Театри давлатии драма ва мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозилова
Театри давлатии драма ва мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозилова — яке аз муассисаҳои театрии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Театр дар ш. Конибодом ҷойгир аст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Санъатчиёни сурх
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1932 дар ҳаёти мардуми Канд воқеаи таърихӣ рух дод. Моҳи августb cоли 1932 Театри мусиқӣ-драмавӣ таҳти унвони «Санъатчиёни сурх» таъсис ёфт. Асосгузори кинои тоҷик, фарзанди фарзонаи диёр Комли Ёрматов дар китоби худ «Бозгашт» қайд кардааст, ки соли 1922 шоир ва драматурги барҷастаи ӯзбек Ҳ. Ҳакимзода ва ҳунарпешагони ӯзбек дар Конибодом бо намоишномаҳои ҷолиби драмавӣ ва барномаҳои консертӣ баромад карда. Дар ташкили маҳфилҳои худфаъолиятӣ кумак менамуданд. Бо ташаббуси Комил Ёрматов моҳи июли соли 1922 маҳфили ҳунарпешагони санъат созмон ёфта, нахустин намоишномаи он пешкаши тамошобинон гардонидааст, ки дар он нақши занро Султон Саидмуродови исфарагӣ бозидааст. Санъат аз қадим шуғли дӯстдоштаи ин диёр аст. Маҳз ана ҳамин меҳр соли 1926 як гурӯҳ санъаткоронро, аз ҷумлаи Болтабой Неъматов, Обидҷон Ғиёсов, Каримҷон Иброҳимов, Отаҷон Саримсоқов, Орифҷон Турдиев ва Турдибой Турсуновро ба майдон овард, ки он ба таъсис ёфтани дастаи ҳунарпешагон дар назди артели «Промсоюз» асос гузошт. Давоми се сол дастаи мазкур сайқал ёфт. Баробари ташкили консерт ба тамошобинон намоишномаҳои ҷолиб пешкаш мегардид. Ин буд, ки соли 1929 он ба ду гурӯҳи мустақил – драмавӣ ва консертӣ ҷудо шуд. Вале баъд аз ду сол бинобар нарасидани мутахассисони касбӣ, бахусус таҳиягар ва роҳбари мусиқӣ ин гурӯҳҳо боз муттаҳид мегарданд.
Театри мусиқӣ-драмавӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1932 баъди таъсис ёфтани театри мусиқӣ-драмавӣ Донӣ Ҳусейнов ба сифати устоди рақс ва Хоҷӣ Умар Қосимов аз шаҳри Ленинобод (алҳол Хуҷанд) ба кор даъват шуданд. Вазифаи роҳбари бадеиро Болтабой Неъматов, муовини директорро Маҷид Қодиров ва мудири шуъбаи бадеиро Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ бар уҳда доштанд. Ба шарофати таъсиси тетар як гурӯҳ ҳунарпешагони болаёқат Шаҳрӣ Каримова, Соҷида Ашӯрова, Қумрӣ Дӯстмуродова, Башорат Тоҷибоева, Тоҳир Тоҷибоев ва баъдтар Латофат Орифова, Кимсан Маҳкамов, Тӯҳфа Фозилова, Мирбобо Аҳмадов, Мамадҷон Мавлонов, Исҳоқҷон Қодиров, Шарофат Эргашева ба фаъолият пардохта, бо ҳунару истеъдоди нотакрори хеш қалби тамошобинонро тасхир менамуданд. Театр солҳои 1932- 1936 аз буҷаи шуъбаи маорифи халқ маблағгузорӣ мегардид. Соли 1936 он ба таъминоти буҷаи давлат ворид карда шуд. Моҳи августи соли 1932 Н.Азимов аз театри Ленинобод ба Конибодом даъват карда мешавад. Ҳамон сол намоишномаҳои драматурги ӯзбек К.Яшин «Ду коммунист», «Ғолибият» ва «Ӯртоғлар» (ба забони ӯзбекӣ), ҳамчунин «Ҳалима»-и Ҷаъфарӣ ва «Арши Мололон»-и У.Ҳоҷибеков таҳия шуда буданд. 12 декабри соли 1936 рӯзномаи «Коммунист Тадҷикистана» иттилоъ додааст, ки ҳунарпешагони конибодомӣ К.маҳкамов ва Л.Орифова дар фестивали умумииттифоқӣ сазовори Ифтихорномаи фахрии маданияти СССР гардидаанд. Соли 1937 дар таърихи тетар рӯйдоди фаромӯшнопазир рух дод. Бо қарори кумиҷроияи шаҳрӣ он ба бинои нав, ки соли 1932 чун мактаби омӯзиши сиёсӣ бунёд ёфта буд, соҳиб гардид ва боиси ифтихори бузург аст, ки то ба имрӯз дар ин бинои муқаддас беш аз 121 намоишнома рӯи саҳна омада, хотири ҳазорон тамошобинон болида гардидааст.
Солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ вазъи иқтисодии кишвар ниҳоят вазнин буд. Ин ҳолат ба фаъолияти театр низ бетаъсир намонд. Соли 1956 бо қарори кумиҷроияи вилоят ва фармони Вазорати маданияти Тоҷикистон бинобар иҷро накардани нақшаи молиявӣ ва нарасидани мутахассисони эҷодӣ театр барҳам дода шуда, он бо театри шаҳри Ленинобод муттаҳид карда мешавад.
Театри халқӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Вале парастуи ҳунарпешагони соҳибистеъдод ташнаи майдони парвоз буд. Аз ин боис соли 1959 назди идораи фарҳанг театри халқӣ таъсис ёфт. Дастпарвари Донишгоҳи театрии Тошканд, нахустин мутахассиси соҳаи санъати театрӣ Солеҳҷон Холиқовтаҳиягари он таъйин мегардад. Ҳунарпешагони болаёқат Шарофат Эргашева, Мукаррама Рустамова, Абдувоҳид Бобоҷонов, Турғуной Мадиёрова, Дилором Баҳромова, Обидҷон Бобоҷонов, мансурҷон Ризоев, Баротбой Содиқов ва дигарон бо ҳунари волои худ эътибори театрро афзун намуда, тирамоҳи соли 1968 дар озмуни театрҳои халқ ибо намоишномаи Султон Сафар «Мавҷҳои ҳаёт» ширкат варзида, сазовори ҷои аввал гардида буданд. Намоишномаи конибодомиён тавассути телевизиони ҷумҳурӣ манзури тамошобинон шуда буд.
Эҳёи Театр
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1969 тибқи қарори Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ театри давлатии драмаи мусиқӣ аз нав эҳё гардад. Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Тӯҳфа Фозилова, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон Cултон Саидмуродов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Латофат Орифова барои фаъолияти минбаъда ба театри Конибодом сафарбар мегарданд. Сарварии театрро ба зиммаи М. Нарзуллоев вомегузоранд, ки баъдтар Усмонҷон Раҳимов дар ин вазифа фаъолият кардааст.
Баъди эҳёи театр намоишномаи «Зафар ва Заррина» – и С.Саидмуродов нахустин буд ва мардуми нуқтасанҷу ҳунардӯст бо шавқу завқ хуш қабул карданд. Дар ҳар намоиш толор пур аз тамошобинон ба назар мерасид. Баробари ба арсаи ҳунар омадани Болтабой Бӯриев, Истад Муҳаммадҷонова, Неъмат Обидов, Комил Туранов, Марҳабо Латифова, Охунҷон Рӯзиев, Мансурҷон Қаюмов, Шарофат Солибоева, Тӯхтасин Маризоев, Мунаввара Тӯхтаева ва дигар ҳунарпешагони ҷавон шуҳрати театр боз ҳам афзуд. Дар муддати кӯтоҳ асарҳои «Чинори гӯё», «Раъно», «Гаҳвораи Заррин», -и С.Саидмуродов, «Тӯй»,-и Самад Ғанӣ, «Кӯчабоғи ошиқон»-и Аминҷон Шукӯҳӣ, «Гулҳои саҳро», -и адиби қирғиз М.Тӯйбоев ба ҳукми тамошогарон гузошта шуд. Солҳои ҳафтодум театр таҳти сарварии Нишонбой Шерматов, Алӣ Умаров, Карим Хоҷиев як силсила асарҳоро аз қабили «Лайлӣ»-и М.Хоҷиқулов, «Модар нигарон буд»-и Ф.ансорӣ, «Виҷдон»-и Ҳоҷӣ Содиқ, «Орият»-и Ё.Ҳалимов, «Суруди кӯҳсор»-и Ғанӣ Абдулло, «Эшони Иллоанта ва қории хиромон»-и А.Атобоев дар таҳияи С.Холиқов, М.Қурбонов, О.Оғоев рӯи саҳна оварданд.
