Ана Лусия Домингес
англ. Ana Lucía Domínguez | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Ana Lucía Domínguez Tobón |
Таърихи таваллуд: | 2 декабр 1983 (40 сол) |
Зодгоҳ: | Богота, Колумбия |
Шаҳрвандӣ: | Колумбия |
Касб: |
ҳунарпеша мудел |
Корнома: | 1993-то ҳол |
IMDb: | ID 0231740 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ана Лусия Домингес Тобон (исп. Ana Lucía Domínguez Tobón); тав. 2 декабр 1983; Богота, Колумбия) — ҳунарпеша ва мудели колумбӣ. Ӯ дар теленовелаҳои Амрикои Лотинӣ ҳунарнамоӣ менамояд. Ӯро бисёртар барои иҷрои нақш дар силсилафилми машҳури Telemundo «Хашми пинҳон» (Pasión de Gavilanes) мешиносанд.
Зиндагинома ва фаъолияти ҳунарӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар кӯдакӣ ӯ орзу дошт, ки як ҷузъи олами синамо шавад. Ҳангоме, ки Маргарита Роза де Франсискоро дар нақши Гавиотаи теленовелаи "Сafe con aroma de Mujer" (Қаҳва бо накҳати зан) мебинад, шавқу ҳавас пайдо намуда мехост ба мисли ӯ ҳунарпеша, рассоми беҳамто ва шоир шавад. Ана Лусия ба худ қавл гузошт то ба ин ҷода қадам гузорад. Ӯ аз синни нӯҳсолагӣ ба сабти таблиғотҳои телевизионӣ шурӯъ кардааст. Аввалин зоҳири ӯ дар телевизион дар теленовелаи De Cabeza Pies буд. Чанде пас, ӯ дар Conjunto Cerrado (Маҷмӯи пӯшида) ҳунарнамоӣ кардааст. "Hermosa Niña" (Духтари зебо) нахустин саҳнаест, ки дар он нақши асосиро бозидааст. Дар саҳнаҳое, ки урён пайдо шуд, хашми мардумро дар тамоми Колумбия овард. Зеро ӯ 15 сол дошт. Ӯро ҳатто ба қаҳрамони достони Лолитаи Владимир Набоков шабеҳ карданд. Маҳз дар ҳамин марҳилаи ҳаёташ ӯ қарор дод, ки ҳунарпешагӣ - барои ӯст.
Нахустнамоиши байналмилалии ӯ дар теленовелаҳои "Gata salvaje" (Гурбаи ваҳшӣ) буд, аммо пас аз ҳунарнамоӣ дар теленовелаи "Эҳсоси пинҳон " (Pasión de gavilanes) бо Марио Симарро, Мишел Браун, Хуан Алфонсо Баптиста, Данна Гарсия, Поала Рей ва Наташа Клаусс ӯ дар сатҳи байналмилал муваффақ шуд. Ана Лусия дар тамоми Амрикои Лотинӣ ва Испониё шуҳрат пайдо намуд ва ҳатто дар муқоваи маҷаллаи машҳури "Interview" (Мусоҳиба) ва маҷаллаи колумбии SoHo бо аксҳои бараҳна пайдо шуд.
Соли 2004 ӯ дар теленовелаи "Te voy a enseñar a querer" (Ман ба ту дӯст доштанро меомӯзам) дар нақши Комила бо Мигел Варонӣ, Данна Гарсия, Мишел Браун, Катрин Сиачоке, Мартин Карпан ва Адриана Кампос ҳунарнамоӣ намудааст.
Ӯ инчунин соли 2009 дар "Madre Luna" бо Ампаро Грисарес, Габриэл Поррас ва Мишел Браун нақш офаридааст.
Соли 2009, ӯ аз тарафи Телемундо барои иҷрои нақши София дар теленовелаи "Perro Amor" ҳамроҳ бо актёри Пуэрто-Рико Карлос Понс ва ҳунарпешаи колумбӣ Морисо Родригес даъват шудааст, ки ба Майами кӯч баст; дар ин силсилафилм ба ӯ имконият пайдо шуд, ки якчанд суруд хонад. Худи ҳамон сол, ӯ дар силсилафилми колумбӣ "El Fantasma del Grand Hotel" ширкат варзид.
Пас аз он ӯ барои шабакаи RCN дар теленовелаи "La traicionera" ҳамроҳи шавҳараш Хорхе Карденас нақш офаридааст.
