Мирзоҳасан Султонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мирзоҳасан Султонов
Султонов Мирзоҳасан Баротович
Таърихи таваллуд 9 июн 1966(1966-06-09) (57 сол)
Зодгоҳ деҳаи Вешаб, ноҳияи Айнӣ
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ забоншиносӣ, истилоҳшиносӣ ва мутарҷимӣ
Ҷойҳои кор Бонки миллии Тоҷикистон ва АИ ҶТ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ узви вобастаи АИ ҶТ
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Роҳбари илмӣ академик Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ

Мирзо Ҳасани Султон (Мирзоҳасан Баротович Султонов) - олим, забоншинос, мутарҷим, шоир, доктори илми филология (2008), академики Академияи табиатшиносии Русия (2010), узви вобастаи АИ ҶТ (2017) ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Султонов Мирзоҳасан Баротович 9 июни соли 1966 дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хонаводаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1983 пас аз хатми мактаби миёна ба шуъбаи забони арабии факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил гардид. Солҳои 1985-1987 дар сафи Артиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Украина хидмати ҳарбиро анҷом додааст. Соли 1990, пас аз ахтми донишгоҳ бо даъвати Академияи илмҳои Тоҷикистон ба Кумитаи истилоҳот ба сифати ходими илмӣ ба кор шурӯъ намуд. Солҳои 1994-1997 дар аспирантураро дар назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ бо муваффақият ба итмом расонида, соли 1999 дар мавзӯи «Истилоҳоти илмии «Китоб ут-тафҳим»-и Абӯрайҳони Берунӣ» рисолаи номзадиро дифоъ кард. Соли 2008 дар мавзӯи «Ташаккул ва такомули истилоҳоти илмии форсӣ-тоҷикӣ (дар заминаи осори илмии асрҳои IX-XI)» рисолаи докторӣ дифоъ намуд.

Самтҳои тадқиқот[вироиш | вироиши манбаъ]

Султонов М.Б. дар таҳқиқоти илмии худ бори нахуст бо истифода аз равишҳои муосири илми забоншиносӣ дар заминаи қадимтарин осори илмии форсӣ-тоҷикӣ усулҳои ташаккул ва такомули истилоҳоти илмӣ, ҳамчунин қолабҳои асосии истилоҳсозиро дар забони модарии мо таъйину таҳқиқ кардааст. Таҳқиқоти илмии ӯ дар масъалаи забони илм ва истилоҳот ба таҳқиқоти минбаъда дар ин замина роҳ боз намуда, натиҷаю хулосаҳои дақиқи илмияш дар хусуси таъйини мафуми истилоҳ ва махсусиятҳои он дар таҳқиқоти муҳаққиқони ватанию хориҷӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Султонов М.Б. натиҷаҳои назарраси дар заминаи таҳқиқоти назариявии истилоҳоти тоҷикӣ бадастовардаи худро дар луғатнависию фарҳангнигории амалӣ муваффақона татбиқ менамояд.

Дар таҳриру таълифи бештар аз сӣ фарҳангу луғатномаи соҳавӣ, аз ҷумла китобҳои «Асноди додрасии тафтишоти пешакӣ» (1994), «Луғати мухтасари дандонпизишкӣ» (1996), «Луғати мухтасари даҳонпизишкӣ» (1997), «Луғати истилоҳоти иқтисодӣ» (1999), «Луғати мухтасари иқтисодии русӣ ба тоҷикӣ» (1999), «Фарҳанги истилоҳоти байналмилалии бонкдорӣ» (1999), «Танзими оила дар ислом» (1999), «Дастури санаднигорӣ» (2000), «Фарҳанги истилоҳоти илми гӯшу биниву гулӯ» (2002), «Луғати истилоҳоти ҳарбӣ» (2003), “Фарҳанги молиёт” (2003), «Захираҳои оби Тоҷикистон» (2003), «Вожаномаи роҳи оҳан» (2004), «Санадҳои коргузорӣ ва луғати касбу кор» (2004), «Фарҳанги истилоҳоти соҳаи обёрӣ» (2006), «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (дар ду ҷилд) (2008, 2010, 2011), «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» (2011), «Фарҳанги истилоҳоти молия ва бонкдорӣ» (2008), «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» (2013) ва амсоли инҳо фаъолона иштирок дошт. Вай дар чандин симпозиуму анҷуманҳои байналмилалӣ (Душанбе, Маскав, Теҳрон) суханронӣ кардааст ва асару мақолањои илмияш дар нашрияҳои Олмон, Русия, Эрон ва Ўзбекистон ба нашр расидаанд. Султонов М.Б. ҳангоми фаъолияташ дар Кумитаи истилоҳот (солҳои 1990-2007) дар таҳияву тадвини истилоҳоти коргузории аксари вазорату идораҳои мамлакат саҳми назаррас гузоштааст. Устоди зиндаёд Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ дар як мусоҳибаи худ ӯро "забоншинос, адабиётшинос ва шоири бисёр хуб" [1] муаррифӣ карда, дар ҷойи дигар фаъолияти истилоҳнигорӣ ва дигар ҷусторҳои ӯро дар ин замина барои ташаккули усулҳои истилоҳнигории тоҷикӣ дорои аҳамияти ҷудогона арзёбӣ кардаанд.[2]

