Махфират Ҳамроқулова
Махфират Ҳамроқулова | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 11 апрел 1955 (70 сол) |
| Зодгоҳ | |
| Кишвар | |
| Пеша(ҳо) | овозхон |
| Гурӯҳ | Ансамбли «Гулшан» |
| mahfirat.com | |
Махфират Ҳамроқулова (зод. 11 апрел 1955, Сталинобод) — овозхони эстрадаи тоҷик. Сарояндаи Дастаи эстрадии «Гулшан», Ҳунарпешаи хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1980).
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Махфират Ҳамроқулова 11 апрели соли 1955 дар шаҳри Сталинобод ба дунё омадааст. Дар замони мактабхонӣ аъзои дастаи ҳунармандони ҳаваскори мактаби миёнаи № 36-и шаҳри Душанбе гардид. Он солҳо дастаҳои ҳунармандони ҳаваскор дар маҳфилҳо фаъолона ширкат ва ҳунарнамоӣ мекарданд. Дар яке аз чунин консертҳои мактаббачагон Орифшо Орифов, роҳбари бадеии ансамбли «Гулшан» ҳунарнамоии Махфиратро дида, ӯро ба кор даъват кард. Ин воқеа соли 1971 ба вуқуъ пайваста, Махфират ҳамагӣ 16 сол дошт.
Таронаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Аввалин таронаҳои Махфират баъди ба кор омаданаш сурудҳои бачагона буданд. «Алифбо» ва «Амакҷони космонавт»-и ин сарояндаи ҷавон ба зудӣ вирди забони мактаббачагон гаштанд.
Махфират Ҳамроқулова тавонист бо репертуари бою ғанӣ ва рангин дар ҷаҳони санъат зуд шуҳратёр гардад. «Хуш набошад» (ғазали Ҳофиз, суруди халқ), «Алами дил» (ғазали Ҳилолӣ, оҳанги Ю. Лядов), «Шаби ошиқон» (ғазали Саъдӣ, оҳанги К. Қурбонов), «Гули сурх» (ғазали С. Айнӣ, оҳанги З. Зулфиқоров), «Ту танҳо нестӣ» (шеър ва оҳанги эронӣ), «Ишқи ман» (ғазали Лоиқ, оҳанги Т. Шаҳидӣ), «Чӣ мехоҳӣ» (шеъри Ф. Исҳоқӣ, оҳанги К. Қурбонов), «Ситораи ман» (шеъри Мирзо Турсунзода, оҳанги Заррина Миршакар), «Гавҳари рахшон» (шеъри И. Раҳимов, оҳанги О. Орифов), «Душанбе» (шеъри Гулназар, оҳанги М. Атоев), «Тоҷикистон» (шеъри Б. Раҳмизода, оҳанги Қ. Яҳёев) ва даҳҳо таронаи дигари Махфират ба қалби мухлисон роҳ ёфта, солҳост ки вирди забонҳоянд[1].
Муҳоҷират
[вироиш | вироиши манбаъ]Оғози солҳои 90-ум баробари шурӯъ шудани нооромиҳо дар Тоҷикистон ӯ бо хонаводааш ба Маскав кучида, пас аз 4 соли зиндагӣ ба Амрико ҳиҷрат кард ва дар Бруклин бо оилааш сукунат мекунад[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Одил Нозир. Махфират Ҳамроқулова бо Алла Пугачёва дугона буд. Pressa.tj. Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (6 июни 2022). 11 июни 2025 санҷида шуд.
- ↑ Кинотеатр. РУ/Махфират Хамракулова(рус.)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.