Соли 2013 ӯ дар теленовелаи Las Bandidas, ки силсилафилм пешниҳоди RTI Producciones барои Televisa ва RCN буда, пурра дар Венесуэла сабт шудааст, нақш бозидааст. Шариконаш дар теленовела ҳунарпешаҳо Марко Мендез аз Мексика ва Даниэла Баскопе, Маржорӣ Магрӣ, Каридад Канелон, Клаудия Ла Гатта аз Венесуэла ва ягон ҳунарпеша аз Пуэрто-Рико Даниэл Луго буданд.
Соли 2015 он барои мавсими дуввуми силсилафилми Telemundo "Señora Acero", ки дар Мексика сабт шудааст пешниҳод шудааст. Ӯ дар миёни ҳунарпешаҳои маъруф Бланко Сото, Литсӣ, Маурисио Ҳенао, Хосе Луис Ресендез нақш бозидааст.
Ҳаёти шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ана Лусия аз синни 13 солагӣ бо ҳаҷвнигор Давид Алберто Гарсияи 27 сола (14 сол аз худаш бузург) робитаи ошиқона дошта, ҳангоми ба 18 солагӣ даромадан соли 2001 издивоҷ намуданд. Аммо пас аз ду соли оиладоршавӣ онҳо аз ҳамдигар ҷудо шуданд.
Соли 2008 ӯ бо сароянда ва ҳунарпеша Хорхе Карденас оиладоршавияшонро эълон намуданд.
Филмнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Сол | Номгӯй | Нақш | Шарҳҳо |
---|---|---|---|
1993 | De pies a cabeza | Ядира Чакон | |
1996 | Conjunto cerrado | Мануела | |
1998 | Hermosa niña | Антония Доносо | |
1999 | El fiscal | Fancisca "Frica" Lombana | |
2000 | Amor Discos | Мирям Изабел Домингюн | |
2000 | Se armó la gorda | Ҷаклин Монсалве | |
2001 | El informante en el país de las mercancías | Сесилия де Кастро | |
2002–2003 | Gata Salvaje | Адриана | |
2003 | Pasión de Gavilanes | Либиё Рейез\ Рут Урибе | |
2004 | Te voy a enseñar a querer | Camila Buenrostro | |
2005 | Decisiones | Алисия | Қисмати: "La profesora de química" |
2006 | El engaño | Марсела Гарсия/ Камила Наварро | |
2006 | Amores cruzados | Мария Гарсия | |
2007 | Madre Luna | Анабел Салдана | |
2007–2008 | Mujeres asesinas | Нақши ноаён | 2 қисм |
2009 | El fantasma del Gran Hotel | Ирене Бюнавентура | |
2010 | Perro amor | София Сантана | |
2011–2012 | La Traicionera | Мартина Фигюроа | 267 қисм |
2013 | Las Bandidas | Фабиола Мантоя | |
2014 | Misterio's | Майра | Қисми: "Llamas de sueño" |
2015–2019 | Señora Acero | Марта Моника Виялобой / Тути | Нақши марказӣ (мавсимҳои 2–5); 134 қисм |
2018 | Nicky Jam:El Ganador | Роза |
Филм
[вироиш | вироиши манбаъ]Сол | Номгӯй | Нақш |
---|---|---|
2006 | Gringo Wedding | Ребека Гонсалез |
Театр
[вироиш | вироиши манбаъ]Сол | Номгӯй |
---|---|
2010 | Un amante a la medida |
2002 | Estado civil, infiel |
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Premios India Catalina
[вироиш | вироиши манбаъ]Сол | Категория | Силсилафилм | Натиҷа |
---|---|---|---|
2000 | Беҳтарин ҳунарпеша дар силсилафилм | El fiscal | Номзад |
Premios TV y Novelas
[вироиш | вироиши манбаъ]Сол | Категория | Силсилафилм | Натиҷа |
---|---|---|---|
2000 | Беҳтарин ҳунарпеша дар силсилафилм | El fiscal | Номзад |
Premio MARA de Oro (Венесуэла)
[вироиш | вироиши манбаъ]Сол | Категория | Силсилафилм | Натиҷа |
---|---|---|---|
2003 | Беҳтарин ҳунарпешаи хориҷӣ | Pasión de Gavilanes | Баранда |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ana Lucía Domínguez en Colarte
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 2 декабр
- Зодагони соли 1983
- Зодагони Богота
- Ҳунарпешаҳо аз рӯи алифбо
- Ҳунарпешазанҳои синамои Испониё ва Амрикои Лотинӣ
- Ҳунарпешазанони асри ХХI
- Ҳунарпешазанони асри ХХ
- Ҳунарпешазанҳои телевизиони Колумбия
- Ҳунарпешазанҳои синамои Колумбия
- Ҳунарпешазанҳои театри Колумбия
- Ҳунарпешакӯдакон (занҳо)-и Колумбия