Муборак Мансурова
Муборак Умаровна Мансурова | |
Таърихи таваллуд | 11 август 1920 |
Зодгоҳ | Бухоро , ҶШС Ӯзбекистон |
Таърихи даргузашт | 2008 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | биология |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Университети давлатии Осиёи Миёнаро (ш. Тошканд) |
Ҷоизаҳо | , Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1996) |
Муборак Умаровна Мансурова (11 сентябр 1920, Бухоро — 2008, Душанбе) — доктори илми биологӣ (1973), профессор (1974). Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1996).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муборак Умаровна Мансурова соли 1942 факултаи биологияи Университети давлатии Осиёи Миёнаро (шаҳри Тошканд) ба итмом расонда, дар корхонаи тухми кирмаки шаҳри Бухоро ба кор даромад. Аз соли 1946 ба Душанбе кӯчида то поёни умр дар Институти давлатии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур) заҳмат кашид, вазифаҳои мудири кафедраи кирмакдорӣ (1946—1969), мудири кафедраи анатомия ва гисталогияи ҳайвонот (1969—1989), профессори ҳамин кафедраро дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур (1989—2008) иҷро намудааст. Бобати таъсири омилҳои экологӣ ба сохти устухон ва рагҳои хунгарди қутосҳои Помир, морфология ва хусусиятҳои кори баъзе ғадудҳои усораи дохилӣ, узвҳои ҳаракат ва бо хун таъминшавии онҳо зиёда аз панҷоҳ асару мақола навиштааст. Хидматаш дар тарбияи мутахассисони соҳа калон аст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Анатомические, гистологические, химические и химические особенности скелета гиссарских, караульских и тонкорунных овец Таджикистана. — Д., 1965;
- Возрастные изменения анатомно-гистологических и химико-физических особенностей костногоскелета овец гиссарской породы (Анатомия, патология и терапия животных): Дисс…доктора биол. наук. — Казань, 1973;
- Весовой и линейных рост скелета передней конечности овец гиссарской породы в онтогенезе. — Д., 1974;
- Закономерности индивидуального развития сельскохозяйственных животных. — Д., 1976;
- Химический состав костей ткани различных пород и классов овец, разводимых в Таджикистане. — Д., 1980.[1]
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаи Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2017. — С. 316—317.
- Зодагони 11 август
- Зодагони соли 1920
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Бухоро
- Даргузаштагони соли 2008
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми биология
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Олимон аз рӯи алифбо
- Зодагони 11 сентябр
- Биологони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
- Занҳои Тоҷикистон
- Занҳо-олимаҳо
- Занон - олимони асри XXI