Савригул Қурбонова
Намуди зоҳирӣ
Савригул Қурбонова | |
|---|---|
| Қурбонова Савригул Қаландаровна | |
| Ном ба ҳангоми таваллуд: | Селбӣ Қурбонова |
| Таърихи таваллуд: | 12 апрели 1961 (65 сол) |
| Зодгоҳ: | Норак |
| Шаҳрвандӣ: |
|
| Касб: | раққоса, ҳунарпешаи синамо |
| Ҷоизаҳо: | Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990) |
| IMDb: | ID 3868746 |
Савригул Қурбонова (Қурбонова Савригул Қаландаровна; 12 апрели 1961, Норак, ҶШС Тоҷикистон) — раққоса ва ҳунарпешаи синамои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода (1988).
- Солҳои 1978—1981 раққосаи Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (пештар Кумитаи телевизион ва радиои назди Совети вазирони ҶШС Тоҷикистон[1].
- 1981—1985 — раққосаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон.
- 1985—2000 — сарбалетмейстери Ансамбли «Лола».
- 2000—2003 — роҳбари бадеии ансамбли «Сомон» кор кардааст.
Савригул Қурбонова дорои эҳсоси баланди дарки мусиқӣ ва маҳорати олии санъати рақсӣ буда, ҷиҳатҳои нозуки рақси миллии тоҷикиро ба воситаи иҷрои ҳаракатҳои мавзун дар рақс ифода мекард.
Синамо
[вироиш | вироиши манбаъ]Савригул Қурбонова аз 15 солагӣ дар филмҳо нақш офаридааст. Дар филмҳои «Агар дӯст дорӣ…», «Хоҷа Насриддин», «Муҷассамаи ишқ», «Худкуш», «Бигзор ҳамаи ин хоб бошад» ва дар студияи «Ленфилм» чанд нақши марказиро бозидааст[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Национальные артисты балета. 24 августи 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 феврали 2015.
- ↑ Раҳимаи Аъзам. МАРО БО НОМИ САНАМ МЕШИНОСАНД…. www.bonuvon.tj. Бонувони Тоҷикистон (18 марти 2013). 3 Декабри 2019 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.