Jump to content

Мирзо Бобоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бобоев Мирзо Бобоевич
парчам
Раиси Кумитаи банақшагирии давлатии ҶШС Тоҷикистон
30 ноябри 1983 — соли 1988
Пешгузашта Қаҳҳор Маҳкамов
Ҷонишин Бурӣ Каримов

Таваллуд 5 июл 1926(1926-07-05)
Даргузашт 9 май 2016(2016-05-09) (89 сол)
Душанбе, Тоҷикистон
Ҳизб КПСС
Таҳсилот Мактаби олии ҳизбӣ (Тошканд)
Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1971
Ордени Ленин — 1971 Ордени Инқилоби Октябр — 1973
Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат — 1965 Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат — 1976 Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат — 1981 Медали ҷашнии «Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди Владимир Илич Ленин»

Мирзо Бобоев (5 июли 1926, Кӯлоб, вилояти Кӯлоб, ҶМШС Тоҷикистон9 майи 2016, Душанбе, Тоҷикистон) — арбоби ҳизбию давлатӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1971).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сол­ҳои 1944-50 хидмат дар Артиши Шӯравӣ, 1950-52 нозири Вазорати маҳсулоттайёр­ку­нии ИҶШС дар вил. Кӯ­лоб, 1952-53 муовини намо­ян­да ва намояндаи Вазорати маҳсу­лот­тайёркунии ИҶШС дар ноҳияи Данғара ва Ховалинг, 1953-54 сардори шуъбаи ки­шо­вар­зӣ ва маҳсулоттайёр­ку­нии ноҳияи Ховалинг, 1955-56 раиси ко­миҷроияи ноҳияи Ховалинг, 1956-57 мудири шуъ­баи комитети ҳизбии ноҳияи Темурмалик, 1957-58 муовини раиси комиҷроияи ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик), 1958-62 шунавандаи мактаби олии ҳиз­бии шаҳри Тошканд, 1962-63 директори хоҷагии «Муъми­нобод»-и ноҳияи Кӯлоб. 1963-64 раиси комиҷроия, 1964-65 котиб ва 1965-73 котиби якуми комитети ҳизбии ноҳияи Восеъ, 1973—1983 котиби КМ ҲК Тоҷикистон, 1983-87 муовини Раиси Шӯрои Вазирон, раиси Госплани ҷумҳу­рӣ буд. Б. барои пешрафти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ хидматҳои арзанда намуда, дар таҳияву тарҳрезии ободонии минтақаҳои кӯҳистон, пешбурди боғу токпарварӣ саҳм гузоштааст. Аз соли 1986 нафа­қагири шахсӣ. Дар матбуоти даврӣ оид ба мушкилот ва пешбурди соҳаи кишоварзӣ чандин мақолаи муҳим дарҷ намудааст. Ҳамчун воқеанигор ва публисист низ доир ба талошу пайкарҳои овони истиқлол ва бурду бохти даврони рукуду бозсозӣ, мушкилоту ҳангомаҳои давлатсозии навини тоҷикон китобҳои зеринро институтишор кардааст: «Сатрҳо аз зиндагӣ» (2000), «Андешаҳо» (2007), «Чаро камбизоатем» (2012) ва «Взгляд» (русӣ, 2006). Депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 7-9).

Ордену медалҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо орденҳои Ленин, Револютсияи Ок­тябр, Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва Ифтихор­номаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.