Миркалон Ҷӯраев
Миркалон Ҷӯраев | |
Таърихи таваллуд | 16 май 1939 |
Зодгоҳ | ноҳияи Истаравшан, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 30 март 1999 (59 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | риёзиёт |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Миркалон Ҷӯраев (тав. 16.05.1939, деҳаи Қалъачаи Бакавули ноҳияи Ӯротеппа – ваф. 30.03.1999, ш. Душанбе) — риёзидон, номзади илмҳои физика ва математика (1984), дотсент (1987).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1958–1963 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил намудааст. Солҳои 1964–1967 ассистенти кафедраи математикаи элементарӣ ва методикаи таълими математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко, 1968 коромӯз-тадқиқотчии кафедраи математикаи амалии Донишгоҳи давлатии ш. Москва ба номи М.В. Ломоносов, 1968–1971 ассистент, муаллими калони кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо, 1971–1974 аспирант, 1974–1976 муаллими калони кафедраи номбурдаи донишкадаи омӯзгории пойтахт буд. Солҳои 1976– 1984 ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи математикаи ҳисоббарор ва маркази мошинаҳои электронии ҳисоббарор, 1984–1999 мудири кафедраи номбурдаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев кор мекунад. Оид ба татбиқи методи муодилаҳои интегралии Фредголми ҷинси 1 дар масъалаҳои электростатика ва дигар масъалаҳои муҳими математика кори илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 40 таълифоти илмӣ ва илмию методӣ буда, дар конференсияҳои мухталифи илмии ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Таълими математика, информатика ва техникаи ҳисоб дар мактабҳо ва институтҳои педагогӣ // Мактаби советӣ, 1990, № 12.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 16 май
- Зодагони соли 1939
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Истаравшан
- Даргузаштагони 30 март
- Даргузаштагони соли 1999
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои улуми физика ва математика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Риёзидонон аз рӯи алифбо
- Риёзидонони Тоҷикистон
- Мақолаҳои хурд дар бораи донишмандон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон