Муҳаббат Каримова
Муҳаббат Маъмуровна Каримова | |
Таърихи таваллуд | 27 декабр 1937 (86 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | риёзӣ |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин |
Ҷоизаҳо | медали «Барои меҳнатҳои шоён» ба муносибати 100 солагии В.И. Ленин (1970), нишонҳои «Аълочии мактаби олии ИҶШС» (1987), «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1994), унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1998). |
Муҳаббат Маъмуровна Каримова (тав. 27.12.1937, шаҳри Душанбе) — риёзидони шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои физика-математика (1994), профессор (1999). «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1998).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳаббат Маъмуровна Каримова соли 1960 факултети механикию математикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. Солҳои 1960–1962 муаллими кафедраи математика, 1962–1965 аспиранти кафедраи математика ва ҳамзамон ассистенти кафедраи математикаи донишгоҳи мазкур буд. Солҳои 1972–1976 ҳамчун дотсенти кафедраи анализи математикӣ, 1976–1987 мудири кафедраи математикаи олӣ, 1987–1996 дотсенти кафедраи анализи математикии донишгоҳи омӯзгории пойтахт кор кардааст. Аз соли 1996 то ба имрӯз профессори кафедраи анализи математикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Солҳои 2004–2008 вазифаи мудири кафедраи мазкурро дар донишгоҳи омӯзгорӣ ба уҳда дошт. Инчунин муовини декани факултети математика оид ба корҳои илмӣ буд.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Оид ба теоремаҳои тауберии комплексӣ кори илмӣ бурдааст. Муаллифи якчанд монография, 14 китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ, инчунин зиёда аз 85 мақолаю фишурдаҳои илмӣ, илмию методӣ мебошад. Дар симпозиуму конференсияҳои илмии ҷуҳуриявӣ, минтақавӣ,умумииттифоқӣ ва байналхалқӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Аъзои Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз назария ва методикаи таълими математика мебошад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Теоремаҳои тауберӣ бо бақия барои қаторҳои каратии умумии Дирихле, Д., 1992;
- Руководство по решению задач по математическому анализу. Метод. реком. для студентов. Ч.1. (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1985;
- Комплексные тауберовые теоремы с остатком для обощенных двойных рядов Дрихле с риссовскими средними // Известия АН Тадж ССР, 1986,
- № 2 (100) ва диг.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо медали «Барои меҳнатҳои шоён» ба муносибати 100 солагии В.И. Ленин (1970), нишонҳои «Аълочии мактаби олии ИҶШС» (1987), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1994), унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1998) ва ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
- Зодагони 27 декабр
- Зодагони соли 1937
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми физика ва математика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Риёзидонон аз рӯи алифбо
- Риёзидонони Тоҷикистон
- Мақолаҳои хурд дар бораи донишмандон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон
- Занҳо-олимаҳо
- Занон - олимони асри XXI