Jump to content

Муродулло Шерализода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муродулло Шерализода
Муродулло Шералиев
Таърихи таваллуд 14 апрел 1945(1945-04-14)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 5 май 1992(1992-05-05)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша рӯзноманигор

Муродулло Шерализода (Муродулло Шералиев; 14 апрел 1945, Кулолӣ, вилояти Суғд5 май 1992, Душанбе) — рӯзноманигори тоҷик.

Муродулло Шералиев соли 1945 дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шудааст. Хатмкардаи Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко).

Дар вазифаҳои ходими адабии редаксияи рӯзномаи «Маориф ва маданият» (1966), ходими хурди илмӣ, ходими калони илмии сектори тарҷумаи Институти таърихи партияи назди КМ ПК Тоҷикистон — филиали Институти марксизм — ленинизми назди КМ КПСС (1966—1970) кор кардааст. Солҳои 1970—1974 ва 1978—1982 дар шаҳрҳои Мазори Шариф ва Кобули Ҷумҳурии Афғонистон ба сифати тарҷумон ва тарҷумони калон фаъолият варзидааст. Солҳои 1974—1978 ва 1982—1987 ходими калони илмӣ, мудири сектори тарҷумаи Институти таърихи партияи назди КМ ПК Тоҷикистон буд. Сипас, ӯро ба КМ ПК Тоҷикистон ба кор даъват намуданд, ки он ҷо ба сифати инструктори шуъбаи муносибатҳои хориҷӣ (1987—1988) ва ёрдамчии Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон (1988—1990) ифои вазифа намуд. 5 октябри соли 1990 бо Қарори Совети Олии ҶШС Тоҷикистон Сармуҳаррири Рӯзномаи «Садои мардум» — органи Совети Олии ҶШС Тоҷикистон таъйин гардид. 5 майи соли 1992, ки бозиҳои сиёсии мансабхоҳони бегонапараст оғоз гардида, вазъи Тоҷикистонро хеле муташанниҷ гардонда буд, аз тири раҳокардаи нохалафе шаҳид гардид.[1]