Барои бо мутахассисони соҳавӣ таъмин намудани театри Конибодом назди Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи М. Турсунзода аз ҳисоби ҷавонони болаёқат студияи махсус ташкил гардид. Охири солҳои ҳафтодум ба театр омадани дастпарварони ин студия Юнусҷон Эргашев, Зӯҳро Исмоилова, Водӣ Шарифов, Карим Сулаймонов, Дилбар Сулаймонова, Саиданвар Аъзамов, Муқим Қосимов, Ҷумъа Темиров дар ҳаёти фарҳангии ноҳия гардиши куллие ба вуҷуд овард. Онҳо ба асрҳои дипломии худ- «Гирдоб»-и Султон Сафар, «Зангирӣ»-и Гогол ва «Бемории хаёлӣ»-и Молйер саҳнаи театрро ранггинтар гардониданд. Минбаъд маҳз ҳамин ҷавонон ба асарҳои ҷиддиву доманадор боҷуръатона даст заданд. Асарҳои «Бало қоим аст»-и Н.Ҳикмат, «Трибунал»-и А.Макаёнок, «Дуэл»-и М.Бойчиев, «Нурхон»-и К.Яшин, «Шаби пас аз хатм»-и Тендряков, «Шоҳина»-и А.володин нишони ҷустуҷӯву заҳматҳои эҷодкорона ва тахайюли фарогири таҳиягари пурэъҷоз Тоҳир Баҳромов буданд.
Дар саҳнаи театри Конибодом таҳия гардидани намоишномаи «Ромео ва Ҷулйетта» навгоние дар ҳаёти фарҳангии ҷумҳурӣ гардида буд. Зеро бобати рӯи саҳна овардани ин афсонаи оламгари ишқ танҳо бузургтарин театрҳои дунё ҷуръат кардаанд. Санъаткорони конибодомӣ ин қолабро шикаста, ба таҳсини тамошогарон шарафёб шуданд. Асари машҳури Ҳамид Ғулом «Тошболати ошиқ» мазҳакае буд, ки аз дидгоҳи тоза ба саҳна гузошта шуд. Ин мазҳака аз ҳама зиёд тамошобин ҷамъ карда, зери осмони кушод, дар байни мардум низ намоиш дода мешуд. Барои таҳияи ин асар ва «Шоҳина» Тоҳир Баҳромов ба гирифтани Мукофоти Комсомоли ҷумҳурӣ мушарраф гардид. Як силсила асарҳои баландғояи рӯи саҳна омадаи он солҳо ба озмунҳои театрҳои касбӣ пешниҳод шуда, сазовори ҷоизаҳои аввал гардида буданд. Дар ривоҷи кори театр сарварони он Малика Шукурова, Водӣ Шарифов, Адҳам Қаландаров, Ҳакимҷон Латифов низ саҳм доштанд. Баъди бори дуюм сарвари ин даргоҳ таъйин гардидани У.раҳимов ҳамкории аҳли ҳунарро бо театри ба номи Аброр Ҳидоятови шаҳри Тошканд ба амал овард. Таҳиягари шинохтаи ӯзбек Баҳодур Йулдошев асарҳои «Ранҷиши Фармонбибӣ»-и С.Аҳмад, «Арӯси сохта»-и М. Шамхалов, «Марги судхӯр»-и Садриддин Айниро ба саҳна гузошт. Ҳунарпешагони номдори ӯзбек дар намоишномаҳои театри Конибодом, ҳунарпешагони ин театр дар Тошканд ҳунарнамоӣ карда буданд.
Ба театр гузошта шудани номи ситораи санъати тоҷик Тӯҳфа Фозилова бар дӯши ҳунарпешагони як ҷаҳон масъулият гузошт. Бо Ифтихорномаи Ҳукумати ҷумҳурӣ сазовор гардидани сарвари имрӯзаи театр Сиддиқбой Неъматов ва ҳунарпешаи хушовоз Матлуба Мирзоҷонова –барандаи Ҷоизаи созмони ҷавонони ҷумҳурӣ гардидани ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки чароғи ҳунари ин даргоҳ ҳамеша фурӯзон аст. Сафарҳои ҳунарӣ ба аҳли театр илҳом мебахшид. Ҳунари санъаткорони Конибодом тамошобинони Ӯзебкистону Қирғизистон, Қазоқистону Туркманистонро ба тасхир меовард.
