Ӯзбекистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ӯзбакистон)
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи


Ӯзбекистон
ӯзбекӣ: O‘zbekiston Respublikasi
Ўзбекистон Республикаси
Парчам Нишон
Uzbekistan on the globe (Eurasia centered).svg
Шиор: «Kuch adolatdadir! (Куч ба адолат!)»
Суруди миллӣ: «O`zbekiston Respublikasi Davlat Madhiyasi» (About this sound слушать )
Рӯзи истиқлолият (аз Иттиҳоди Шӯравӣ,
31 августи соли 1991)
Забони расмӣ ӯзбекӣ
Пойтахт Тошканд
Шаҳри калонтарин Тошканд, Самарқанд, Намангон, Андиҷон, Бухоро, Нукус, Фарғона, Қаршӣ
Идораи давлат Ҷумҳурӣ
Президент Шавкат Мирзиёев
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
56-ум ҷой дар ҷaҳон
447,400 км²
4.9 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2017)
  • Зичӣ
41-ум ҷой дар ҷaҳон
32,121,000
70,3 нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ (2016)
  • Ба сари аҳолӣ
64-ум ҷой дар ҷaҳон
$198,823 миллиард $
$6343 $
Пули миллӣ сўм
Интернет-Домен .uz
Коди телефон +998
Соат UTC +5

Ҷумҳурии Ӯзбекистон (ӯзбекӣ: O'zbekiston Respublikasi / Ўзбекистон Республикаси) — кишваре дар Осиёи Миёна аст. Дар шарқ бо Қирғизистон, дар шимоли-шарқ, шимол ва шимоли-ғарб бо Қазоқистон, дар ҷануби-ғарб ва ҷануб бо Туркманистон, дар ҷануб бо Афғонистон ва дар ҷануби-шарқ бо Тоҷикистон ҳамсарҳадӣ мекунад. Пойтахт ва калонтарин шаҳри кишвар — Тошканд (аҳолиаш 2 миллион 300 ҳазор мардум). Дигар калонтарин шаҳрҳо: Самарқанд, Намангон, Андиҷон, Бухоро, Нукус, Фарғона, Қаршӣ.

Дар Ӯзбекистон аз 32 миллион зиёдтар мардум зиндагони мекунад (2017). Забони давлатии ва расмии кишвар — ӯзбекӣ. Забони русӣ дар кишвар ҳамчунин истифода мешавад.

Таърих

Мақолаи асосӣ: Таърихи Ӯзбекистон


Дар садаи даҳуми милодӣ, сарзамини кунунии Ӯзбекистон, ҷузъе аз қаламрави Сомониён буд. Пас аз Сомониён, Ӯзбекистон ба тартиб, таҳти ҳукумати Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён, муғулҳо, Темуриён ва хонҳои ӯзбек буда аст. Дар садаи 19 милоди ғарб ва шимоли Ӯзбекистон зери итоати хонигарии Хева ва ҷануби Ӯзбакистон зери салтанати аморати Бухоро буд. Хонигарии Хева дар соли 1877 зери султаи Русия даромад.

Сиёсату ҳукумат

Бахшбандии кишварӣ

Мақолаи асосӣ: Вилоятҳои Ӯзбекистон

Ӯзбекистон иборат аз 12 вилоят, 1 ҷумҳурии мухтор ва як шаҳри асоси дорад.

