.-Худжанд: Типография ХГУ, 1991.-92 с.-4,0 п. л.
- Маводи таълим аз фанни «Назарияи адабиёт»: Барои донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик / Хоҷаева М., Ҳабибуллоева М.-Хуҷанд, 1999.-32 с.-2 ҷ. ч.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Медали 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон
- Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сафинаи сухан. Осорнома ва нақди осори Матлубаи Мирзоюнус. Гирдоварӣ ва таҳияи С.Аъзамзод ва Б.Раҷабов. — Хуҷанд: Нури маърифат, 2018. — 500 саҳ.
- Хоҷаева Матлуба Юнусовна // Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик дар се ҷилд.-Ҷ. 3.-Душанбе: Сарредаксияи илмии ЭМТ, 2004, -С. 322.
- Хоҷаева Матлуба Юнусовна // Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. Қомуси мухтасар.-Хуҷанд: Нури маърифат, 2012.-С. 487—488;
- Матлубаи Мирзоюнус // Адибони Тоҷикистон / Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим.-Душанбе: Адиб, 2014.-С. 133.
- Матлубаи Мирзоюнус // Адибони вилояти Суғд / Мураттибон Бобоҷон М., Ҳаёт Н.-Хуҷанд: Хуросон, 2014.-С. 134—136.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Cаҳифаи шахсии Матлубаи Мирзоюнус дар шабакаи иҷтимоӣ Facebook
- Матлубаи Мирзоюнус дар меҳмонии барномаи «Шамиме аз Мӯлиён»(пайванди дастнорас)