Маҳмадалӣ Айюбӣ
Маҳмадалӣ Аюбов | |
Таърихи таваллуд | 23 апрел 1956 (68 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Коммунистӣ, вилояти Қӯрғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | овозхон, оҳангсоз |
Ҷоизаҳо |
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2007) Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2017) |
Маҳмадалӣ Айюбӣ (Маҳмадалӣ Аюбов; зод. 23 апрели 1956, деҳаи Ворошилов, ноҳияи Коммунистӣ) — овозхон в ҳунарпешаи театр. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2007), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2017).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон (1977) аст. Муддате дар хонаи маданияти шаҳри Қурғонтеппа ва хонаи эҷодиёти халқи собиқ вилояти Қурғонтеппа кор карда, аз соли 1979 инҷониб корманди Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Қурғонтеппа мебошад, чун овозхон, навозанда, роҳбари мусиқӣ, нақшовар фаъолият доштааст.
Ба сифати актёр дар чандин намоишнома, аз ҷумла «Рӯдакӣ», «Эшони иллоанта», «Писари Ватан» нақш бозидааст.
Вале маҳораташ дар овозхонӣ хуб зуҳур кардааст. Қариб 300 суруду таронаро сароидааст. «Савганд», «Эй Ватан», «Ишқро анҷом нест», «Тоҷикистони азизам» аз ҷумлаи онҳоанд. Ҳамчун мутриб ва оҳангсоз барои дастаҳои консертӣ ёрӣ мерасонад. Соли 1991 дар фестивали байналмилалии санъат дар Лаҳистон сазовори «Табарчаи тиллоӣ» гардидааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо медали ҷашни «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.