Jump to content

Муҳаммад Наҷиб ар-Рубаъӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммад Наҷиб ар-Рубаъӣ
ар. محمد نجيب الربيعي
14 июл 1958 — 8 феврал 1963

Таваллуд 14 июл 1904(1904-07-14)
Даргузашт 6 декабр 1965(1965-12-06) (61 сол)
Фарзандон Baraa Najib al-Ruba'i[d]
Ҳизб
Эътиқод суннӣ
Соядаст
 Парвандаҳо дар Викианбор

Муҳаммад Наҷиб ар-Рубаъӣ ( ар. محمد نجيب الربيعي‎ - арбоби давлатии Ироқ. 14 июли соли 1958 ба унвони нахустин раиси ҷумҳурии Ироқ, 8 феврали соли 1963 бар асари табаддулоти низомӣ аз ҳокимят барканор гардид.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1904 дар Ироқ (вилояти Имперотурии Усмонӣ ) таваллуд шудааст. Якҷоя бо Абдулкарим Қосим дар инқилоби 14 июли соли 1958 ширкат дошт. Подшоҳ Файсали II табадулогарон пешниҳод карданд, ки таслим шаванд. Подшоҳ бо тамоми аҳли байташ аз қаср берун омаданд, ки ҳар яки онҳо дар болои сари худ Қуръон доштанд. Вакте ки онҳо аз қаср баромада рафтанд, лейтенант Абдулсаттор ал-Абосӣ бе фармон оташ кушода, қариб тамоми оилаи подшоҳро тирборон кард. Файсали II баъдан бар асари захмҳои гирифтааш дар бемористоне, ки дар он ҷо ба табобат бурданд, даргузашт. Баъди ин ҳодисаҳо Абдулкарим Қосим сарвазири Ироқ шуд ва Наҷиб ар-Рубаъӣ раиси Шӯрои мустақил шуд. Дар ҷараёни табаддулоти 8 феврали соли 1963 Абдулқосем кушта ва Наҷиб ар-Рубаъӣ аз мақомаш барканор шуд. Муҳаммад Наҷиб ар-Рубаъӣ соли 1965 даргузашт.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]