Муродалӣ Иброҳимов
Муродалӣ Иброҳимов | |
|---|---|
| Муродалӣ Файзалиевич Иброҳимов | |
| Таърихи таваллуд | 8 март 1964 (61 сол) |
| Зодгоҳ | ноҳияи Рӯдакӣ, ҶШС Тоҷикистон |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | Таърих |
| Ҷойҳои кор | Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ |
| Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих |
| Унвонҳои илмӣ | дотсент (2016) |
| Алма-матер | филиали Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (1984-1989) |
| Ҷоизаҳо | Аълочии маорифи Тоҷикистон (2011) |
Муродалӣ Иброҳимов (Иброҳимов Муродалӣ Файзалиевич; зод. 8 марти 1964, ноҳияи Рӯдакӣ, ҶШС Тоҷикистон) — таърихнигори тоҷик, доктори илмҳои таърих (2013), профессор (2016), узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон (2011).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муродалӣ Файзалиевич Иброҳимов 8 марти соли 1964 дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст. Таҳсил: мактаб-интернати № 1 ноҳияи Рӯдакӣ (1974—1979), мактаби № 2 шаҳри Ваҳдат (1980—1981). Хатмкардаи факултети технологии филиали Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (1984—1989). Фаъолияти меҳнатӣ: Устои басти сехи ресмономодасозии Фабрикаи бофандагии № 1 Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагини Душанбе (1989—1990), ассистент, муаллими калон, мудири кафедраи технологияи саноати сабук, декани факултети саноати нассоҷӣ ва сабук, сардори шуъбаи таълим, проректор оид ба тарбия ва тарғибот, профессор ва мудири кафедраи дизайни либос ва санъати мӯди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (1991—2017). муовини ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон оид ба таълим (2017—2021), профессори кафедраи санъатшиносии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (2021—2022). Аз январи соли 2023 — ҷонишини директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ.[1]
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи 7 монография, 4 луғати соҳавӣ, 18 китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ, зиёда аз 120 мақола ва 3 пантенти ихтироот.
Соли 2003 дар Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи номзадиро дар мавзӯъи «Таърихи бофандагии анъанавии тоҷикон» дифоъ намудааст. Соли 2013 бошад, рисолаи докториро бо мушовирии яке аз олимони маъруфи тоҷик, академик Раҳим Масов дар мавзӯъи «Таърихи санъати нассоҷии тоҷикон» ҳимоя намудааст. Бори нахуст ба таври мукаммал таърихи санъати нассоҷии тоҷиконро аз давраи қадимтарин то давраи навин таҳқиқ намудааст Доир ба равияҳои таърихи санъат ва таърихи либоси миллӣ тадқиқот мебарад. Таҳти роҳбарии ӯ 2 нафар (Дилафрӯз Раҷабова ва Давлатёр Шералиев) оид ба таърихи фарҳанги маънавӣ ва моддии тоҷикон рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намудаанд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Профессор Муродалӣ Иброҳимов муаллифи бештар аз 120 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 5 монография, зиёда аз 80 мақолаи илмӣ, 3 фарҳанги соҳавӣ, 4 китоби дарсӣ, 5 дастури таълимӣ-методӣ, 3 патенти ҶТ оид ба ихтироот мебошад.
Китобҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Таджикский ремесленный текстиль: Словарь-справочник. — Д. : Ирфон, 2003. — 60 с.
- Традиционное ткачество таджиков: История и технология. — Д. : Ирфон, 2006. — 210 с.
- Текстильные промыслы таджикского народа в конце XIX — начале XX в. — Д. : Ирфон, 2013. — 182 с.
- Донишгоҳи технологии Тоҷикистон: Таърихи рушд ва дурнамо. — Д. : Ирфон, 2010. — 198 с.
- Таърихи санъати тасвирӣ ва ороишии амалии тоҷикон. Давраҳои қадимтарин ва қадим. — Д. , 2022. — 337 с.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Медали «Хидмати шоиста». (2022).
- Аълочии маорифи Тоҷикистон. (2011).
- Аълочии фарҳанги Тоҷикистон. (2020).[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Муродалӣ Иброҳимов муовини директор оид ба илм(тоҷ.). www.institute-history.tj (2023). 29 июли 2023 санҷида шуд.
- ↑ Муродалӣ Иброҳимов муовини директор оид ба илм(тоҷ.). www.institute-history.tj (2023). 29 июли 2023 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иброҳимов Муродалӣ Файзалиевич // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони 8 март
- Зодагони соли 1964
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Рӯдакӣ
- Номзадҳои улуми таърих
- Олимон аз рӯи алифбо
- Таърихнигорон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Докторони улуми таърих
- Олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон
- Олимони асри XXI