Муаззама Аҳмадова
Муаззама Аҳмадова | |
---|---|
Муаззама Аҳмадова | |
Таърихи таваллуд: | 20 феврал 1952 |
Зодгоҳ: | ноҳияи Исфара |
Таърихи даргузашт: | 5 феврал 1988 (35 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе, Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: |
![]() |
Навъи фаъолият: | нависанда |
Солҳои эҷод: | 1980—1988 |
Самт: | нависанда, рӯзноманигор |
Жанр: | ҳикоя |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Муаззама Аҳмадова (20 феврали 1952, Қалъачаи Мазор, Исфара — 5 феврали 1988) — нависанда ва рӯзноманигори тоҷик.
Зиндагинома[вироиш]
Муаззама Аҳмадова 20 феврали соли 1952 дар деҳаи Қалъачаи Мазори ноҳияи Исфара ба дунё омадааст. Донишкадаи омӯгории Хуҷандро хатм карда дар зодгоҳаш ҳамчун муаллимаи фанни ҷуғрофия дар мактаби таҳсилкардааш дарс додааст. Меҳри эҷодкорӣ дар риштаи адабиёт, навиштани ҳикояву мақоланависӣ, ӯро дар ибтидои солҳои 80-ум ба шаҳри Душанбе овард, Духтари эҷодкори боистеъдодро аввало ба сифати мухбири рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ва сипас мухбири рӯзномаи “Адабиёт ва санъат”ба кор қабул карданд. Аввалин ҳикояҳояш дар рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон”, “Адабиёт ва санъат” маҷаллаҳои “Садои Шарқ” ва “Занони Тоқикистон” нашр шудаанд.[1]
Муаззама Аҳмадова муаллифи ягона маҷмӯаи ҳикояҳо “Соҳиби аспи сафед” (1986) мебошад, ки аз ҷониби коршиносон ва хонандагон шостаи таҳсин шуда буд. Дар адабиёти гузашта номҳои занон ҳамчун шоирони боистеъдод ба монанди Робия, Маҳастӣ, Зебуниссо номбар шудаанд, вале зани нависанда номбар нашудааст. Адибони Тоҷикистон Муаззамаро ояндаи нахустин зани нависанда мепиндоштанд. Афсус, ки Муаззама Аҳмадова хеле ҷавон ин дунёро падруд намуд.[2]
Эзоҳ[вироиш]
- Зодагони 20 феврал
- Зодагони соли 1952
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Исфара
- Даргузаштагони 5 феврал
- Даргузаштагони соли 1988
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Адибон аз рӯи алифбо
- Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон
- Рӯзноманигорони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
- Занон-нависандаҳои асри XX-и Тоҷикистон