Асарҳои илмию тақиқотӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Мирзоҳасан Султонов аз нахустин муҳаққиқони забони илм ва истилоҳшиносиву истилоҳнигорӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар ин мавзӯъ китобҳои

  • «Истилоҳоти илмии «Китоб-ут-тафҳим»-и Абўрайҳони Берунӣ» («Дониш», 2003),
  • «Мушкилоти забони илм» («Пайванд», 1385=2006),
  • «Шуморнома»-и Муҳаммади Айюби Табарӣ («Дониш», 2006),
  • «Ташаккул ва такомули истилоҳоти илмии форсӣ-тоҷикӣ» («Дониш», 2008),
  • «Язык науки и терминология» («Ирфон», 2011),
  • «Мунтахаби ашъори Хоҷа Насириддини Тӯсӣ» («Ирфон», 2011),
  • “Мушкилоти забони илм ва истилоҳот” («Дониш», 2015),
  • «Становление и развитие персидско-таджикской научной терминологии» (Palmarium Academic Publishing (Олмон) -452 c. – 2015. ISBN 978-3-659-60230-6) ва мақолаҳои зиёди илмӣ ба нашр расонидааст.

Асарҳои тарҷумаиҳолӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Вай ҳамчунин асарҳои илмиву оммавии «Мухтасари зиндагиномаи Шамси Табрезӣ» (1997, 2002, 2006) ва «Саргузашти Исмоили Сомонӣ» (1998, 2010)-ро навишта, ба чоп расонд, ки дар байни хонандагон маҳбубияти хос доранд. Ӯ аз ҷумла дар асараш «Саргузашти Исмоили Сомонӣ» рӯзгору зиндагинома ва фаъолияти давлатдорию раиятпарварии Исмоили Сомониро аз нигоҳи нави рӯзгори озодиву истиқлоли миллӣ ба таҳқиқ гирифта, ҳақиқати таърих ва симои муаззами Исмоили Сомониро пеши назари хонанда ҷилвагар кардааст.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Маҷмӯаҳои шеърии Мирзо Ҳасани Султон:

  • «Чароғи лола» (2002),
  • «Шафақи лола» (2004),
  • «Ҷаконда» (2005),
  • «Салои ишқ» (бо хатти арабиасос) («Пайванд», 1389=2011),
  • «Таваллуди ту» («Адиб», 2014)
  • «Хотами мулки Сулаймон» («Адиб», 2014).

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои дастовардҳои назаррас дар масъалаи таҳқиқи забони илм ва истилоҳот бо медали тилои ба номи В.И. Вернадский ва ордени байналмилалии LABORE ET SCIENTIA (ИморотЛУ ИЛМ) сарфароз гардидааст. Корномаи илмию эҷодияш дар донишномаи "Учёные России" Ҷ.8. ва Ҷ.9. дарҷ гардида,[3][4] дар шабакаи Интернет сабт шудааст.[5]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Тақдир роҳи илмро ба ман тақдим кард... // Маҷаллаи "Саҳар", нашри 2, январи соли 2007. - С.31.
  2. Вожагузинӣ дар Тоҷикистон ва баъзе мушкилоти он" // Фаслномаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон, соли чаҳорум, шумораи аввал, баҳори соли 1377, интишор меҳрмоҳи соли 1378. - С.73.
  3. "Учёные России" Ҷ.8. - М.:2012. - С.542-543.
  4. "Учёные России" Ҷ.9. - М.:2013. – С.525.
  5. Султонов Мирзохасан Баротович. Энциклопедия "Известные ученые"