Jump to content

Насими Исфара

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
«Насими Исфара» аз саҳифаҳои таърих.
Навъ рӯзномаи ноҳиявӣ

Сармуҳаррир Абдумуталиб Шарифов
Асосгузорӣ 1932
Забон тоҷикӣ
Дафтари марказӣ Исфара

Насими Исфара («Коммунисти Исфара» 19321991) — рӯзномаи ноҳиявӣ. 24 апрели соли 1932 таъсис ёфтааст. Нахустин ташкилотчи ва мухаррири масъули «НИ» Ибниямин Асомиддинов буд. Аввал теъдоди нашр 200 нусхаро ташкил медоду дар хачми як сахифа чоп мешуд. Сонитар хачми рузнома 2 сахифа ва теъдодаш зиёд гашт. Омузгорон С. Тошев, Н. Шарифзода, А. Умаров, ҳамчунин Ш. Нурматов, О. Устобоев, Б. Исоев, А. Атохонов, А. Чалолов ва дигарон аввалин мухбирони рузнома буданд. Аз таърихи 10 сентябри соли 1991 бо номи «НИ» чоп мешавад.

Дар солҳои мухталиф инхо муҳаррирони рузнома буданд: Ибниямин Асомиддинов (1932—1934), Сайфиддин Абдуллоев (1937—1938), Абубакр Атохонов (1938—1946), Турахуча Иброхимов (1946—1949), Ганичон Муллоев (1950—1975), Нозимчон Бобоев (1975—1980), Лумониддин Камолиддинов (1980—1982), Мавлониддин Пулодов (1982—1992), Судуриддин Махкамов (1992—2015) аз соли 2015 Абдумуталиб Шарифов.

«НИ» баробари вазифаҳои наздаш истода, ки равнаки корҳои тарбияви, таргибу ташвик, гани гардонидани маънавиёти мардум аст, як зумра шогирдонеро ба камол расонид, ки дар ҷумҳури ва берун аз он бо пайи калами худ шуҳратёр гардиданд. Лутфи Саид, Абдусалом Атобоев, Шафкат Саид, Ибодулло Файзуллоев, Насрулло Абдуллоев, Бобо Расулзода, Мухибиллохи Курбон, Бобочон Икромов, Додохони Эгамзод, Саъдуллохи Мусо, Муким Абдурахмонов ва Абдусамеъ аз ин ҷумлаанд.

Як гурӯҳ журналистони болаёкат, аз кабили Ортикбой Курбонов, Хошимчон Бобочонов, Абдумачид Тулаков, Григорий Константинович Теличкан, Абдухамид Ваххобов, Нусратулло Неъматов, Мухаммадчон Ибромов, Бобочон Атобеков, Болтахуча Саидшоев дар бобати байни хонанда мавкеи устувор пайдо кардани «НИ», бой гардидани мазмуну мундаричаи он сахми босазо гузоштаанд. Аксари шахсони номбурда муаллифони як силсила китобхо буда, бо пайки калами худ шуҳрат ёфтаанд. Баробари зиёд шудани тачрибаю малака ва афзудани шумораи муштариён «НИ» мухбирони ҷамоъатии зиёдеро гирди худ ҷамъ овард. Хайати эчоди баҳри пайваста бо такозои айём кадам задан, ба дили хонанда рох ёфтан кушиш менамояд ва дар ин бобат ба комёбиҳои назаррас ноил мешаванд. Чанд карат голиб омадани рузнома дар озмунҳои вилоятию ҷумҳурияви далели ин гуфтахост.

Сахми "НИ"чун солноманависи таърихи диёр дар пешбурди иктисодиёти ичтимоиёт, фарҳанг, ташаккулёбии ҳисси ватандусти ва ифтихори милли, муътадилсозии вазъи чомеаву тарбияи маънавии шаҳрвандон басо калон аст. «НИ» холо чузъи чудонашавандаи хар як сокини Исфара буда, онҳо ҳаёти харрузаи худро бе рузномаи дустдоштаашон тасаввур карда наметавонанд. Сомонаи интернетии рӯзномаи «Насими Исфара»: nasimisfara.info

Инҷоро ҳам нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи