Jump to content

Моҳпайкар Ёрова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Моҳпайкар Ёрова
Таърихи таваллуд: 28 июл 1970(1970-07-28) (54 сол)
Зодгоҳ: Душанбе, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: ҳунарпешаи театр ва синамо
Ҷоизаҳо: Медали «Хидмати шоиста»
IMDb: ID 11213834

Моҳпайкар Ёрова (28 июли 1970, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Моҳпайкар Ёрова 28 июли соли 1970 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст[1]. Факултети драмаи Донишкадаи театрии Маскав ба номи М. С. Шепкинро соли 1991 хатм кардааст.

Моҳпайкар Ёрова соли 1993 бо як нафар мард аз Туркманистон издивоҷ мекунад ва чанд муддат дар Ишқобад ба сар мебарад, аз ин издивоҷ соҳиби ду писар — Сиёвуш ва Бобо мешаванд, аммо оқибат аз ҳам ҷудо мешаванд.

Фаъолияти ҳунарӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соли 1991 ҳамчун ҳунарпеша дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов ҳунарнамоӣ мекунад. Қариб дар ҳамаи спектаклҳои давоми беш аз ду даҳсола дар театри номрафта рӯи саҳна гузошта нақши хурду калон бозида, бо оромӣ ва камоли кушодарӯӣ фасли тоза дар офариниши образҳо кушод.

Дар филмҳои бадеии тоҷикии «Убури сангин», «Марги бегуноҳ», «Соҳил», «Баъд аз ғуруб», «Меҳроб», «Оинаи беҷило», «Журналист», «Баҳори як кӯча», «Ормонҳо», «Хокпайванд», «Орзуи рассом», «Арӯси замонавӣ», ду филми истеҳсоли синамогарони Русия — «Хазинаи тило», «Интиқоми туркӣ» ва ғайра нақш офаридааст.

Бо медали «Хидмати шоиста» сарфароз гардидааст.

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.