Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Акадéмияи муҳандиси́и Ҷумҳури́и Тоҷикистóн — ташкилоти илмию техникӣ ва эҷодии ҷамъиятӣ.
Таъсис
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1991 ҳамчун шуъбаи Тоҷикистонии Академияи муҳандисии ИҶШС таъсис шуд. 3 июли 1992 Акадéмияи муҳандиси́и Ҷумҳури́и Тоҷикистóн (АМ ҶТ) ном гирифт. АМ ҶТ олимон ва муҳандисони пешқадами ҷумҳуриро барои таҳкими робитаҳо байни пажӯҳишҳои асосӣ, коркардҳои техникӣ, инноватсия, технологияи пешқадам ва ҷорӣ намудани дастовардҳои муҳандисӣ дар истеҳсолот ба таври ихтиёрӣ ва интихобӣ муттаҳид менамояд. Ба ҳайати Академияи муҳандисии байналхалқӣ (АМБ), Федератсияи ин-тҳои муҳандисии кишварҳои исломӣ шомил аст ва узви Шӯрои ҷамъиятии ҶТ мебошад. Ба ҳайати АМ ҶТ 45 узви пайваста, 48 узви вобаста, 23 мушовири академикӣ, 34 доктори илм, 45 номзади илм, 10 Ходими хизматнишондодаи илми ҶТ, муаллифони ихтироот ва таклифҳои ратсионализаторӣ, аъзои шӯроҳои олимон ва шӯроҳои махсусгардонидаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, 12 аъзои фахрии хориҷӣ, 9 узви пайваста ва 11 узви вобастаи АМБ шомиланд. Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» (ТАЛКО), Корхонаи давлатии «Востокредмет», Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик», Комбинати маъдантозакунии Анзоб, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ғ. аъзои коллективии АМ ҶТ мебошанд.
Самтҳои фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Академия дар самтҳои зерин фаъолият дорад: геология, истихроҷ ва коркарди сарватҳои зеризаминӣ; системаҳои иттилоотӣ, алоқа ва телекоммуникатсия, метрология ва стандартонӣ; коммуникатсия, системаи нақлиёт; мошинсозӣ; металлургия ва масолеҳшиносӣ; экологияи муҳандисӣ, мониторинг ва сарфакории энергия; сохтмон, саноати бинокорӣ ва меъморӣ; технологияи саноати хӯрокворӣ ва маҳсулоттайёркунӣ; технологияи химиявӣ ва биохимиявӣ; иқтисодиёт, ҳуқуқ ва идоракунии фаъолияти муҳандисӣ; энергетика; муҳандисӣ дар тиб; муҳандисӣ дар фаъолияти иҷтимоӣ; туризми илмӣ ва экологӣ. Дар назди Академия як қатор корхонаҳои хурди истеҳсолӣ фаъолият доранд, Пажӯҳишгоҳи экологияи инсон ташкил карда шудааст. Академия масъалаҳои ташкиливу сохтории ҷории фаъолияти худро ҳал карда, лоиҳаҳои муҳандисиву техникӣ, барномаҳо ва таклифҳо таҳия менамояд, барои таҳия ва татбиқи қарорҳои илмиву техникӣ шарикон меҷӯяд, конференсия ва семинарҳои илмиву техникӣ доир менамояд, дар фаъолияти табъу нашр ширкат меварзад, робитаҳои байналхалқиро ривоҷ медиҳад, дар масъалаҳои муҳандисӣ ба корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маслиҳатҳо медиҳад. Дурнамои рушди Академия бо кашфи иқтидорҳои калони илмӣ ва техникию инноватсиониву муҳандисӣ марбут аст. Солҳои 1991—1996 Президенти Академия Ваҳҳобов А. буд. Аз соли 1996 раиси Акадéмияи муҳандиси́и Ҷумҳури́и Тоҷикистóн узви вобастаи АИ ҶТ А. Катаев (1947—2015) буд.
Бознигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон / А. Катаев // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.