Jump to content

Муҳаммад Бенҳима бин Тайиб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммад Бенҳима бин Тайиб
ар. محمد بنهيمة
7 июл 1967 — 6 октябр 1969
Пешгузашта Аҳмад Баҳнинӣ
Ҷонишин Аҳмад Лароқӣ
20 ноябр 1972 — 25 апрел 1974
Пешгузашта Абдулатифи Филалӣ
Ҷонишин Аҳмад Лароқӣ

Таваллуд 25 июн 1924(1924-06-25)[1]
Даргузашт 23 ноябр 1992(1992-11-23)[1] (68 сол)
Фарзандон Driss Benhima[d]

Муҳаммад Бенҳима бин Тайиб (арб ар. محمد بنهيمة25 июни 1924, Сафи, Протекторати Фаронса аз Марокаш — 23 ноябри 1992, Работ ) — арбоби сиёсӣ ва давлатии Марокаш, Сарвазири Марокаш (7 июли 1967 — 6 октябри 1969), сарвазири пешгузашта Абдулатифи Филалӣ. Пизишк, доктори илмҳои тиб (1953).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Донишгоҳи Нэнси Фаронса дар соҳаи тиб таҳсил кардааст. Ба ҳайси пизишкии занон кор мекард. Соли 1953 рисолаи номзадиро оид ба нишондодҳо ба ҷарроҳии қайсарӣ дифоъ кардааст. Аз соли 1957 то соли 1958 вазири нигаҳдории тандурустии Марокаш, баъд то соли 1960 мушовири хамин вазорат буд. Аз соли 1960 то соли 1961 губернатори Агадир ва Тарфая буд.

Сиёсатмадор. Узви Ҷабҳаи муҳофизати институтҳои конституционӣ.

Солҳои 1961-1963, 1963-1965 ва 1967 дар вазифаҳои вазири корҳои ҷамъиятӣ, маориф, ҷавонон ва варзиш (1965-1967) кор кардааст.

Аз 7 июли соли 1967 то 6 октябри соли 1969 — Сарвазири Марокаш.

Вазири корҳои дохилии Марокаш (1972-1973 ва 1977-1979), вазири корҳои хориҷии Марокаш (1972-1974) ва вазири давлатии ҳамкорӣ (1973-1977) буд. Ӯ 23 ноябри 1992 даргузаштааст.

  1. 1.0 1.1 Munzinger Personen (нем.)