Jump to content

Маҳмадӣ Ҳамроев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳмадӣ Ҳамроев
Маҳмадӣ Ҳамроев
Таърихи таваллуд 10 сентябр 1925(1925-09-10) (99 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ваҳдат, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Маҳмадӣ Ҳамроев (тав. 10.09.1925, ноҳияи Орҷоникидзеобод), муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих (1973), профессор (1976).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1947–1951 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1941–1942 муаллими мактаби ҳафтсола, 1942–1945 афсари АртишиШӯравӣ ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 1947–1951 донишҷӯифакултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1952–1955 аспиранти донишкадаи номбурда,1955–1957 муаллимикалони Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Тирмиз, 1957–1960 мудири кафедраи марксизм- ленинизми Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, 1961–1976 дотсент, профессори кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин,1976–1979 мудири кафедраи коммунизми илмии Донишкадаи тиббии Осиёи Миёна шаҳри Тошкент, 1979–1986 профессори кафедраи коммунизми илмии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко буд. Аз соли 1986 инҷониб профессори кафедраи ҷамъиятӣ дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав мебошад. Муаллифи зиёда аз 80 корҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Доираи тадқиқотҳои ӯро масъалаҳои муносибатҳои феодалии бекигарии Ҳисор дар хонигарии Бухоро дар охири асри XIX ва аввали асри XX фаро гирифтаанд. Бо унвони ифтихории «Ходими хизматнишондодаи илму техникаи Тоҷикистон», ордени «Ситораи сурх» ва 5 медал мукофотонида шудааст.

  • Деятельность Коммунистической партии по развитию ирригации в Таджикистане (1924–1938гг.), Д., 1972;
  • Очерки истории Гисарского бекства конца XIX и начала XX вв., Д., 1959;
  • Коммунисты во главе строительства Явано- Обикиикской ирригационной системы, Д., 1968;
  • Развитие ирригации Советского Таджикистана в период упрочения социализма, Д., 1975.