Маҳсӣ
Зоҳир
Масҳӣ / Масҳидӯзӣ - ҳунари дӯхтани пойафзори чармии мулоим, ки дарозиаш то зону аст. Масҳӣ попӯшии хоса аст. Яке аз ҷузъиёти сарулибоси занона ва ё пирамардон мебошад.
Масҳӣ дар ду шакл маъмул аст: зимистона (пашмӣ) ва тобистона. Масҳӣ - попӯши мулоиму қолаби пойро мегирифтагӣ мебошад. Дар берун масҳиро бо калӯш ва дар хона - бидуни калӯш мепӯшанд. Онро мӯйсафедон ё занон барои подард низ мепӯшанд. Дар баъзе ноҳияҳо дар рӯзи мотам мепӯшанд. Дар деҳаҳои кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла Тоҷикистон бисёртар истифода бурда мешавад. Ҳунари масҳидӯзӣ асосан авлодӣ аст.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Маҳсӣ. 15 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 феврали 2017.
![]() |
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |