Намадбофӣ
Намадбофӣ ё Намадмолӣ — аз ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик буда, он бештар дар қисмати деҳоти Тоҷикистон рушд ёфтааст ва онро намадмолӣ низ мегӯянд. Намад як навъи гилем ё палоси хона буда, барои истифода дар рӯи фарш тайёр карда мешавад. Намад хеле палоси гарм ва мулоим буда, ба болои он кӯрпача партофтан ҳоҷат надорад. Намад ғафс, сабук ва бисёр гарм аст, ки дар фасли сармои кӯҳистон истифодаи он хеле роҳат дорад. Намадро бештар дар минтақаҳое, ки чорвои хурд парвариш мекунанд, мемоланд.
Тарзи истеҳсолот
[вироиш | вироиши манбаъ]Намадро аз пашми чорвои хурд (буз, гӯсфанд, бузи ангорӣ ва ғайра) тайёр мекунанд. Пашми аз чорвои хурд тарошидаро мешӯянд, баъди хушк шудан онро ғоз медиҳанд. Сипас, қисми барои гулпартоӣ заруриро ранг мекунанд. Дар болои қанор ё чодар пашмро паҳн карда, вобаста ба тахайюлот бо пашмҳои рангшуда оро медиҳанд. Баъди ородиҳӣ ба болои пашм оби ҷӯш рехта, чодар ё қанорро эҳтиёткорона тоб дода ҷамъ мекунанд. Ҷамъ кардани қанор кори душвор буда, онро асосан мардҳо ба анҷом мерасонанд. Баъди ҳар дафъа тоб додан бо оринҷ онро зер ва ҳамвор мекунанд. Ҳангоми тоб додани қанори пашмдор ҳар дафъа ба болои он оби ҷӯш мерезанд. Дар охир намади ҷамъшударо бо пой зер карда, обашро меравонанд. Рӯзи дигар қанори ҷамъкардашударо ҳамвор мекунанд ва намад тайёр мешавад. Намад бо дастгоҳ низ бофта мешавад. Дар ин ҳолат аз ин матоъ чакман, ҷелак, беостин ва дигар намудҳои либос дӯхта мешавад. Пашми гӯсфанд ресида шуда, ба дукҳои майда ҷудо гардида, барои матоъбофӣ омода мегардад. Дар бофтану ранг кардани матоъ ягон маводи кимиёвӣ ва сунъӣ истифода намешавад.
Ин навъи намадбофӣ дар Бадахшон ва деҳоти Айнӣ (Фалғар) хеле маъмул буд. Бисёр сокинони он афсӯс мехӯранд, ки ин намуди ҳунари мардумӣ қариб ба фаромӯшӣ рафтааст. Новобаста аз ин оилаҳои намадбофе ҳастанд, ки то ҳол ин намуди ҳунармандии гузаштагонро пос медоранд, бинобар бо шуғли намадбофӣ машғуланд. Сокини шаҳри Хоруғ Гулдасти Меҳровар аз ҳунармандоне мебошад, ки бо касби намадбофӣ машғул аст. Дар баъзе минтақаҳои Бадахшон оилаҳое мавҷуданд, ки асбоби намадбофии онҳо таърихи зиёда аз 300-сола дорад. Намадбофии бадахшонӣ асосан дар фасли зимистон амалӣ мегардад. Зеро мардум аз кори саҳро фориғ мешаванд. Аз матоъи намад дар арафаи тӯй ба домод либосҳои шаҳмард тайёр карда мешавад. Дар замони ҳозира талабот ба либосҳои намадин афзуда истодааст.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Намадбофӣ. 13 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 феврали 2017.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |