Лионел Месси

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Месси)
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Футбол
Лионел Месси
2015 UEFA Super Cup 64 crop.jpg
Иттилооти умумӣ
Номи пурра Лионел Андрес Месси
Таваллуд 24 июн 1987({{padleft:1987|4|0}}2|0}{{padleft:24|2|0}})[1] (30 сол)
Rosario[d], Rosario Department[d], Санта-Фе, Аргентина[1]
Шаҳрвандӣ Flag of Argentina.svg Аргентина
Қад 169 см
Вазн 67 кг
Иттилоот дар бораи бошгоҳ
Бошгоҳ
Маснад


Лионел Андрес Месси – футболбози тими миллии Аргентина ва клуби "Барселона" (КФБ), ӯ аввалин футболбозе аст, ки 5 маротиба соҳиби соҳиби мукофоти ФИФА '«Тӯби тиллоӣ»' (ва «France Football») ва мукофоти "Бутсаи тиллоӣ" шудааст.

Зиндагинома[вироиш]

Лионел Месси - 24 июни соли 1987 дар шаҳри Росарио, Аргентина ба дунё омадааст. Падараш Хорхе Орасио Месси, модараш Селия Мария Месси мебошад. Месси футболро аз панҷ солагиаш дар клуби "Грандол" сар кард. Дастпарвари академияи футболи тими футболи «Барселона», дар ҳайати асосии «Барселона» аз синни 17 солагиаш бозӣ мекунад. Ҳамроҳи «Барселона» 4 - маротиба ғолиби Лигаи чемпионҳои УЕФА, 8 - бор соҳиби ҷоизаи чемпиони Испания, 4 - маротиба соҳиби Кубоки Испания, 4 - маротиба соҳиби Суперкубоки Испания, 3 - маротиба соҳиби Суперкубоки Аврупо, 3 - маротиба соҳиби чемпионати ҷаҳон байни клубҳо гаштааст. Лионел Месси 5 - маротиба голзани беҳтарини Лигаи чемпионҳо ва 3 - маротиба — чемпионати Испания буд.

Солҳои 2005 ва 2007—2013, 2015 ӯ «Бозигари беҳтарини сол дар Аргентина», дорандаи 7 ҷоиза барои «Бозигари беҳтарини аргентинӣ дар хориҷи кишвар» аст. Солҳои 2007, 2009, 2010 ва 2011 «Бозигари беҳтарини чемпионати Испониё» буд.

Мукофот[вироиш]

Лионел Месси соли 2009 беҳтарин «Бозингари тимҳои клубии Аврупо» ва ҳуҷумкунандаи Лигаи чемпионҳои Аврупо шинохта шуд. Ҳамин сол ӯ соҳиби мукофоти ФИФА '«Тӯби тиллоӣ»' (ва «France Football») ҳамчун футболбозӣ беҳтарини Аврупо ва унвони "Бозингари сол, ФИФА" ҳамчун футболбозӣ беҳтарини ҷаҳон аз рӯи баҳои (версияи) ФИФА шинохта шуд. Соли 2010 соҳиби унвони "Футболбози беҳтарини ҷаҳон" соҳиби мукофоти ФИФА '«Тӯби тиллоӣ»' (ва «France Football»). Соли 2011 соҳиби унвони "Беҳтарин бозингари клубии Аврупо" ва соҳиби "Тӯби тиллоии ФИФА" гардид. Дар соли 2012 ӯ аввалин футболбозе гардидааст, ки 3 маротиба дорандаи мукофоти ФИФА '«Тӯби тиллоӣ»' (ва «France Football») ва мукофоти "Бутсаи тиллоӣ" (2010, 2012 ва 2013) (мукофот барои нишонзани сершумори голҳо дар чемпионати дохилии (Аврупо), соле 1 маротиба супорида мешавад.) гардидааст.

Рекордҳо[вироиш]

  • Ягона футболбозе, ки дорандаи 5-каратаи мукофоти ФИФА '«Тӯби тиллоӣ»' (ва «France Football») аст.
  • Голзани беҳтарин дар таърихи тими «Барселона»: 502 гол (2016)
  • Голзани беҳтарин дар таърихи тими «Барселона» (бозиҳои расмӣ): 467 гол (2016)
  • Голзани беҳтарин дар таърихи чемпионати Испания: 319 гол (2016)
  • Голзани беҳтарин дар таърихи суперҷоми Испания: 12 гол (2016)
  • Голзани беҳтарин дар таърихи суперҷоми Аврупо: 3 гол (2016)
  • Ҷавонтарин бозингар дар таърихи тими мунтахаби Аргентина, ки дар чемпионати ҷаҳон гол задааст (18 солаву 357 рӯза)
  • Ҷавонтарин футболбозест, ки соҳиби мукофоти ФИФА '«Тӯби тиллоӣ»' (ва «France Football») гаштааст (24 солаву 199 рӯза)

Сарчашма[вироиш]

  1. 1.0 1.1 Record #137928408 // общий нормативный контроль — 2012—2016.