Қаҳҳор Маҳкамов
Каҳҳор Маҳкамов | ||||||
Қаҳҳор Маҳкамович Маҳкамов | ||||||
|
||||||
Пешгузашта | Вазифа таъсис ёфт | |||||
---|---|---|---|---|---|---|
Ҷонишин | Қадриддин Аслонов (и.в) Раҳмон Набиев |
|||||
|
||||||
Пешгузашта | Иззатулло Ҳаёев | |||||
Ҷонишин | Вазифа барҳам хурд | |||||
|
||||||
Пешгузашта | М. С. Табаров | |||||
Ҷонишин | Қадриддин Аслонов | |||||
|
||||||
Пешгузашта | Раҳмон Набиев | |||||
Ҷонишин | Шодӣ Шабдолов | |||||
|
||||||
Пешгузашта | Раҳмон Набиев | |||||
Ҷонишин | Иззатулло Ҳаёев | |||||
| ||||||
Таваллуд | ||||||
Даргузашт |
8 июн 2016 (84 сол) | |||||
Мадфан |
қабристони Сариосиё, Душанбе | |||||
Ном ҳангоми таваллуд |
Маҳкамов Қаҳҳор Маҳкамович | |||||
ҳамсар |
Гавҳар Шукриятовна | |||||
Фарзандон |
духтар ва писар | |||||
Ҳизб |
КПСС (1957—1991) | |||||
Таҳсилот | ||||||
Эътиқод | ||||||
Ҷоизаҳо |
Қаҳҳор Маҳкамов (Қаҳҳор Маҳкамович Маҳкамов; 16 апрели 1932, Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, СССР — 8 июни 2016, Душанбе, Тоҷикистон) — ходими сиёсӣ ва давлатии ИҶШС ва Тоҷикистон, раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1982—1986 ва 1990—1991), Котиби якуми КМ Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (1985—1991), Узви Бюрои ҳизбии КМ ҲКИИ (1990—1991), Раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1990), аввалин ва охирин президенти ҶШС Тоҷикистон (1990—1991).
Зиндагинома[вироиш]
Қаҳҳор Маҳкамов 16 апрели соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1953 Институти кӯҳии Ленинградро хатм карда ҳамон сол ба ҳайси сардори яке аз қисматҳои шахтаи трести «Таджикуголь» дар Шуроб ба кор даромадааст. Минбаъд дар вазифаҳои гуногун кор карда сардори шахта гардидааст. Аз соли 1963 то соли 1982 аввал Раиси Госплан ва сипас ҷонишини Раиси Шӯрои Олии Вазирони ҶШС Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ба мақсади рух додани хунрезӣ Қаҳҳор Маҳкамов ба истеъфо рафта, Қадриддин Аслонов вазифаи иҷрокунандаи президентро ба уҳда гирифт ва фармонро оид ба манъ намудани фаъолияти ҳизби коммунистӣ интишор намуд.
Фаъолияти ҳизбию давлатӣ[вироиш]
Соли 1957 ӯ узви Хизби коммунистӣ (ҲК ИҶШС) шуда аз соли 1961 дар вазифаи Раиси комиҷроияи шаҳри Ленинобод то с. 1963 фаъолият кардааст. С 1963 ба вазифаи Раиси Госплани ҶШС Тоҷикистон таъин шуд ва аз соли 1965, инчунин, муовини Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон буд. Қаҳҳор Маҳкамов минбаъд ҳамчун Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1982—1986), Котиби якӯми Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии ҶШС Тоҷикистон (1985—1991), Раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1990), аввалин президенти Тоҷикистон (1990—1991) адои вазифа намудаастӣ. Баъди воқеаҳои тезутунди сиёсии Тоҷикистон (1990 - 1991) ба истеъфо баромада, якчанд муддат бо соҳибкорӣ машғул буд. Баъд аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), ҳамчун вакили доимии парлумон ва намояндаи Тоҷикистон дар АврАзЭС кор мекард. Қаҳҳор Маҳкамов 8 июни соли 2016 дар Душанбе вафот кардааст.
Мукофотҳо[вироиш]
- Чаҳор ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Муҳандиси Шоистаи Тоҷикистон
Нигаред[вироиш]
Сарчашма[вироиш]
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи одам мебошад. Шумо метавонед бо пурра кардани ин ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Википедия:Статьи с переопределением значения из Викиданных
- Зодагони 16 апрел
- Зодагони соли 1932
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Хуҷанд
- Даргузаштагони 8 июн
- Даргузаштагони соли 2016
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бидуни тасвир дар Викианбор
- Президентҳои Тоҷикистон
- Сарварони Тоҷикистон
- Котибони якуми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон
- Арбобони давлатии Тоҷикистон
- Раисони Шӯрои Вазирони Тоҷикистон
- Мақолаҳои нопурра, ниёзманди аниқсозии шаблон