Солҳои навадум
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои навадум дар фаъолияти театр коҳиши молиявӣ ба вуҷуд омада бошад ҳам, санъаткорони ҷонфидои касби хеш ҳама мушкилотро пуртоқатона паси сар карданд. Аҳли театр дар таҳияи Мухторҷон Ҳайдаров, Юнусҷон Эргашев ва Солеҳҷон Холиқов як силсила асарҳоро аз қабили «Кооперативи тӯмор»-и Шамсӣ Қиёмов, «Як калаву сад хаёл»-и Усмонҷон Раҳимов, «Сӯҳони қазо»-и Абдуғаффор Абдуҷабборов, «Марги судхӯр»-и С.Айнӣ, «Парвона»-и Уйғун, «Гумроҳ»-и Мубинҷон Юсуфов, «Умри гузарон»-и Аъзам Сидқӣ, «Модар нигарон буд»-и Файзулло Ансорӣ ва як қатор намоишномаҳои бачагонаро ба саҳна гузоштанд. Театр шуҳраташро аз нав барқарор карда, дар озмунҳои ҷумҳуриву вилоятӣ бо намоишномаҳои «марги судхӯр», «Парвона», «Сӯҳони қазо», «Товони гӯсола» ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳо гардид.
Ба намоишномаи «Умри гузарон» Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандии Ҳукумати вилояти Суғдро сазовор донистанд. Он тавассути симои маҳаллӣ манзури тамошобинон гардида, ба намоишномаи дӯстдоштаи мардум табдил ёфтааст.[1]
Ҳунарпешаҳои театр
[вироиш | вироиши манбаъ]Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Конибодом маконест, ки даҳҳо ҳунармандонро ба арсаи санъати театрӣ оварда, шуҳраташ дар тамоми қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ доман паҳн кардааст. Саҳми Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Тӯҳфа Фозилова, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон Cултон Саидмуродов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Латофат Орифова дар шуҳрати театр бебаҳо аст. Дар ҳама ҷо чун сухан аз Комил Ёрматову Лутфӣ Зоҳидова, Абдуқодир Маниёзов, Рауф Баротов, Энаҷон Бойматова, Ҳабиба Каримова меравад, зодгоҳи онон - Канди бостонӣ ёдовар мегардад. Бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардидани Истад Муҳаммадҷонова дар соли 1987, Дилором Баҳромова, Дилбар Сулаймонова дар соли 1990, Юнусҷон Эргашев дар соли 1995 нишони эътирофи санъати баланди аҳли ҳунари Канди бостонӣ буд. Баргузор гардидани шабҳои эҷодии ҳунармандон Саиданвар Аъзамов, Мараҷаб Узоқов, Абдуқодир Бобоҷонов, Тиллобой Иброҳимов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Дилором Баҳромова аз як ҷониб боиси дилгармии аҳли санъат шуда бошад, аз ҷониби дигар онҳоро ба тамошобин боз ҳам қаринтар гардонид.[2]
Сурудҳои дилошӯби Обидҷон Бобоҷонов, Абдураззоқ Тӯхтабоев, Абдуғаффор Олтмишев, Мастон Маҳкамова, Кимсан Каримов, Муҳаббат Тоҳирова, рақсҳои шӯрангези Санавбар Олимова, Чинигул Мамадова, Майрам Ғайназарова, Марҳабо Латифова, Мукаррама Рустамова, ҳаҷви намакини Мансурҷон Ризоев, Умарҷон Сатторов, Латифҷон Шодиев, созҳои гӯшнавози Абдумаҷид Қодиров, Ӯктам Муъминов, Зоҳирҷон Толибов, Соҳиб Шарифов, Исроил Сангинов, Абдуқодир Тошпӯлотов, Исматулло Усмонов, Ӯктам Шерматов, Латифҷон Ғафуров, Комил Дадабоев дар дилу дидаи мардум ҷой гирифтанд.[1]
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сомонаи расмии Театри давлатии драма ва мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозилова Бойгонӣ шудааст 9 августи 2021 сол.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Таърихи театр(тоҷ.). www.teatrikonibodom.tj. 8 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 августи 2021.
- ↑ Ҳунармандони театр(тоҷ.). www.teatrikonibodom.tj. 8 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 августи 2021.