Jump to content

Амиршо Миралиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Миралиев Амиршо)
Амиршо Миралиев
Таваллуд 20 декабр 1946(1946-12-20)
Даргузашт 6 декабр 2023(2023-12-06) (76 сол)
Таҳсилот
Ҷоизаҳо

Амиршо Миралиев (20 декабр 1946, ноҳияи Данғара, Вилояти Кӯлоб6 декабр 2023, Истанбул) — давлатмард ва сиёсатмадори тоҷик, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Амиршо Миралиев соли 1946 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Дар соли 1970 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном ва соли 1988, Мактаби олии ҳизбии Ленинградро хатм кардааст.

Хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС: фармондеҳи взводи тирандозии қисми ҳарбии 39485 (лейтенанти калон)-и кишвари Приморйеи Федератсияи Руссия (1970—1972), нозир, мудири шуъбаи ташкилотҳои комсомолии Кумитаи комсомоли ноҳияи Данғара (1972—1974), нозир, мудири бахши таҳсилоти техникию касбии ҷавонон, муовини мудири шуъба, мудири шуъбаи коргарҷавонон ва ҷавонони деҳоти КМ Комсомоли Тоҷикистон (1974—1980), нозири Комиссияи назорати ҳизбии назди КМ Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (1980—1986), шунавандаи Мактаби олии ҳизбӣ (Ленинград, 1986-88), котиби якуми Кумитаи Ҳизби коммунистии ноҳияи Москва; 1988—1991), раиси Шӯро — раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи ноҳияи Москва (1991—1994), мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати кадрҳо (1994—2000), раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон (2000—2001), раиси вилояти Хатлон (2001—2006), роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006—2010), муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 16 марти 2010). Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000—2001, 2010—2015) интихоб гардидааст.

Дар интихоботи парлумонии соли 2015 Амиршо Миралиев ба далели расидан ба синни бознишастагӣ аз сӯи ҳизби ҳоким пешбарӣ нагардид ва бознишаста шуд. Ва баъди ҳамагӣ ду моҳи бознишастагӣ раиси Шурои мудирони «Соҳибкорбонк» ва раиси Анҷумани бонкҳои Тоҷикистон интихоб гардид[1].

Унвону ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • унвони «Корманди Шоистаи Тоҷикистон»;
  • ордени Исмоили Сомонӣ (дараҷаи 2);
  • медали «Барои меҳнати шоён»;
  • медали ҷашнии «10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Амиршо Миралиев дар яке аз бемористонҳои Истанбули Туркия ҷарроҳии бемории сутунмуҳра 6 декабри соли 2023 даргузашт[2].