Uzbekistan provinces numbered.svg
  1. Шаҳри Тошканд (1)
  2. Вилояти Андиҷон (2)
  3. Вилояти Бухоро (3)
  4. Вилояти Фарғона (4)
  5. Вилояти Ҷиззах (5)
  6. Вилояти Xоразм (13)
  7. Вилояти Намангон (6)
  8. Вилояти Навоӣ (7)
  9. Вилояти Қашқадарё (8)
  10. Вилояти Самарқанд (9)
  11. Вилояти Сирдарё (10)
  12. Вилояти Сурхондарё (11)
  13. Вилояти Тошканд (12)
  14. Ҷумҳурии Қарақалпоқистон (14)
Калонтарин шаҳрҳои Ӯзбекистон (аҳолӣ беш аз 100 000)
Шаҳр Аҳолӣ
1.07.2001[1]
Аҳолӣ
1.01.2014[2]
Тошканд 2 137,2 2 352,9
Самарқанд 361,3 509,0
Намангон 391,3 475,7
Андиҷон 338,4 403,9
Нукус 212,0 295,2
Бухоро 237,4 272,5
Фарғона 183,0 264,9
Қаршӣ 204,7 254,6
Қӯқанд 197,5 233,5
Марғилон 149,6 215,4
Ангрен 128,8 175,4
Ҷиззах 131,5 163,2
Чирчиқ 141,7 149,4
Урганч 138,6 137,3
Термиз 116,5 136,2
Навоӣ 138,1 134,1
Олмалиқ 113,1 121,1
Хӯҷайлӣ н.д. 104,5
Деҳнав н.д. 104,4
Бекобод н.д. 101,2
Шаҳрисабз н.д. 100,3

Ҷуғрофия

Иқтисодёт

Аҳолӣ

Аҳолии Ӯзбекистон 32 миллион 121 ҳазор мардум аст (дар соли 2017). 51 % мардум дар шаҳрҳо зиндагони мекунанд.

Дар таркибӣ миллии кишвар, 82 % (аз 25 миллион зиёдтар мардуми кишвар) — ӯзбекон, 5 % (аз 1,5 миллион зиёдтар) — тоҷикон, 3 % (аз 900 ҳазор зиёдтар) — қазоқон, 2 % (аз 800 ҳазор зиёдтар) — русҳо. Ҳамчунин, дар кишвар қорақалпоқҳо (аз 500 ҳазор зиёдтар), татарҳо (аз 300 ҳазор зиёдтар), қирғизҳо, корейсҳо, туркманҳо, украинҳо, арманиҳо, озарбойҷонҳо, форсҳо (эрониён), уйғурҳо, белорусҳо, яҳудиён (асосан яҳудиёнӣ бухорӣ), олмонҳо, лӯлиҳо, арабони Осиёи Миёна зиндагони мекунанд.

Идҳои давлатии кишвар

Рӯз Ном ба зобони ӯзбекӣ Ном баз забони тоҷикӣ
1 январ Yangi yil bayrami Соли нави мелодӣ
14 январ Vatan himoyachilari kuni Рӯзи нигоҳдорандаҳои Ватан
8 март Xalqaro xotin-qizlar kuni Рӯзи байналхалқии занон
21 март Navroʻz Наврӯз
9 май Xotira va qadrlash kuni Рӯзи хотира ва иззат
1 сентябр Mustaqillik kuni Рӯзи Истиқлолият
1 октябр Oʻqituvchilar va murabbiylar kuni Рӯзи устозон ва мураббиён
8 декабр Konstitutsiya kuni Рӯзи Конститутсия
- Ramazon Hayit Иди Рамазон
- Qurbon Hayit Иди Қурбон

Фарҳанг

Ба зудӣ шарҳ навишта мешавад.

Манбаъ



 
Созмони ҳамкории Шанхай
СҲШ.jpg
Қазоқистон  | Қирғизистон  | ҶХЧ  | Русия  | Тоҷикистон  | Ӯзбакистон
Кишварҳо-мушоҳидачиён: Ҳиндустон | Эрон | Муғулистон | Покистон


 
Иттиҳоди иқтисодии Евразия
Қазоқистон  | Қирғизистон  | Беларус | Русия  | Тоҷикистон |  Ӯзбакистон |
Кишварҳо-мушоҳидачиён: Арманистон | Молдова | Украина


 
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (8 декабри 1991)
Flag of the CIS.svg
Арманистон | Белорусия | Қазоқистон | Қирғизистон | Молдова | Озорбойҷон | Русия | Тоҷикистон | Ӯзбакистон
Кишвари-мушоҳидачӣ: Туркманистон
Собиқ-кишварҳои аъзо: Гурҷистон (3 декабри 199318 августи 2009) • Украина (10 декабри 199418 декабри 2014
  1. Demographic Yearbook 2013. Population of capital cities and cities of 100 000 or more inhabitants: latest available year, 1999—2013
  2. Статистический буклет «О населении языком цифр»