Муҳиддин Музаффар
Муҳиддин Ҷураев | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Ҷӯраев Муҳидддин Музаффарович |
Таърихи таваллуд: | 24 апрел 1987 (37 сол) |
Зодгоҳ: | Конибодом, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Касб: | ҳунарпешаи театр, коргардони филм |
IMDb: | ID 14050728 |
Муҳиддини Музаффар (Ҷӯраев Муҳидддин Музаффарович; тав. 24 апрели 1987, Конибодом, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — коргардон, ҳунарпешаи театр ва синамо. Узви Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон (аз 2011). Аълочии кинематографияи Тоҷикистон (2022).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳиддини Музаффар 24 апрели соли 1987 дар шаҳри Конибодоми вилояти Ленинобод дар хонаводаи коргар ба дунё омадааст[1]. Соли 2004 мактаб-гимназияи № 1 ба номи Э. Бозоровро хатм намудааст.
Соли 2009 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро аз рӯи ихтисоси ҳунарпешаи театр ва синамо зери роҳбарии Тағоймурод Розиқов бо дипломи аъло хатм кардааст.
Бо роҳбарии Саъдулло Раҳимов курси «Мактаби синамо»-и назди Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон дар соли 2008 ва курси коргардонии мактаби САУНДРАМА-и А. Панков дар театри «Илҳом»-и шаҳри Тошкентро дар соли соли 2013 хатм кардааст[2]. Дар соли 2021 таҳти роҳбари курси Валерий Аҳадов ВГИК-ро хатм кардааст.
Оиладор ва соҳиби чор нафар фарзанд аст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти кориашро соли 2009 дар Театри давлатии драма ва мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом ба ҳайси ҳунарпеша оғоз карда, дар солҳои 2013—2016 вазифаи саркоргардони театрро бар уҳда дошт.
Аз соли 2015 муассис ва директори Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» мебошад.
Фаъолияти эҷодӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз айёми донишҷӯӣ ба фаъолияти коргардонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, тими ҳунарӣ таъсис дод. Нахустин маҳсули эҷодии ин дастаи ҳунарӣ таҳияи филми мустанади «Разве это жизнь» дар соли 2008 мебошад, ки аз рӯзгори бесарпаноҳони рустабори шаҳри Душанбе ривоят мекунад.
Коргардонӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Театр
[вироиш | вироиши манбаъ]- 2007 — «Куштори яксаду чаҳордаҳ шоҳзодаи Ҳахоманиши дар кӯшки гардон» (аз рӯи романи «Достони писари Худо»-и Сорбон)
- 2009 — «Модар-Ватан» (аз рӯи асарҳои Фирдавсӣ, М. Горкий, Сорбон, Р. Масов, А. Азиз)
- 2013 — «Инопланетянинҳо дар замин» (асари С. Алферова)
- 2014 — «Модар ман зан мегирам» (асари А.Ривкин)
- 2014 — «Хонуми боистеъдод» (асари М. Ҷӯраев)
- 2017 — «Қорӣ-ишкамба» (аз рӯи повести Айнӣ)
Мустанадҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- 2008 — «Разве это жизнь?»
- 2009 — «Канд»
Филмҳои ҳунарӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 2010 — «Ормонҳо»
- 2014 — «Паймон»
- 2015 — «Коса»
- 2016 — «12 соли интизорӣ»
- 2017 — «Тангно»
- 2018 — «Сайёра ранг иваз мекунад»
Таҳиякунандагӣ ва филмноманависӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 2017 — «Духтари Сайхун» (филми ҳуҷҷатӣ)
- 2019 — «Саргузашти Алишер» (филми ҳунарӣ)
- 2019 — «Кӯчаи Умед-612» (филми ҳуҷҷатӣ)
Нақшҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Театрӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Шоҳзода Ох» — дар намоишномаи «Куштори 114 шоҳзодаи Ҳахоманишӣ дар кӯшки гардон». Таҳияи Қурбон Собир
- «Чеишвилӣ» — дар намоишномаи «Айбнома». Таҳияи Тағоймурод Розиқов
- «Шайх Низомиддин» — дар намоишномаи «Зебуниссо». Таҳияи Тағоймурод Розиқов
- «Содиқ»- дар намоишномаи «Мизон». Таҳияи Давлат Убайдуллоев
- «Тур ва Сатрак» — дар намоишномаи «Модар — Ватан» таҳияи Муҳиддин Музаффар
- «Шоҳ Пенфей» — дар намоишномаи «Ваҳваҳабонувон». Таҳияи А. Хоҷақулӣ
- «Шоҳ Лир» — дар намоишномаи «Суди девонагон». Таҳияи А. Хоҷақулӣ
- «Қобил»- дар намоишомаи «Қобил». Таҳияи А. Хоҷақулӣ.
Синамоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Хушнуд» — филми ҳунарии «Ормонҳо». Коргардон Муҳиддин Музаффар
Мушовирӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар филмҳои «Духтари Сайҳун» ва «Соҳибватан» мушовирӣ кардааст[1].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Синамоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳиддини Музаффар дар ҷашнвора-озмуни байналмилалии «Фарҳанги Осиёи Марказии боз-OrzuArtsFestival» дар шаҳри Лондон, ки аз 5 то 20 октябри соли 2016 баргузор гаридид ба гирифтани 2 ҷоизаи ифтихорӣ, ҷоизаи «Коргардони беҳтарин» барои филми кӯтоҳи «Коса» ва «Беҳтарин нақши мардона» барои иҷрои нақши Шоҳ Лир дар намоиши «Суди девонагон» мушарраф гаштааст[2][4].
Ҳирфаӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015);
- Аълочии кинематографияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2022).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Муҳиддини Музаффар – коргардони филмҳои «Суғдсинамо»(тоҷ.). sughdcinema.com. Киностудияи "Суғдсинамо". 14 марти 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 Декабри 2019.
- ↑ 2.0 2.1 М. Музаффар: “Муаррифии миллат мояи ифтихору саодат аст”. jumhuriyat.tj. "Ҷумҳурият" (27 апрели 2017). 14 марти 2018 санҷида шуд.
- ↑ Ҳалимҷон Ҷураев. “Пайраҳаи мураббӣ” дар бораи кист?. JOM (16 марти 2021). 9 ноябри 2022 санҷида шуд.
- ↑ Муҳиддини Музаффар: "Мехоҳам дар кишвар фазои ҳунарӣ созам"(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 15 марти 2018 санҷида шуд.