Маҳмудҷон Холов
Холов Маҳмудҷон Шарипович | |
Таърихи таваллуд | 26 сентябр 1958 (66 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Октябр, вилояти Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | физика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ, Академияи илмҳои Тоҷикистон, СИ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои физика ва математика |
Алма-матер | Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1979) |
Ҷоизаҳо |
Маҳмудҷон Холов (Холов Маҳмудҷон Шарипович; зод. 4 майи 1957, деҳаи Октябр, ноҳияи Октябр, вилояти Қурғонтеппа) — физикдон ва муаррихи тоҷик, номзади илмҳои физика ва метматика, узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҳмудҷон Холов 4 майи соли 1957 дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониёни (собиқ Бохтар) вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1964 ба мактаби миёнаи № 1 ноҳияи Кӯшониён рафта, онро соли 1974 хатм кардааст. Худи ҳамон сол ба факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил шуда, соли 1979 онро хатм кард.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз октябри соли 1979 то августи соли 1980 лаборанти калони Лабораторияи физикаи мустаҳкамии полимерҳои Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин буд. Солҳои 1980—1981 бо роҳхати Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон дар Техникуми энергетикии шаҳри Қӯрғонтеппа дар вазифаи омӯзгори фаннҳои махсус кор кард. Солҳои 1981—1988 фаъолият дар ташкилотҳои комсомолӣ ва ҳизбии шаҳр ва вилояти Қӯрғонтеппа.
Аз феврали соли 1988 дар вазифаи ассистенти кафедраи физикаи умумии филиали Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло ДДБ ба номи Носири Хусрав) фаъолият дошт. Моҳи октябри соли 1990 дар натиҷаи озмун ба вазифаи муаллими калон интихоб шудааст. Аз соли 1991 ҳамчун коромӯз-таҳқиқотчии Лабораторияи физикаи мустаҳкамии полимерҳои ДДТ ба фаъолияти илмӣ оғоз мекунад.
Соли 1992 ба аспирантураи рӯзонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1995 онро бомуваффақият хатм намуд. Соли 1996 ӯ рисолаи номзади илмҳои физика ва математикаро дар мавзӯи «Кинетикаи вайроншавии туршшавандаи эластомерҳо дар шароити таъсири фотомеханикӣ» бомуваффақият дифоъ мекунад.
Солҳои 1996—2001 Маҳмудҷон Холов ба сифати сармуҳандиси Почтамти шаҳри Душанбеи Вазорати алоқаи ҶТ кор карда, дар як вақт дотсенти деканати алоқа ва электротехникаи Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ буд.
Солҳои 2001—2008 дар вазифаҳои гуногуни Вазорати иқтисод ва савдо, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Соли 2006 шуъбаи ғоибонаи ДДТТ-ро бо ихтисоси «Молия ва қарз» хатм намуда, ихтисоси «иқтисоддон»-ро гирифтааст.
Аз соли 2008 то соли 2009 ходими калони илмии Маркази синошиносии Институти фалсафа ба номи А. М. Баҳоуддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2009—2017 дар вазифаи ходими пешбари илмии Шуъбаи арабишиносӣ, Маркази таҳқиқ ва табъу нашри мероси хаттии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт. Аз июни соли 2017 дар вазифаи сарходими илмии Шуъбаи таърихи илм ва техникаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад[1].
Солҳои 2009—2013 Маҳумудҷон Холов дар як вақт дар вазифаи мудири редаксияи «Астрономия, математика ва физика», узви ҳайати таҳририяи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик буд. Аз соли 2020 дар вазифаи ҷонишини сармуҳаррир-котиби масъул, нозири улуми дақиқ ва табииётшиносӣ фаъолият дорад.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҳмудҷон Холов муаллифи зиёда аз 360 таълифоти илмӣ буда, самтҳои асосии таҳқиқоташ ба таърихи улуми табииётшиносӣ ва дақиқ, метрологияи ниёгон бахшида шудаанд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тақвимҳои кишоварзии тоҷикони кӯҳистон. Душанбе: «Ирфон», 2006. — 130 саҳ.
- Мирзо Сангмуҳаммади Бадахшӣ, Мирзо Фазлалибеки Сурхафсар. Таърихи Бадахшон. Душанбе: «Дониш», 2007. — 275 саҳ. (ҳаммуаллиф Ғ. Ғоибов).
- Метрология и хронология Восточной Бухары и Западного Памира (в соавторстве с Каюмовой Х. А.). Душанбе: «Дониш», 2013. — 212 стр.
- Мирзо Бадеи Девон. Маҷмаъ-ул-арқом. Душанбе: «Дониш», 2015. — 415 саҳ. (ҳаммуаллиф Ғ. Ғоибов).
- Аҳмад Махдуми Дониш. Манозир ул-кавокиб. Душанбе: «Дониш», 2017. — 432 саҳ.
- Абдулҷаббори Хуҷандӣ. Мадхали манзум. Душанбе: «Ганҷи хирад», 2020. — 88 саҳ.
- Абдурраҳмони Сӯфӣ. Сувару-л-кавокиб. Душанбе: «Дониш», 2020. — 361 саҳ.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Нишони фахрии КМ ИЛКҶУ (ЦК ВЛКСМ) «Барои кори фаъол дар отрядҳои донишҷӯён» (1989);
- «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (2013);
- «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2021).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Холов Маҳмудҷон Шарипович. merosikhatti.tj. МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН. 1 марти 2021 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тазкираи олимони Истаравшан. Д., 2002;
- Шарқшиносии тоҷик. Д., 2009;
- Ҳизбҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2014.