Намоз Ҳотамов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Намоз Ҳотамов
Намоз Босарович Ҳотамов
Намоз Ҳотамов
Намоз Ҳотамов
Таърихи таваллуд: 1 сентябр 1946(1946-09-01) (76 сол)
Зодгоҳ: вилояти Бухоро, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС
Кишвар:  Тоҷикистон
Фазои илмӣ: таърих
Ҷойҳои кор: Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ: профессор
Алма-матер: Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин
Ҷоизаҳо: медали «Барои шуҷоати ҳарбӣ. Ба муносибати 100-солагии зодрӯзи В.И. Ленин», нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон (2003)
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор
профессор Намоз Ҳотамов

Намоз Ҳотамоволим, муаррих, доктори илмҳои таърих (1991), профессор. Аълочии маорифи Тоҷикистон (2003).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Намоз Ҳотамов, зодаи деҳаи Шоботии ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро. Соли 1962 мактаби миёнаи тоҷикиро хатм намудааст. Соли 1967 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Соли 1971 баъд аз хатми аспирантураи ДДТ ба кори омӯзгории кафедраи таърихи Иттиҳоди Шӯравии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон даъват карда шуд. Солҳои 1971 - 1980 ба сифати ассистент, устоди калон ва дотсент дар кафедра фаъолият намуд. Аз соли 1980 ба сифати ходими калони илмӣ ба Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои ҶТ ба кор гузашт ва то соли 1995 ба сифати ходими калони илмӣ ва сарходими шуъбаи таърихи навини пажуҳишгоҳ фаъолият намудааст. Аз соли 1991 дар вазифаи профессор сипас, солҳои 20012013 ба ҳайси мудири кафедраи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ва алҳол ҳамчун профессори фаъолияти омӯзгориашро давом медиҳад. Намоз Ҳотамов аъзои Шӯрои ҳимояи рисолаҳои доктории назди Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба номи А. Дониши Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, сарвари гурӯҳи коршиносони назди Вазорати Маорифи Ҷумҳурӣ оид ба китобҳои дарсӣ барои мактабҳои миёна аз фанни «таърих»; аъзои шӯърои миллии таҳсилоти назди Вазорати Маориф ва эксперти ВАК-и Федератсияи Русия мебошад.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1974 рисолаи номзадӣ ва соли 1991 рисолаи докториро дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 250 асару мақолаҳо, аз ҷумла 3 китоби дарсӣ, 9 монография ва муаллифи бобҳои ҷилди 4,5,6 китоби "Таърихи халқи тоҷик"-и (русӣ История таджикского народа, 6 томов. Душанбе,1998 - 2011) Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои ҶТ мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ як нафар рисолаи докторӣ, се нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд. Дар конфронсу симпозиумҳои донишкадавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Инъикоси инқилоби халқии шўравии Бухоро дар асарҳои Садриддин Айнӣ – Душанбе, 1980;
  2. Мавқеи сармояи бонкӣ дар инкишофи иҷтимоиёт ва иқтисодиёти Осиёи Миёна (аз солҳои 90 - уми асри Х1Х то соли 1917). – Душанбе, 1990 (бо забони русӣ);
  3. Сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар Бухоро – Душанбе, 1997 (бо забони русӣ);
  4. Ҷадидони Бухоро ва давраҳои асосии фаъолияти онҳо – Душанбе, 2000 (бо забони русӣ);
  5. Таърихи халқи тоҷик (аз солҳои 60-уми асри XIX то соли 1924). Китоби дарсӣ барои донишҷўён – Душанбе, 2001, 2007;
  6. Аз таърихи бонкҳо ва соҳибкорӣ дар Осиёи Марказӣ – Душанбе, 2002 (бо ҳаммуалифӣ, бо забони русӣ);
  7. Аз таърихи аввалин корхонаҳои саноатӣ дар Осиёи Миёна – Душанбе, 2005 (бо забони русӣ);
  8. Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ барои синфҳои 9 – и мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ – Душанбе, 2005, 2013, 2015;
  9. Дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1991 – 2006. – Душанбе, 2008 (бо забони русӣ);
  10. Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ барои макотиби олӣ. – Душанбе, 2011, 2015 (ҳаммуаллифи китоб ҳамроҳи Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М.);
  11. Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва азнавбарқароркунии баъдиҷангӣ (Солҳои 1941 - 1950) - Душанбе, 2010;
  12. Таърихи бонкҳо ва соҳибкорӣ дар Осиёи Миёна (аз солҳои 60-уми асри XIX – соли 1917) – Душанбе, 2014 (бо забони русӣ).

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]