Махфират Ҳамроқулова
Махфират Ҳамроқулова | |
---|---|
Таърихи таваллуд | 11 апрел 1955 (65 сол) |
Зодгоҳ |
Душанбе, ![]() |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Гурӯҳ | Ансамбли «Гулшан» |
mahfirat.com |
Махфират Ҳамроқулова (11 апрели 1955, Душанбе) — овозхони эстрадаи тоҷик. Сарояндаи Дастаи эстрадии «Гулшан», Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1980).
Фаъолият[вироиш]
Вақте ӯ узви ансамбли эстрадии «Гулшан» гардид, ҳамагӣ дар синфи 8 мехонд. Чун медонист эстрада кайҳонест, ки фатҳаш заҳмат мехоҳад, ҳамвора машқ мекард. Тақлидро беморӣ ҳисобид ва суруди худро хонд. Ҳар таронааш бо рақс, табассум ва нигоҳҳои маънидор оро ёфта, дар дили сомеъон ҷо мегирифт, зеро аз садои дил, аз ҷӯшу хурӯши зиндагӣ иборат буд. «Дили манӣ», «Боз бигирям», «Фарёди ишқ», «Сурудам», «Расми оштӣ», «Баҳори лолазори ман», «Тоҷикистон», «Умед», «Соҳиби эъҷоз», «Гули шафтолу», «Лабханди май», «Чашми кӯҳ», «Шаби ошиқон», «Духтари дарё», «Паймон», «Бо ман ҳама баробар», «Хоҳаракам», «Арчаи мо», «Ташна», «Чашми шӯх» аз беҳтарин таронаҳояш мебошанд.
Муҳоҷират[вироиш]
Солҳои 90 бо хонаводааш ба Русия кучида, як чанд сари сол зиндагӣ мекунад. Сипас сафар ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико карда, дар ҳамон ҷо бо оилааш сукунат мекунад[1].
Эзоҳ[вироиш]
Адабиёт[вироиш]
- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Зодагони 11 апрел
- Зодагони соли 1955
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон
- Мақолаҳои хурд, ниёзманди аниқсозии шаблон
- Ашхос аз рӯи алифбо
- Ҳунарпешагони хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи театр
- Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон