Сайёра ранг иваз мекунад
Жанр | мелодрамма, триллер |
---|---|
Коргардон | Муҳиддини Музаффар |
Таҳиякунанда | Дилошуб Орифзода |
Муаллифи филмнома |
Бахтиёр Каримов |
Дар нақшҳои асосӣ |
Қурбони Собир Таҳмина Раҷабова Хуршед Мустафоев Умар Алиев Тағоймурод Розиқов Толиб Исмоилов Абдумӯъмин Шарифӣ |
Наворбардор | Даврон Восидӣ |
Оҳангсоз | Зайниддин Каримов |
Ширкати синамоӣ | Суғдсинамо |
Буҷет | 350 000 сомонӣ |
Мамлакат | Тоҷикистон |
Забон | тоҷикӣ ва русӣ |
Сол | 2018 |
«Сайёра ранг иваз мекунад» — филми коргардони тоҷик Муҳиддини Музаффар. Нахустнамоиши филм 22 сентябри соли 2018 баргузор гардид[1].
Хулосаи достон
[вироиш | вироиши манбаъ]Филм дар хусуси бархӯрди ду тинат — бадиву некӣ, ду арзиш — мавънавиву моддӣ ва талошу афтударафти байни онҳо нақл менамояд. Қаҳрамони асосии филм Сайёра бо модар ва ду хоҳаракаш зиндагии хоксорона, вале аз нигоҳи маънавӣ сарватманд дошт. Хуршед ва Сайёра якдигаррро дӯст медоштанд. Орзуҳои наҷибе дар дил доштанд… Аммо Муроди афъиниҳоду тарёкӣ бо ёрону каморагони аҳриманкирдору девсират ин ҳама орзуву таманноҳоро ба якборагӣ ба ҳам мезананд. Сайёра бо амри тасодуф қотил мешавад[2].
Сайёра фарзанди ягонаи Фаридро ба қатл расонид[3]. Фарид Сайёраро барои қатли фарзандаш бад мебинад ва мехоҳад аз ӯ қасосашро бигирад. Аммо баъди ошно шудан аз ҷаҳони ботинии духтар ва ҳодисаҳои ба миён омада, Фарид ба андеша фурӯ меравад, ки фарзандашро чигуна тарбия кардааст?! Ҷавондухтар марди рӯзгордида ва ҷаҳонгаштаро маҷбур мекард, то ботини худро дарёбад. Фарид пас аз ин задухӯрдҳои ботинӣ ба худ суол медиҳад, ки оё муҳайё сохтани шароит ва иҷро кардани тамоми хоҳишҳои фарзандаш ҳамчун падар дуруст буд? Ба ғайр аз маблағ ба мерос боз чӣ боқӣ гузошт? Чихел ва барои чӣ бояд дар ин дунё зиндагӣ кард?
Бозигарон
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳунармандон Қурбон Собир, Таҳмина Раҷабова (Сайёра), Дилбар Сулаймонова, Тағоймурод Розиқов, Нурулло Ҳақназаров, Хуршед Мустафоев, Умар Алиев офарандагони нақшҳои асосии филм мебошанд.
Омилони филм
[вироиш | вироиши манбаъ]Бино ба иттилои директори филм Осими Орифпур филм асосан дар шаҳри Хуҷанд сабт шуда, чанд саҳнаи он дар деҳаи Угуки ноҳияи Деваштич ба навор гирифта шудаанд. Сабти филм наздики ду моҳ тӯл кашида, 5 моҳ танзим, садогузорӣ, оҳангсозӣ шудааст. Ба сабти филм мутахассисони баландихтисоси соҳаи синамо — Дилошӯб Орифзода, Зайниддин Каримов, Даврон Восидӣ, Абдуазиз Абдураҳмонов, Қобилҷон Шарипов, Темур Султонов, Абдусафо Қосимов, Кароматулло Норов, Суҳроб Муллошоев, Сарвар Ҳабибов, Баҳодур Тошматов, Анушервон Тилабов, Султонҷон Усмонов ва дигарон ҷалб шуданд[1].
Буҷети филм
[вироиш | вироиши манбаъ]Буҷети филм 350 ҳазор сомониро ташкил медиҳад[4].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Сурайё Ҳакимова. Нахустнамоиши “Сайёра ранг иваз мекунад”(тоҷ.). www.hakikati-sugd.tj. Ҳақиқати Суғд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 сентябри 2019.
- ↑ Аз шаҳри як бинандаи филм, Шарифҷон Тоҷибоев дар Фейсбук
- ↑ Трейлери расмии "Сайёра ранг иваз мекунад" | Сайти расмии Киностудии "Суғдсинамо"(тоҷ.). sughdcinema.com. 19 июли 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 октябри 2020.
- ↑ «Суғдсинамо»: Чанд монеае, ки ба рушди кино халал мерасонад(тоҷ.). sughdcinema.com. Сайти расмии Киностудияи "Суғдсинамо". 20 июли 2018 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)