Махсум Олимӣ
Махсум Олимӣ | |
|---|---|
| Таваллуд |
5 октябр 1956 |
| Даргузашт |
24 октябр 1992 (36 сол) |
| Навъи фаъолият | рӯзноманигор, шоир |
Махсум Олимӣ (5 октябр 1956, Каздон, вилояти Суғд — 24 октябр 1992, Душанбе) — рӯзноманигор ва шоири тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Махсум Олимӣ 5-умм октябри соли 1956 дар деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст[1]. Соли 1974 мактаби миёнаи № 5 деҳаи Дарғро тамом карда, ба Техникуми энергетикии Қӯрғонтеппа дохил шуда, соли 1978 бо дипломи аъло хатмаш кардааст. Солҳои 1975—1977 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хизмати аскарӣ кардааст. Соли 1979 ба Институти адабиёти ба номи Максим Горкий (Москав) дохил шуда, соли 1983 ба итмом расондааст.
Баъдан фаъолияти эҷодии мавсуф дар нашриёти «Ирфон» ва Радиои тоҷик идома ёфтааст. Сипас, то вопасин маҳзаҳои ҳаёт, дар Осорхонаи миллии Беҳзод ба сифати ходими калони илмӣ ифои вазифа намудааст.
Аввалин маҷмӯаи ашъори шоир «Бӯйи умед» соли 1985 ба дасти хонандагон расидааст. Соли 2013 мунтахаби ашъораш бо номи «Парвози нотамом» нашр гардид.
Соли 1992 дар шаҳри Душанбе ҳадафи тири нохалафон шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ОЛИМӢ МАХСУМ. ИНТ. 27 Январ 2024 санҷида шуд.
- Саҳифаҳои дорои аргументи такрорӣ дар фарохонии шаблон
- Зодагони 5 октябр
- Зодагони соли 1956
- Зодагони ноҳияи Айнӣ
- Даргузаштагони 24 октябр
- Даргузаштагони соли 1992
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Рӯзноманигорон аз рӯи алифбо
- Рӯзноманигорони Тоҷикистон
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Шоирони Тоҷикистон