Jump to content

Муаззама Мироқилова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муаззама Мироқилова
Таърихи таваллуд 9 январ 1934(1934-01-09) (90 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино
Ҷоизаҳо Корманди шоистаи Тоҷикистон (2000)

Муаззама Мирсобитовна Мироқилова (09.01.1934, Душанбе) — доктори илмҳои тиб (1986), профессор (1988), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2000).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаззама Мирсобитовна Мироқилова хатмкардаи факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1959). Ординатори клиникии кафедраи бемориҳои кӯдакона (1959-1963), ассистент ва дотсенти кафедраи педиатрия (1963-1974), мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1974-2004) кор кардааст. Таҳқиқоти илмиаш ба масъалаи омӯзиши камхунӣ ва ҳолати гемопоэз дар кӯдакони сокини пасткӯҳҳо, миёнакӯҳҳо ва баландкӯҳҳо, самарабахшии муолиҷаи иқлимии кӯдакони гирифтори зиқи нафас дар шароити миёнакӯҳ бахшида шудаанд. Натиҷаҳои таҳқиқоташ оид ба ташхис, тарзи табобат ва роҳҳои пешгирии камхунӣ дар дармонгоҳҳои кӯдакона ва шуъбаҳои атфоли беморхонаҳои кӯдакони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Муаллифи 130 кори илмист.

  • Картина крови в норме и патологии ӯ детей-жителей Памира. – Д., 1977 (соавтор);
  • Клинико-диагностические особенности и профилактика анемии ӯ детей в высогорных районах Памира: Дисс…доктора мед. наук. – М., 1986;
  • Пренатальная диагностика нарушений состояния здоровья новорожденных в Таджикистане. – Д., 1991 (соавтор);
  • Метаболическая коррекция ӯ беременных групп риска и новорожденных с перинатальной патологии. – Д., 1991 (соавтор);
  • Анемия ӯ детей раннего возраста. – Д., 1996; Реанимация и интенсивная терапия новорожденных в роддоме при асфиксии и родовой травме. – Д., 1999 (соавтор).
  • == Адабиёт ==
  • Мироқилова Муаззама Мирсобитовна. Нишондиҳандаи тавсиявии библиографӣ. – Д., 2014.[1]
  • == Эзоҳ ==
  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 349.