Мунтахабу-т-таворих
«Мунтахабу-т-таворих» (ар. منتخب التواریخ) — асари таърихии Муҳаммад Ҳакимхон.
«Мунтахабу-т-тавоих» соли 1843/45 дар шаҳри Китоб аз ҷониби Муҳаммад Ҳакимхон ибни Маъсумхон таълиф шудааст. Асар аз панҷ боб, дувоздаҳ тоифа иборат буда, ҳудуди хронологии он аз «офариниши олам» то оғози солҳои 40-уми садаи XIX-ро дарбар мегирад[1]. Боби аввали асар роҷеъ ба таърихи пайғамбарони тоисломӣ, боби 2 дар мавриди шоҳони қаблазисломии Эрон, боби 3 дар бораи шоҳони Чину Фаронса маълумот медиҳад. Боби 4 «Мунтахабу-т-тавоих» дар бораи таърихи Уммавиён ва Аббосиён, боби 5 доир ба таърихи давлатҳои Саффориён, Сомониён, Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён, Чингизиён, Темуриён, Шайбониён, Аштархониён ва Манғития таълиф шудааст. Асар инчунин роҷеъ ба сафарҳои муаллиф, воқеъаҳои таърихӣ ва ғайра маълумоти пурарзиш медиҳад. Нусхаҳои алоҳидаи асар дар китобхонадои Санкт-Петербург, Тошканд ва китобхонаи Институти таърихи АМИТ маҳфуз аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Абдукаримов Ҷамолиддин Аҳмадалиевич. Маълумоти “Мунтахаб-ут-таворих” доир ба воқеаҳои сиёсии нимаи аввали асри XIX ва баъзе ашхоси маъруфи хонигарии Хуқанд. www.hum.vestnik.tj. Ахбори ДДҲБСТ №3 (72), 2017, с. 25—33 (27 ноябри 2017). 17 августи 2023 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мунтахаб-ут-таворих / А. Валиев // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).
- Ромодин В. А., Некоторые источники по истории Ферганы и кокандского ханства (XVI—XIX вв:) в рукописных собраниях Ленинграда, «Труды двадцать пятого международного конгресса востоковедов», том 3, Москва, 1963