Муҳиддин Олимпур

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Муҳиддин Олимпур
Навъи фаъолият:

журналист, аккос

Санаи таваллуд:

2 март 1945(1945-03-02)

Зодгоҳ:

деҳаи Шамтуч, Айнӣ, вилояти Ленинобод

Шаҳрвандӣ:

 Тоҷикистон

Санаи марг:

13 декабр 1995(1995-12-13) (50 сол)

Маҳалли марг:

Душанбе, Тоҷикистон

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ

Муҳиддин Олимпур (2 марти 1945, Шамтуч, Айнӣ, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон13 декабри 1995, Душанбе, Тоҷикистон) — журналист, аккоси маъруфи тоҷик.

Зиндагинома[вироиш]

Муҳиддин Олимпур 2 марти соли 1946 дар деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд ба дунё омадааст. Дар солҳои гуногун дар нашрияҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат (1983)», ҳамзамон ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон, мудири бахш дар оҷонси давлатии иттилоотии ТоҷикТА (имрӯза "Ховар")(1970-1979)  ва сар аз соли 1990 то замони кушта шудан ба ҳайси мудири бахши душанбегии радиои ВВС фаъолият кардааст. Муаллифи силсилаи барномаҳои радио ва телевизионӣ ва ду китоб, барандаи Ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ мебошад[1].

Куштор[вироиш]

Муҳиддин Олимпур 13 декабри соли 1995 дар шаҳри Душанбе аз тарафи афроди мусаллаҳ ба қатл расид[2].

Қотилон[вироиш]

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 сокинони шаҳри Ваҳдат Адҳам Тоиров ва Назрибек Давлатовро ба қатли Муҳиддин Олимпур гунаҳкор дониста, аз озодӣ маҳрум карда буд. Вобаста ба ҳамин ҷиноят соли 2007 шаҳрванди дигари Тоҷикистон Аслам Усмонов ба мӯҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Насрулло Шарифов баъди куштори Олимпур ба Русия фирор карда буд. Мақомоти муҳофизи қонуни Русия ӯро дар шаҳри Санкт- Петербург барои талаю тороҷ ба мӯҳлати 7 сол ҳабс карда буданд. Баъдан мувофиқи дархости Прокуратураи генералии Тоҷикистон Насрулло Шарифов ба мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ супорида, равонаи зиндон шуд[3].

Эҷодиёт[вироиш]

  • Хочу быть фотографом : [Для сред. и ст. шк. возраста] / Мухиддин Олимпур. — Душанбе: Адиб, 1989. — 91 с.

Эзоҳ[вироиш]

  1. Ёде аз Муҳиддин Олимпур // «Фараж» — 9 марти 2013
  2. Нигоҳи дигар аз чашмаки дурбини Муҳиддин Олимпур // Радиои Аврупои Озод / Радиои Озодӣ — 13 декабри 2012
  3. Оғози намоишгоҳи аксҳои Муҳиддин Олимпур дар Душанбе // «Навид.tj» — 13 декабри 2012

Сарчашма[вироиш]