Раҳим Масов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Раҳим Масов
Масов Раҳим Масович
Таърихи таваллуд 16 ноябр 1939(1939-11-16)
Зодгоҳ деҳаи Мдеҳарв, ноҳияи Ванҷ, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон,ИҶШС
Таърихи даргузашт 21 июн 2018(2018-06-21) (78 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  СССР
 Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих, таърихнигорӣ, таърихшиносӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ академики АИҶТ, профессори ДДОТ ба номи С. Айнӣ
Алма-матер УДТ ба номи В. И. Ленин
Маъруф ба муаллифи як қатор монографияҳо, доир ба суолҳои муҳими таърихи минтақавӣ - тақсимоти миллию ҳудудии Осиёи Марказӣ 1924 ва тақдири халқи тоҷик дар ин ҷараён[1]
Ҷоизаҳо
Order of Friendship
Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон Ордени Дустӣ
Ордени Спитамен

Раҳим Масов (Масов Рахим Масович; 16 ноябри 1939, деҳаи Мдеҳарв, ноҳияи Ванҷ, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС21 июни 2018[2], Душанбе, Тоҷикистон) — муаррихи тоҷик ва шӯравӣ, доктори илми таърих (1983), профессори ДДОТ ба номи С. Айнӣ (1990), узви вобаста (1991) ва академики АИҶТ (1994). Дорандаи Ҷоизаи байнидавлатии ИДМ «Ситораҳои Иттиҳод» (2012) ва Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника (2013), узви ҲКИШ аз соли 1976[3][4][5][6][7][8][9][10].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Раҳим Масов 16 ноябри соли 1939 дар деҳаи Мдеҳарви ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар оилаи деҳқони камбизоат чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар хонаи кӯдакони шаҳри Хоруғ ва баъдан дар мактаб-интернати Душанбе таълиму тарбия гирифта, соҳиби маълумоти миёна гардид. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1961), ихтисос — «таърихи СССР»). Ӯро барои кор ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон тавсия карданд. Аз моҳи августи соли 1961 Раҳим Масов дар ин муассисаи бонуфузи илмии ҷумҳурӣ оғози фаъолият карда, аз тамоми зинаҳои илмию маъмурии он гузаштааст.

Солҳои 1961—1964 ба ҳайси лаборанти калонb Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, аз соли 1964 то соли 1967 дар аспирантураи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон шуғли таҳсили назарияи тахассусӣ ва доир ба мавзӯи рисолавӣ таҳқиқи илмӣ намудааст. Соли 1967 рисолаи номзадиашро, ки дар ҷумҳурӣ нахустин таҳқиқоти таърихнигории замони шӯравӣ ҳисоб меёфт, дифоъ карда, дар ин самт бо ҷиддияти том тадқиқотро идома медиҳад.

Раҳим Масов солҳои 1974—1988 дар мақоми мудири шуъбаи таърихи ҷамъияти шӯравии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶШС Тоҷикистон ифои вазифа дошт. Узви ҲКИШ аз соли 1976[5][6][11].

Таҳти роҳбарии олим дар шуъбаи мазкур тадқиқоти дастаҷамъӣ ва бунёдии «Таърихи синфи коргари Тоҷикистон» (дар ду ҷилд), «Таърихи сохтмони маданӣ дар Тоҷикистон (1917—1977)», «Очерки таърихи Бадахшони шӯравӣ», маҷмӯаҳои зиёди илмию мақолаҳо доир ба масоили умдаи таърихи Тоҷикистони Шӯравӣ, ки дар ҳар кадом навиштаҳояш мавқеи марказӣ доштанд, ба табъ расидаанд.

Натиҷаи заҳмати муттасил буд, ки соли 1982 Раҳим Масов рисолаи доктории худ «Таърихнигории сохтмони сотсиалистӣ дар Тоҷикистон»- ро дар муассисаи аввалдараҷаи илмии Иттиҳоди Шӯравӣ, Институти таърихи Академияи илмҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (ш. Маскав) бо мувафаққият дифоъ намуда, соҳиби баландтарин дараҷаи илмӣ ва баъди чанде барои дастовардҳои илмию таълимӣ ба унвони профессор мушарраф гардид.

