Мирзобег Шарипов
Мирзобег Мирзоевич Шарипов | |
Таърихи таваллуд | 11 март 1966 (58 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ёвон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | биология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Мирзобег Мирзоевич Шарипов (тав. 11.03.1966, ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон), биолог, номзади илмҳои педагогӣ (2009).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1987– 1992 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев таҳсил намуда, онро бо ихтисоси муаллими фанни химия ва биология хатм намудааст. Солҳои 1993–1994 асистенти кафедраи методикаи таълими биология ва химия, 1994–1997 аспиранти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев, 1994–1998 раиси Созмони ҷавонони донишгоҳи номбурда буд. Соли 1999 дар асоси озмун муаллими калони кафедраи методикаи таълими биологияи донишгоҳи омӯзгорӣ интихоб шуд. Солҳои 2002–2003 ҳамчун муовини декани факултети биология оид ба таълим, 2003–2005 муовини ректори донишгоҳи омӯзгорӣ оид ба тарбия кор кардааст. Аз соли 2005 то ба имрӯз муаллими калони кафедраи методикаи таълими биология ва ҳамзамон аз соли 2010 муовини декани факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба таълим мебошад. Муаллифи зиёда аз 27 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ ва оммавӣ аст. Тадқиқотҳояш масъалаи корҳои беруназсинфӣ дар дарсҳои биология ва усулҳои фаъолгардонии раванди таълимро дар бар мегирад. Бо ифтихорномаи КМ ЛКСМ Тоҷикистон ва ИҶШС, нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2004) сарфароз гардидааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Истифодабарии маводҳои маҳал дар дарсҳои химия, Д., 1996;
- Дастури методӣ – Гӯшаи зиндаи табиат ва экскурсияҳои биологӣ, Д., 2005;
- Корҳои беруназсинфӣ аз биология, Д., 2003;
- Асосҳои методикаи таълими биология барои донишҷӯёни бахши биология (китоби дарсӣ), Д., 2008;
- Истифодабарии маводҳои дидактикӣ дар дарсҳои биология, Д., 2010;
- Аҷоиботи биология (Дастури методӣ), Д., 2010.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
- Pages using the JsonConfig extension
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 11 март
- Зодагони соли 1966
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ёвон
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои улуми биология
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи донишмандон
- Биологони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон