Маҳмадбек Ғаниев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳмадбек Ғаниев
Ғаниев Маҳмадбек Идиматович
Таърихи таваллуд 21 май 1957(1957-05-21) (66 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Москва, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1996)
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2003)

Маҳмадбек Ғаниев (Ғаниев Маҳмадбек Идиматович; зод. 21 майи 1957, ноҳияи Москва, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — овозхон, навозанда, ҳунарпешаи театр ва оҳангсози тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1996)[1], Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2003).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Маҳмадбек Ғаниев 21 майи соли 1957 дар ноҳияи Москва ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии санъати Тоҷикистон (1987). Маҳмадбек Ғаниев аз мактаби сарояндаи машҳури тоҷик Одина Ҳошимов сабақ омӯхтааст.

Хонавода[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳамсараш Озодамоҳ Муҳтарамова низ овозхон буд[2].

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Мутриб (1975—1980) ва сарояндаи Театри халқии ноҳияи Маскав (1980—1997), роҳбари бадеии ансамбли этнографии назди раёсати фарҳанги вилояти Хатлон (1997—2005), аз соли 2005 сарояндаи ансамбли этнографии «Ганҷина» ва аз соли 2008 муовини аввали директор оид ба кори эҷодии Филармонияи давлатии Тоҷикистон.

Театр[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳангоми дар Театри халқии ноҳияи Москва фаъолият доштанаш дар намоишномаҳои «Ташвиши рӯзгор», «Шартҳои никоҳ», «Вохӯрӣ», «Кӯпрук» нақшҳои ҷолиб офаридааст[1].

Сурудаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба аксари сурудаҳояш худаш оҳанг бастааст, ки онҳоро бо маҳорату услуби хос иҷро мекунад. Суруду таронаҳои эҷодкардаи Маҳмадбек Ғаниев: «Дили девона» (ғазали Саййидо), «Афсӯс» (ғазали Туғрал), «Модар» (шеъри А. Муродӣ), «Абрӯ мапа рон» (шеъри Хайрандеш), «Эй фалак» (У. Ширин) ва ғайра.

Сафарҳои ҳунарӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба бисёр шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ — Афғонистон (1989, 1996), Лаҳистон (1994), Ироқ (1998), Туркманистон (2010), Озарбойҷон (2012) ва ғайра сафарҳои ҳунарӣ кардааст.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Маҳмадбек Ғаниев дар фестивали байналмилалии эҷодиёти халқ (Остона, 2000) соҳиби шоҳҷоиза («Гран При») ва диплом гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
  2. Озодамоҳ Муҳтарамова — Чеҳраи хунар дар YouTube

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]


Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]