Соли 1988 Раҳим Масовро ба ҳайси сарварии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон интихоб намуданд. Солҳои 1988 то 2015 Раҳим Масов роҳбарии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Узви Раёсати АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 то лаҳзаи марг[3][4][5][6][8][9][10][12].

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Раҳим Масов дар синни 79-солагӣ 21 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт[13].

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввалин падидаҳои ин усули ҳақиқатнигории таърихӣ дар таҳқиқоти бунёдии «Таърихнигории Тоҷикистони шӯравӣ» (1978), «Таърихи илми таърих ва таърихнигории сохтмони сотсиалистӣ дар Тоҷикистон» (1988) ва дигар китобу мақолаҳои муаллиф ба мушоҳида мерасад.

Соли 1991 рӯи чопро дидани китоби Раҳим Масов «Таърихи табартақсим», бемуболиға гардише буд, дар тафаккури нави таърихнигории ҷумҳурӣ. Ин таҳқиқот ба диди наву фаҳмиши воқеъбинонаи омӯзиши таърих ибтидо гузошт.

Китоби навбатии олим "Тоҷикон, бо муҳри «комилан сиррӣ», соли 1995 ба аҳли ҷомеа пешкаш гардид. Ин гадқиқот ба даврае рост омад, ки аз як тараф алангаи ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, аз тарафи дигар, торафт бештар авҷи ҷунбиши худшиносии миллӣ боло мегирифт ва дар ин фаъолшавии ҳисси миллӣ бешак таъсири китоби пешинаи ӯ эҳсос мешуд.

Китоби навбатии устод «Тоҷикон: фишороварӣ ва ассилимилятсия» (2003), ки давоми мантиқии китобҳои қаблиаш «Таърихи табартақсим» ва «Тоҷикон: таърих бо муҳри комилан сиррӣ» ҳисоб меёбад, боз як исботи раванди раднашавандаи содиқ будани ӯ ба принсипи воқеъбинонаи ин ҳақиқатнигори таърих мебошад. Ҳарчанд академик Раҳим Масов ба умдатарин масъалаҳои таърихи замони наву муосир таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад, вале таҳлили муттасили даврони ниҳоят печидаи эҳёи навини давлатдории халқашро ҳамеша дар маркази назар нигоҳ медорад. Мисоли равшани ин серталабӣ дар китоби ахиран рӯи чоп дидаи олим, «Тоҷикон: таърихи фоҷиаи миллат» (Душанбе: «Ирфон»,2008. — 536 с.) равшан ба назар мерасад. Раҳим Масов таърихи муосири ВМКБ-ро ҳамеша дар мадди назар нигоҳ медорад. Ӯ аввалин шуда ба таҳқиқи таърихнигории Бадахшони Шӯравӣ машғул шуда, натиҷаи онро дар ду барориши (солҳои 1981—1985) китоби «Очеркҳо аз таърихи Бадахшони шӯравӣ» ба чоп расонд. Китоби навбатии ӯ "Файзи истиқлол дар «Боми ҷаҳон» (дар ҳаммуаллифӣ бо нависандаи ин сатрҳо), ки соли 2011 рӯи чоп дидаааст

Чун ходими сиёсӣ нақши Раҳим Масов дар ҳаёти мамлакат хеле мукаммал эҳсос мешавад. Ба ҳайси аъзои Комиссияи оштии миллӣ ба набзу дастгоҳи сиёсии ҷумҳурӣ алоқамандии бевоситаи касбӣ дошт. Аз ин рӯ, ӯ чун сиёсатмадор дар қатори маъруфтарин ходимони сиёсию ҷамъиятӣ қарор дорад.

Вазифаҳои илмию ҷамъиятии бар дӯш доштаи олим зиёданд: узви Комиссияи омӯзиши ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон, аъзои ҳайати таҳририяи сарредаксияи «Энсиклопедия тоҷик», узви Комиссияи давлатии дарёфти мукофоти ба номи Абуалӣ ибни Сино, сармуҳаррири маҷаллаи илмӣ-омавии «Мероси ниёгон», муҳаррири масъули «Таърихи халқи тоҷик» ва даҳҳо китобҳои рӯи чоп дидаву омодаи нашргашта, раиси Шӯрои дифои рисолаҳои докторӣ аз рӯи тахассуси таърихи Ватан ва таърихнигории назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ва боз чандин масъулияти расмию ғайрирасмии илмию ҷамъитӣ.

Таҳти роҳбарии академик Раҳим Масов чандин доктору номзадҳои илм ба шоҳроҳи касбӣ ворид гаштаанд.

Ҷоизаву унвонҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ордени «Спитамен» (1999),
  • Ордени «Дӯстӣ» (2001),
  • Ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» дараҷаи I (2009)[4][9],
  • Медали ба номи М. В. Ломоносов (Академияи илмҳои Русия),
  • Медали ҷашнии «10-солагии Ҷаласаи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2002),
  • Медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011),
  • Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1987),
  • Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2013),
  • Ҷоизаи байнидавлатии ИДМ «Ситораҳои Иттиҳод» (2012)[7][8][9],
  • Нишони Фахрии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009)[4][5][6][7][8][9].
  • Қуллаи 6 000 метраи деҳаи Лангари ноҳияи Ишкошим номи ӯро гирифт (2021).

Баъзе аз осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Отделение общественных наук АН РТ Институт истории, археологии и этнографии им. А. Дониша(рус.). Академия наук Республики Таджикистан. 13 феврали 2017 санҷида шуд.
  2. Академик Раҳим Масов аз сактаи мағзӣ даргузашт(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 21 июни 2018 санҷида шуд.
  3. 3.0 3.1 Академик Масов Рахим член президиума АН РТ(рус.). АН Республики Таджикистан. 13 феврали 2017 санҷида шуд.
  4. 4.0 4.1 4.2 4.3 Глава государства наградил академика Рахима Масова орденом «Звезда Президента Таджикистана» I степени(рус.). AVESTA information agency. 15 феврали 2017 санҷида шуд.
  5. 5.0 5.1 5.2 5.3 Академик Р. М. Масов / Х. Пирумшоев. — Душанбе: «Шарки Озод», 1999. — 128 с. — 500 экз.(пайванди дастнорас) Историк истории советского отечества
  6. 6.0 6.1 6.2 6.3 МАСОВ Рахим [16.11.1939 -.. ](рус.). Сentrasia.ru. 13 феврали 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 феврали 2017.
  7. 7.0 7.1 7.2 Рахим Масов объявлен лауреатом Премии «Звёзды Содружества» в области науки и образования(рус.). TAJIK RU. 13 феврали 2017 санҷида шуд. Rus.ozodi.org
  8. 8.0 8.1 8.2 8.3 «Академику Рахиму Масову вручили премию «Звезды Содружества» в Москве(рус.). «Россия для всех». 13 феврали 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 феврали 2017.
  9. 9.0 9.1 9.2 9.3 9.4 Директор Института истории, археологии и этнографии имени Ахмади Дониша, член Комиссии по национальному примирению, лауреат премии «Звезды Содружества» Рахим Масов: «Мы, таджики, гордимся русской культурой, наукой...» C. 8-9, 34-37(рус.). Информационное издание МФГС-IFESCCO - ФОРУМ ПЛЮС 02/2013. 22 феврали 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 сентябри 2016. www.mfgs-sng.org
  10. 10.0 10.1 Масов Рахим Масович(тоҷ.). ДЕЙСТВИТЕЛЬНЫЕ ЧЛЕНЫ АН РТ. 13 феврали 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 феврали 2017.
  11. Cектор советского общества — Отдел новейшей истории ИИАиЭ им. А. Дониша АН Республики Таджикистан(рус.). Институт истории, археологии и этнографии им. А. Дониша Академии наук Республики Таджикистан. 13 феврали 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 феврали 2017.
  12. Основная цель моего Фонда - поддержать исследования по проблемам истории таджикского народа(рус.). Centrasia.ru / Новости и события /. 13 феврали 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 феврали 2017.
  13. Академик Раҳим Масов дар синни 79 аз олам даргузашт(тоҷ.). khovar.tj. 21 июни 2018 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.